20.9 C
Dushanbe

Ҳамлаи низомии Озарбойҷон ба Қарабоғи Кӯҳӣ

Рӯзи сешанбе, 19-уми сентябри соли ҷорӣ Вазорати дифои Озарбойҷон хабар дод, ки нерӯҳои низомии ин кишвар 60 нуқтаи қувваҳои ҷудоиталаби арманиро дар Қарабоғи Кӯҳӣ тасарруф карданд.

Бино ба гузориши расонаҳои арманӣ, дар ин даргирӣ дастикам 27 нафар, аз ҷумла 2 ғайринизомӣ кушта ва беш аз 200 нафар захмӣ шудаанд. Ҳамчунин гуфта мешавад, ки аз минтақаи даргирӣ 7 ҳазор нафар аз сокинони маҳаллӣ ба ҷойҳои амн кӯчонида шуданд.

Вазорати дифои Озарбойҷон мегӯяд, ҳадаф аз ин “амалиёти вежа” дар Қарабоғи Кӯҳӣ “эҳёи назми қонуни асосӣ” ва халъи силоҳи ҷудоихоҳони мусаллаҳ аст. Ин кишвар арманиҳои сокини Қарабоғи Кӯҳиро ба “таҳаррукоти террористӣ” муттаҳам мекунад.

Ба гузориши расонаҳо, Озарбойҷон ин иқдоми низомиашро “амалиёти зидди террористӣ” унвон карда, ҳадафи асосии онро “пешгирӣ аз таҳаррукоти террористӣ, аз байн бурдани нерӯҳои арманӣ ва пойгоҳҳои низомии онҳо дар минтақа” эълон кардааст. Ин кишвар минтақаи мазкурро қонунан бахше аз хоки худ медонад.

Озарбойҷон иддао дорад, ки ҳамлаи низомияшро ба ин минтақа пас аз оне оғоз кард, ки арманитаборҳо дар қисмати шимолии Қарабоғ дар роҳи пулис мина гузошта, 6 нафар, аз ҷумла 4 нерӯҳи пулисро куштанд.

Дар ҳамин ҳол Арманистон рӯзи гузашта бо нашри баёния ин иддаоро рад карда, таъкид мекунад, ки “чуноне қаблан ҳам гуфта будем, боз такрор мекунем, Арманистон дар Қарабоғи Кӯҳӣ ҳеч нерӯи низомие надорад.” Ва афзуда, ки масъулияти муқобила бо ҳамалаҳои Озарбойҷонро арманиҳои ҷудоихоҳи мустақар дар Қарабоғи Кӯҳӣ бар дӯш доранд.

Вазорати дифои Арманистон ҳамлаи навбатии Озарбойҷонро “таҷовузи густарда”-и ин кишвар ба Қарабоғи Кӯҳӣ хонда, онро идомаи сиёсати “поксозии қавмӣ”-и Боку дар минтақа маънидод кардааст.

Ёдовар мешавем, ки тибқи тавофуқоти соли 2020, бояд аз ин минтақа Нерӯҳои посдори сулҳи Русия бо ду ҳазор сарбоз муҳофизат мекарданд, аммо дида мешавад, ки Маскав ба артиши Озарбойҷон иҷозати таҳаррукоти густардаро додааст.

Байни Арманистону Озарбойҷон, ки ҳарду Қарабоғи Кӯҳиро ҷузъи хоки худ медонанд, барои нуфуз ба ин минтақа борҳо даргирии мусаллаҳона сурат гирифтааст. Бори охир даргирии мусаллаҳона байни ин ду кишвари ҳамсоя тирамоҳи соли 2020 буд, ки ба шикасти нерӯҳои арманӣ ва ба даст овардани заминҳои қобили таваҷҷуҳе ба нафъи озариҳо анҷомид.

Танишҳои хунини соли 2020 байни ин ду кишвар пас аз шаш ҳафта бо миёнҷигарии Русия ва Туркия поён ёфт. Аммо аз авоили моҳи июни соли ҷорӣ ва пас аз баста шудани долони Лочин тавассути Озарбойҷон, ки ягона роҳи иртиботи арманиҳои Қарабоғ ба Арманистон аст, бори дигар танишҳо боло гирифт.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Манъи ҳиҷоб дар мактабу беморҳохонаҳо

Мақомоти тоҷик пас аз қабули тарҳи нави қонун “Дар бораи танзими ҷашну маросим” дар мактабу бемористонҳо "рейд" гузаронда, ҳиҷоби занҳоро зӯран мекашанд.

Сарвазирро кӣ ва чаро парронд?

Рӯзи чоршанбе, 4-уми май пас аз як нишасти давлатӣ, ба ҷони Сарвазири Словакия Роберт Фитсо сӯиқасд сурат гирифта, ӯ ба бемористон мунтақил шуд.

Тамдиди муҳлати ҳабси гумонбарони ҳамла ба Крокус

Додгоҳе дар Русия муҳлати ҳабси чор зодаи Тоҷикистонро, ки дар дар ҳамлаи хунин ба “Крокус Сити Ҳолл” гумонбар мебошанд, барои 3 моҳи дигар дароз кард.

“Идгардак”-у пешвози ҳоҷиён ва “либосҳои ба фарҳанги миллӣ бегона” манъ шуд

Дар Тоҷикистон "идгардак"-и кӯдаконро дар рӯзҳои Иди Рамазон ва Қурбонро манъ карданд.