24.9 C
Dushanbe

Ҳамкориҳои низомии Амрикову Тоҷикистон

Мақомоти низомии Гвардияи миллии Вирҷинияи Амрико ба сарбозони Гвардияи миллии Тоҷикистон омӯзиши низомӣ медиҳанд.

Бино ба гузориши сомонаи CITADEL моҳи майи соли ҷорӣ мутахасисони Горди миллии Вирҷиния дар дараи Ромити Тоҷикистон омӯзиши ҷангӣ дар шароити кӯҳӣ бо сарбозони гурдони “Посдорони сулҳ”-и Вазоратӣ дифои Тоҷикистон анҷом доданд. 

Гуфта мешавад, дар се соли ахир ин бори сеюм аст, ки ҳамкорҳои Амрикову Тоҷикистон дар бораи омӯзиши маҳоратҳои ҷангӣ дар шароити кӯҳӣ баргузор мешавад.

Ба гуфтаи ташаббускорон, ин тамринот барои ҳалли ҷолишҳои амалиёт дар шороити душвари кӯҳӣ, омӯзиши маҳоратҳои нав дар ҷуғрофиёи ноҳамвори Тоҷикистон равона шудааст.

Пеш аз ин Гвардияи миллии Вирҷиния низ дар моҳи марти ҳамин сол бо сарбозони гурдони “Посдори сулҳ”-и Вазорати дифои Тоҷикистон табодули тактикии пиёдагард анҷом дода буд.

“Омӯзиши як ҳафтаина аз машқҳои пуршиддат дар мавриди тактикҳои гуногуни пиёдагардон иборат буд, ки ба ҳарду қувва имкон дод таҷрибаро мубодила кунанд ва омодагии амалиётии худро беҳтар созанд.”- омадааст дар ин гузориш.

Летинант Андрев Сейттер гуфтааст, “Дар маҷмуъ, мубодила бо ҳамкории зиёд бо шарикони тоҷикистонии мо бо муваффақият гузашт.”

Ёдовар мешавем, ки Амрико ва Тоҷикистон аз соли 2003 дар чорчӯби “Барномаи шарикии давлатӣ”, ки аз ҷониби Вазорати дифои ИМА дар соли 1993 барои таҳким ва тақвиятӣ равобити низомӣ ва равобити  шаҳрвандӣ – ба хидмати ҳарбӣ байни иёлатҳои ИМА ва кишварҳои шарик оғоз шудааст, ҳамкорӣ доранд.

Гуфта мешавад, дар тӯли 21 соли ҳамкории низомии ду кишвар, нерӯҳои Гвардияи миллии Вирҷиния ва Тоҷикистон дар беш аз 200 тамриноти ҳарбӣ ширкат кардаанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Исроил муҷозоти эъдомро барои фаластиниён қабул кард

Парлумони Исроил рӯзи душанбе, 30-юми апрели соли ҷорӣ қонуни муҷозоти эъдомро барои асирони фаластинӣ тасвиб кард.

Муҳоҷиронро дар Русия бо кадрҳои дохилӣ иваз кардан мехоҳанд

Дар Русия ҳиссаи шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар соҳаи сохтмон кор мекунанд, тақрибан 13–15 дарсадро ташкил медиҳад ва ин соҳа бо норасоии кадрҳо рӯ ба рӯст.

Трамп: Агар ба созиш нарасем, ҳама зерсохторҳои барқии Эронро нобуд мекунем!

Трамп бо нашри паёме бори дигар таҳдид кард, ки агар ба зудӣ бо Эрон ба созиш нарасад, тамоми зерсохторҳои энержӣ ва чоҳҳои нефти ин кишварро нобуд месозад.

Танҳо табибони рус ҳақ доранд, муҳоҷиронро дар дохили Тоҷикистон аз ташхис гузаронанд

Вазорати тандурустии Русия тасмим дорад барои ташхиси ҳатмии тиббии муҳоҷирони коре, ки аз Тоҷикистон ба Русия меоянд, як маркази ягона дар Тоҷикистон ташкил кунад.