Ҳамлаҳои низомии дуҷониба байни Эрон ва Исроил

Эрон ва Исроил барои аввалин бор аз замони оташбаси моҳи апрел ҳамлаҳои мустақими мушакӣ ва ҳавоиро аз сар гирифтанд, ки нигарониҳоро аз эҳтимоли густариши ҷанги минтақавӣ афзоиш додааст.

Рӯзи якшанбе, 7-уми июн артиши Эрон хабар дод, ки ҳамлаи ҷадидеро ба шимол ва маркази Исроил анҷом додааст. Гуфта мешавад, Эрон дар ҳимоят аз “Ҳизбуллоҳ” ва ҳамлаҳои ахири Исроил ба минтақаи Зоҳияи ҷанубии шаҳри Бейрут ба Исроил ҳуҷум кардааст. Худи Эрон низ амалиёташро “ҳимоят аз мардуми Лубнон” ва “аҳдшиканиҳои Исроил ба оташбас” эълон кардааст. Ситоди марказии нерӯҳои низомии Эрон бо номи “Қароргоҳи Хотамуланбиё” рӯзи якшанбе эълон кард, ки бо партоби мушакҳо чанд нуқтаи стратегии Исроилро мавриди ҳадаф қарор дод.

Пас аз оғози ҳуҷум Қароргоҳи Хотамуланбиё чунин эълон кард: “Дар мавҷи ҷадиди иқдомот алайҳи аҳдофи муҳим ва ҳассос дар сарзаминҳои ишғолӣ, душман бо дарёфти зарбаҳои сангин, ҳадафманд, ҳушмандона ва хасоратбор, амалиёти ҳуҷумӣ ва муваффақеро аз сӯи нерӯҳи қудратманди Ҷумҳурии исломии Эрон таҷриба кард.

Дар ҳамин ҳол мақомоти исроилӣ низ таъйид мекунанд, ки Эрон чанд ҳамла пайи ҳам ба хоки Исроил доштааст. Пас аз ин ҳамлаҳо, нерӯҳои ҳавоии Исроил субҳи рӯзи душанбе ба ҳадафҳои низомӣ дар ғарб ва маркази Эрон зарба заданд. Артиши Исроил мегӯяд, ки ҳамлаҳо ба пойгоҳҳои партоби мушакҳо ва дигар иншооти низомӣ равона шудаанд.

Расонаҳои байналмилалӣ аз чандин таркиш дар шаҳрҳои Теҳрон, Исфаҳон, Табрез, Караҷ ва Кирмоншоҳ хабар медиҳанд. Ҳамзамон Исроил эълон кард, ки як маҷмааи бузурги петрокимиё дар ҷанубу ғарби Эрон низ мавриди ҳамла қарор гирифтааст.

Дар посух, мақомоти Эрон аз идомаи ҳамлаҳои мушакӣ ба Исроил хабар дода, ҳушдор доданд, ки дар сурати идомаи зарбаҳои исроилӣ, амалиёти ҷавобӣ густариш хоҳад ёфт. Бархе расонаҳо аз партоби чанд мавҷи мушакҳои эронӣ ба самти марказ ва ҷануби Исроил дар давоми шабонарӯзи гузориш додаанд.

Рӯзи душанбе Ситоди кулли артиши Эрон аз таваққуфи амалиёташ хабар дод. Ситоди артиши Эрон эълом кард, ки ба хотири таҷовузоти артиши Исроил дар ҷануби Лубнон ва минтақаи Зоҳия, Эрон дар ҳимоят аз “Ҳизбуллоҳ” ба Исроил посух дод ва акнун таваққуфи амалиёташро эълом мекунад.

Ҳамзамон артиши Исроил низ эълон кард, ки амалиёташро ба чанд шаҳри Эрон ва нуқтаҳои стратегӣ ба анҷом расондааст ва дар сурати даргирии муҷадда омодаи ҳамлаи тоза ба Эрон аст.

Дар ҳамин ҳол, раисҷумҳури Иёлоти Муттаҳида Доналд Трамп аз ҳар ду ҷониб хост “фавран тирпаррониро қатъ кунанд”. Ӯ изҳор дошт, ки идомаи даргириҳо метавонад музокироти сулҳро ба хатар андозад, аммо ҳамзамон гуфт, ки гуфтугӯҳо барои расидан ба созиши нав ҳанӯз идома доранд.

Тибқи гузориши Reuters ва Axios, артиши ИМА дар ҳамлаҳои нави Исроил ба Эрон иштирок накардааст, ҳарчанд расонаҳо мегӯянд, Вашингтон ҳамчунон дар ҳамоҳангсозии дифои зиддимушакӣ бо Исроил нақш дорад.

Таҳлилгарон ҳушдор медиҳанд, ки табодули нави зарбаҳо метавонад оташбаси ноустувори моҳи апрелро комилан аз байн бурда, минтақаи Ховари Миёнаро ба марҳилаи нави даргирии низомӣ ворид кунад. Бозорҳои ҷаҳонӣ низ ба ин таҳаввулот вокуниш нишон дода, нархи нафт дар пайи ҳамлаҳои нав беш аз 4 доллар боло рафт.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Русия қоидаҳои муоинаи тиббии муҳоҷиронро сахттар кард

Шӯрои Федератсияи Русия қонунеро тасдиқ кард, ки муҳлати гузаштани муоинаи ҳатмии тиббиро барои муҳоҷирон пас аз ворид шудан ба хоки ин кишвар кам мекунад.

Сӯхтори бинои дуошёна дар Норак: даҳҳо нафар бе хона монданд

Дар деҳаи Лангарии шаҳри Норак як бинои дуошёнаи истиқоматӣ оташ гирифт, ки дар натиҷа 50 сокин бе сарпаноҳ монданд.

Ҳизби Пашинён дар интихоботи порлумонии Арманистон пирӯз шуд

Дар интихоботи парлумонии Арманистон бори дигар ҳизби ҳокими "Паймони шаҳрвандӣ" пирӯз эълон шуд.

Вақте омӯзгорро мезананд…

Ҳодисаи Нуробод ва саволҳое, ки дар бораи мақоми омӯзгор беҷавоб мемонанд.