18.9 C
Dushanbe

“Алҷазира”-и Қатар Тоҷикистонро реклама мекунад?

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд мавзеъҳои сайёҳатии кишварро аз тариқи шабакаи “Алҷазира”-и Қатар “реклама” кунанд.

Бино ба иттилои расмӣ, 9-уми июли соли 2024, Нурмурод Маҳмадалӣ, сафири фавқулъода ва мухтори Тоҷикистон дар давлати Қатар бо Аҳмад бин Солим ал-Ёфиъӣ, директори иҷроияи шабакаи иттилоотии “Алҷазира” дар шаҳри Давҳа мулоқот кардааст.

Ба қавли манбаъ, дар рафти ин мулоқот ҷонибҳо дар бораи “таърих, урфу одатҳои миллӣ, унсурҳои таҳаммулпазири қадимаи халқи тоҷик, фазо ва низоми сармоягузорию имкониятҳои нодири сайёҳии Тоҷикистон маълумоти муфассал ироа намуд ва дар ин замина инъикоси мавзеъҳои нодири сайёҳии Тоҷикистон дар ин шабакаи ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд.”

Гуфта мешавад, Тоҷикистон дар чанд соли ахир барои ҷалби сайёҳони кишварҳои арабӣ ва бахусус кишварҳои ҳошияи Халиҷи Форс талошҳои зиёде кардааст. Инчунин ба хотири тарғиби сайёҳони кишварҳои арабӣ барои ба Тоҷикистон омада, ба сурати яктарафа гирифтани раводидро низ барои шаҳрвандони кишварҳои ҳошияи Халиҷи Форс нахуст сода, тариқи электронӣ ва сипас барои бархе аз онҳо онро бекор кардааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Бонки Осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ аз  маблағгузориҳояш дар Тоҷикистон ҳисобот гирифт 

Ҳоким Холиқзода, муовини якуми сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндаи Бонки Осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ дар Вашингтон мулоқот кард.

“Гурӯҳи 24” иттиҳомоти мақомоти Русияро сохта номид

Ҳаракати сиёсии "Гурӯҳи 24" пешниҳоди додситони вилояти Ивановоро дар бораи "ифротгаро" донистани ин созмон дар ҳудуди Русия "сохта" номид.

Баррасии гузориши Тоҷикистон дар Кумитаи зидди шиканҷаи СММ

Дар Кумитаи зидди шиканҷаи СММ дар Женева гузориши Тоҷикистон оид ба иҷрои муқаррароти Конвенсияи зидди шиканҷа баррасӣ шуд.

Афзоиши қурбониён дар пайи ҳамлаҳои мусаллаҳона ба мактабҳои миёнаи Туркия

Рӯзҳои 14–15 апрел дар ду муассисаи таълимӣ дар Туркия ҳамлаҳои мусаллаҳона сурат гирифт, ки дастикам 4 нафар кушта ва 36 тани дигар захмӣ шуданд.