Аломатгузории марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар вилояти Суғд пурра анҷом ёфт

Мақомоти вилояти Суғд мегӯянд, корҳои таъйин ва аломатгузории марзи давлатии Тоҷикистон бо Қирғизистон дар ҳудуди ин вилоят пурра ба анҷом расидааст.

Ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, дар маросими анҷоми корҳои аломатгузорӣ Раҷаб Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, ҳамроҳ бо намояндагони Нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Вазорати мудофиаи Тоҷикистон иштирок кардааст.

Корҳои таъйин ва аломатгузории марз пас аз он анҷом ёфтанд, ки моҳи марти соли 2025 раҳбарони Тоҷикистону Қирғизистон Созишнома дар бораи марзи давлатии ду кишварро ба имзо расонданд. Бо ин созиш, баҳси чандинсолаи марзӣ, ки тайи даҳсолаҳо ҳал нашуда буд, расман ба поён расид.

Ҳарчанд мақомоти Тоҷикистон ҷузъиёти созишномаро пурра нашр накардаанд, бархе масъулони Қирғизистон пештар гуфта буданд, ки ҷонибҳо дар доираи созиш ба мубодилаи қисме аз роҳҳо ва чанд маҳалли аҳолинишин мувофиқат кардаанд.

Дарозии умумии марзи Тоҷикистону Қирғизистон 1006 километрро ташкил медиҳад. То имзои созишнома қисми зиёди ин марз баҳсӣ маҳсуб мешуд ва дар тӯли солҳои охир борҳо ба даргириҳои мусаллаҳона миёни сокинон ва нерӯҳои марзбонии ду кишвар сабаб гардида буд.

Ёдовар мешавем,ки Охирин муноқишаи  марзӣ моҳи сентябри соли 2022 рух дод, ки дар натиҷаи он аз ҳар ду ҷониб даҳҳо нафар кушта ва захмӣ шуданд. Тибқи маълумоти расмӣ, танҳо аз ҷониби Тоҷикистон беш аз 250 нафар кушта ва ё захмӣ гардида буданд.

Музокироти ниҳоӣ оид ба ҳалли баҳсҳои марзӣ моҳи декабри соли 2024 дар шаҳри Бодканди Қирғизистон баргузор шуда, баъд аз он роҳбарони ҳайатҳои музокиракунанда эълон карданд, ки тамоми масъалаҳои баҳсӣ миёни ду кишвар ҳал шудаанд.

Дар доираи созиш, ҷонибҳо инчунин тақрибан 190 гектар заминро аз ҳар тараф бо ҳам мубодила карданд.

Ба иттилои мақомоти Қирғизистон, пас аз ҳалли баҳси марзӣ дар қаламрави ин кишвар 143 километр роҳҳои мошингард сохта шуда, дар беш аз 107 километр марз сутунҳои бетонӣ, симҳои хордор, деворҳои муҳофизатӣ ва дигар инфрасохтори марзӣ насб шудааст.

Мақомот умедворанд, ки анҷоми пурраи аломатгузории марз барои таҳкими амният, густариши ҳамкориҳои дуҷониба ва пешгирии муноқишаҳои оянда дар минтақаҳои наздисарҳадӣ замина фароҳам меорад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Эмомалӣ Раҳмон дар Бишкек: аз мулоқот бо Пизишкиён то гуфтугӯ бо намояндагони ИМА

Раиcҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ ба Бишкек рафт.

Барои надоштани костюми хокистарранг хонандагонро аз дарси “Сулҳ” ронданд

Навори падаре, ки мегӯяд фарзандашро барои надоштани костюм ва...

Оғози ҳамлаҳои нав байни Амрико ва Эрон

Таниш миёни ИМА ва Эрон дубора авҷ гирифт. Нерӯҳои Амрико ду партобгари мушакии Сипоҳи посдорони Инқилоби исломиро дар ҷазираи Лорак ҳадаф қарор доданд.

Роғун: Сохтмон ё кӯлоҳбардории аср ва ояндаи норӯшани он

НОБ-и Роғун, бузургтарин сохтмони таърихи кишвар, ки аз худи...