Бо вуҷуди барқарории оташбас ҳамлаҳои низомии Исроил ба минтақаҳои гуногуни Ғазза идома дошта, вазъи башардӯстона дар ин борика боз ҳам бадтар мешавад.
Ба иттилои манобеи тиббии фаластинӣ, дар як ҳамла ба худраве дар роҳи Шайх Аҷлин дар маркази Ғазза ду нафар кушта шуданд. Ҳамчунин минтақаҳои шарқии Ғазза зери оташи тӯпхона қарор гирифта, дар шарқи шаҳри Хон Юнус ба сӯи хаймаҳои оворагон тирпарронӣ сурат гирифтааст.
Сокинони Ғазза мегӯянд, интизоранд, ки тавофуқҳои сиёсӣ ба иқдомҳои амалие табдил ёбанд, ки ҷангро воқеан қатъ карда, аз фурӯпошии созишҳои нав пешгирӣ кунанд.
Дар баробари ин ҳамлаҳо, вазъи башардӯстона дар Ғазза низ рӯ ба бадшавӣ дорад. Ба гузориши хабаргузории Associated Press, садҳо ҳазор нафар дар хаймаҳои муваққатӣ бидуни низоми муносиби ҳавокашӣ ва камбуди нону ғизо зиндагӣ мекунанд ва бо норасоии шадиди об рӯбарӯ ҳастанд.
Созмонҳои башардӯстона ҳушдор медиҳанд, ки дар ин ҳавои гарми тобистон эҳтимоли хатари бемориҳо, камобӣ ва фишор ба низоми тандурустӣ аҳолии Ғаззаро бештар таҳдид мекунад.
Ҳамлаҳои Исроил ба навори Ғазза дар ҳолест, ки музокирот дар барои оғози иҷрои амалии “нақшаи роҳ” оид ба ояндаи ин борика идома дорад ва ихтилофи асосӣ миёни Исроил ва ҲАМОС бар сари тартиби иҷрои созишнома аст, ки ҳанӯз ҳал нашудааст.
Расонаҳо дар истинод ба мақомоти амрикоӣ мегӯянд, музокирот акнун ба марҳилаи иҷрои амалии нақшаи роҳ ворид шудааст. Аммо масъалаи асосии баҳс ин халъи силоҳ шудани ҲАМОС аст, ки Исроил пофишорӣ дорад, пеш аз ақибнишнӣ аввал ин кор бояд анҷом шавад.
“Шӯрои сулҳ”, ки дар доираи нақшаи пешниҳодкардаи президенти Амрико Доналд Трамп фаъолият мекунад, эълон кардааст, ки Исроил пеш аз анҷоми пурраи халъи силоҳи ҲАМОС ва нобудсозии шабакаи нақбҳои ин гурӯҳ аз Навори Ғазза ақибнишинӣ карданӣ нест. Ин мавқеъ баъд аз он садо дод, ки сарвазири Исроил Бинёмин Нетаняҳу нисбат ба баъзе бандҳои нақшаи роҳ эрод гирифт.
Ба гуфтаи “Шӯрои сулҳ”, ҲАМОС дар музокирот бо миёнҷиён уҳдадор шудааст, ки силоҳҳои сабук ва вазнини худро таслим карда, шабакаи нақбҳои зеризаминиро аз байн барад. Ҳадафи ниҳоии ин нақша интиқоли тадриҷии идораи Ғазза ба сохтори шаҳрвандии мустақил ва фароҳам кардани замина барои барқарорсозӣ ва суботи дарозмуддат арзёбӣ мешавад.
Бо вуҷуди ин, баҳси асосӣ ба тартиби иҷрои ин марҳилаҳо марбут аст. Исроил пофишорӣ мекунад, ки халъи силоҳи пурраи ҲАМОС бояд пеш аз ақибнишинии нерӯҳояш анҷом шавад. Дар навбати худ, ҲАМОС мегӯяд, ҳар гуна иқдом вобаста ба силоҳ танҳо баъд аз оғози воқеии хуруҷи нерӯҳои исроилӣ ва иҷрои пурраи созишнома имконпазир аст.
Музокироти чандҳафтаина бо миёнҷигарии Миср, Қатар, Туркия ва ИМА ба мувофиқати ибтидоии ҲАМОС ва дигар гурӯҳҳои фаластинӣ бо бахше аз нақшаи роҳ анҷомид.
Тибқи ин нақша, бояд амалиёти низомӣ қатъ шуда, идораи шаҳрвандӣ ва амниятӣ ба як кумитаи мустақили миллӣ вогузор гардад. Ҳамчунин густариши нерӯи байналмилалии таъмини субот ва оғози раванди тадриҷии ҷамъоварии силоҳ низ пешбинӣ шудааст.
