26.9 C
Dushanbe

Ҳамалаи паҳподҳо ба Русия ва қатъи фаъолияти фурӯдгоҳҳои Москав

Шаби гузашта дар манотиқи мухталифи Русия ҳамлаи густардаи паҳподҳои укроинӣ сурат гирифта аст.

Тавре Вазорати дифои Русия хабар медиҳад, шаби гузашта нерӯҳои мусаллаҳи Украина (БСУ) 144 ҳавопаймои бесарнишинро ба ҷониби Русия партоб карданд, ки аз ҳама бештар вилояти Брянск вариди ҳамлаи онҳо қарор гирифт.

Дар ин ҳамла ҳамчунин аз бесарнишинҳои монанди ҳавопаймои хурд истифода шуда, ки қодиранд то даҳҳо килограм маводи таркандаро дар худ ҷой диҳанд ва масофаи зиёдеро тай кунанд.  

“20 паҳпод дар ҳудуди вилояти Маскав, 14 паҳпод дар осомни вилояти Курск, 13 паҳпод дар вилояти Тула, 8 паҳпод дар ҳудуди вилояти Белгород ва ҳафто дар осмони вилояти Калуга аз сӯи низоми дифои ҳавоии Русия нобуд карда шуданд. Ҳамчунин панҷ паҳподи нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар қаламрави вилояти Воронеж, чаҳорто дар Липецк ва якто дар ҳудуди вилояти Орёл сарнагун карда шуд”, – хабар дода Вазорати дифои Русия.

Вазорати дифоъ гуфта, ки 144 паҳподро сарнагун карда аст, аммо ББС хабар медиҳад, ки дар пайи бархурди яке аз поҳбодҳо ба бинои баландошёнае дар ноҳяи Раменское наздикии Маскав як зан кушта шудааст. Ҳамчунин аз бархурди чанд паҳпод ба хонаҳои баланошёна дар дигар минтақаҳо хабарҳо мерасад, аммо ҷониби Русия расман ин ҳодисаҳоро тасдиқ накарда аст. 

Бар асари ҳамлаи паҳподҳо аз шаб то субҳи 10-уми сентябр се фурӯдгоҳи Маскав – Внуково, Домодедово ва Жуковский аз кор таътил шуда, тамоми парвозҳо муваққатан қатъ шуданд. 

Шаҳрдори Маскав Сергей Собянин изҳор дошт, ки дар наздикии фурӯдгоҳи Жуковский бар асраи афтидани боқимондаҳои паҳподи сарнагуншуда сӯхтори рух дод, ки оқибатҳои он бартараф мешаванд. Аммо дар шабакаи Telegram ҳамзамон навореро нашр карданд, ки дар он сарзадани сӯхтор дар фурӯдгоҳи Жуковскийро пас аз ҳамлаи паҳподҳо нишон медиҳад.

Ҷониби Украина то ҳол ҳамали паҳподии шаби 10-уми сентябр ба қаламрави Русияро шарҳ надодааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Мулоқоти Раҳмонов ва Пизишкиён дар Озарбойҷон

Раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Эрон Масъуди Пизишкиён мулоқот кард.

Гармои шадид дар Тоҷикистон сокинонро нигарон кардааст

Рӯзҳои ахир шиддати гармои тобистонӣ дар Тоҷикистон аксари сокинонро нигарон кардааст.

Имомуддин Сатторов сафири Тоҷикистон дар Лаҳистон шуд

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон ва Лаҳистон Имомуддин Сатторов эътимодномаи худро ба Президенти Лаҳистон Анджей Дуда супорид.

Толибонро аввалин кишвари дунё расман эътироф кард

Пас аз чор соли ба сари қудрат расидани Толибон дар Афғонистон Русия аввалин кишваре шуд, ки ҳукумати сарпарастро ба расмият шинохт.