Президенти Тоҷикистон, ки дар ҳамла ба арзишҳои исломӣ ва маҳдуд кардани озодиҳои мазҳабӣ барои сокинони кишвар дар сад соли ахир дар минтақа ҳамто надорад, бори дигар аз мусалмонони кишвар интиқод кард.
Бино ба иттилои расмӣ, имрӯз, 27-уми апрели соли 2023 Эмомалӣ Раҳмон дар зодгоҳаш, ноҳияи Данғара, ки онро ба пойтахти кишвар табдил додан мехоҳад, дар рӯ ба рӯи садҳо нафар аз раҳбарону фаъолони вилояти Хатлон ва аъзои ҳукуматаш гуфт, чанд бор ҳаҷ рафтан “ғайр аз таассуб ва тақлид номи дигар надорад.”
Ӯ таъкид кард, ки “вақтҳои охир сафари ҳаҷ, аз ҷумла ҳаҷҷи умра дар байни сокинони баъзе минтақаҳои кишвар ба як маъракаи ҳатмӣ ва ҳатто ба мусобиқаи оилавию авлодӣ ва як намуди саёҳату тиҷорат табдил ёфтааст.”
Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба дуздӣ кардани маблағҳои буҷетӣ, ғорат кардани дороиҳои миллат ва сарфу харҷҳои беҳудааш ҳамроҳ бо дигар ҳамҳизибонаш шуҳрат дорад, меафзояд: “Тибқи таҳлилу мушоҳидаҳо, шахсоне, ки ба зиёрат мераванд ва ҳатто тифлону кӯдаконро низ ҳамроҳ мебаранд, фикр намекунанд, ки одобу русуми ҳаҷравӣ аз чӣ иборат аст, шароити манзили зист ва зиндагии аҳли оила, фарзандон ва наздикону пайвандонашон дар чӣ ҳол қарор дорад.”
Зоирон ба фарзандони худ нишон медиҳанд, ки ҳар рафтан ба ҳар масҷиде, аз он ҷумла ба Масҷиди Ҳаром ва ё Масҷиди Набавӣ рафтану дар ҷамъи ҳазорҳо нафар, ки аз гӯшаҳои мухталифи дунё ба зиёрати Хонаи Худо ва равзаи мубораки Паёмбари исломи мераванд, тавре Эмомалӣ Раҳмон ва дигар ҳамҳизибонаш мегӯянд, ҷиноят не, балки айни ибодат аст! Ҳаҷравон ба фарзандони ноболиғи худ мефаҳмонанд, бандаи Худо бошанд ва на бардаи Эмомалӣ Раҳмон.
Гилаи асосии Эмомалӣ Раҳмон дар бораи сафари зоирон ба Ҳаҷҷи Умра дар он аст, ки бо вуҷуд содир шудани фармонҳои расмӣ ва ғайрирасмии собиқ коммунист ва ҳоло раиси ҳизби ҳоким ва қонунгузории ҳукуматаш, ки таълими дин ва ба хусус Қуръонро ҷиноят, рафтани ҷавонони то 18-сола ба масҷиду ибодатгоҳҳоро манъ кардаасту зиёрати хонаи Худоро ҳам дар мавсими ҳаҷҷи фарзӣ барои мусалмонони то 45-сола маҳдуд кардааст, мардум ҳоло ҳам пойбанд ба арзишҳои исломӣ буда, ҳатто фарзандони хурдсоли худро ҳам ба зиёрати хонаи Худо, ё ҳамон ҳаҷҷи умра мебаранд.
Ба иборати дигар, Эмомалӣ Раҳмон бо ин интиқодҳояш гуфтан мехоҳад, зоирони маросими Ҳаҷҷи Умра ба фарзандони зери 18-солаи худ амалан ин дарсҳоро мефаҳмонанд, ки агар дар Тоҷикистон ҳукуматдорон намоз хондани онҳоро дар масҷидҳо ҷиноят донанд, ин мушкили худ ҳукуматдорон бо дину диндорон аст, ки дониниста ҳуқуқҳои фардӣ ва мазҳабии мусалмононро поймол мекунанд.
Президенти Тоҷикистон, ки худро ғамхори мардум нишон додан мехоҳад, илова мекунад: Такроран таъкид менамоям, ки ҳамватанонамон, қабл аз сафари ҳаҷ як лаҳза дар сари ин масъалаҳо ва вазъи ҷаҳони имрӯза андеша карда, маблағи бо заҳмати зиёд бадастовардаашонро барои таълиму тарбияи фарзандон, бартарафсозии камбудиҳои рӯзгор, беҳтар кардани шароити зиндагии худ, кумак ба ятимону маъюбон ва ниёзмандону камбизоатҳо сарф намоянд.
Эмомалӣ Раҳмон фаромӯш кардааст, агар тамоми маблағҳои харҷкардаи сокинони кишварамон тайи 5 соли гузашта дар маросими Ҳаҷҷи Фарзӣ ва дигар вақтҳо, ки ба зиёрати Хонаи Худо рафтаанд, дуруст ҳисобу китоб карда шаванд, 92 миллион доллар, муодили 1 миллиарду 4 миллиону 128 ҳазору 800 сомонӣ тибқи қурби имрӯза, ки Бонки миллӣ таъйин кардааст, пуле, ки аз буҷети давлатӣ ғорат кардаву барои худаш ҳавопаймои шахсӣ харидааст, намешаванд.
Ҷолиб он аст, ки дар ин маҷлиси ҳукуматӣ раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, раҳбарони бархе иттиҳодияҳои динӣ ва ба ном домуллоҳои нимаҳукуматӣ ҳам ҳузур доштанд, вале ҳеч касе аз онҳо ба худ иҷозат надод, ки хеста аз ҷояш бигӯяд, ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон ҳаҷми хароҷоти ҳамин сафари ноҷои ахири худатон ҳам, ки бо ҳузури беш аз 800 нафар сурат мегирад, агар дуруст ҳисобу китоб карда шаванд, зиёдтар аз ҳаҷми тамоми маблағҳоест, ки сокинони кишвар тайи як соли ахир ба Ҳаҷҷи Умра сафар кардаанд.
Содатар карда гӯем, вақте президент ба худаш иҷозат медиҳад, ки ин ҳама хароҷоти ноҷо ва беҳудаи сафарашро бо пули пардохтҳои мардум, ки ба давлат молиёт ва андозҳо додаанд, гузаронад, вай ҳам бояд ин иҷозатро ба соҳибони пул (мардум) бидиҳад, то ки бо маблағҳои ҷамъоварикардаи худашон хоҳанд ба зиёрати Хонаи Худояшон бираванд ва ё ба сайру саёҳат ба кишварҳои дигар.
Амруллоҳи НИЗОМ, махсус барои Azda tv