21.9 C
Dushanbe

Амриддин Аловатшоев аз Русия дуздида шуд?

Яке аз раҳбарони бонуфузи мардуми Бадахшон Амриддин Аловатшоев рӯзи 12-уми январи соли ҷорӣ аз Маскав рабуда шуд. Дар ин бора “

Ба навиштаи манбаъ, шаби 13-уми январ Амриддин ба Душанбе истирдод шудааст.

Аммо Аздо тв натавонист ин хабарро аз манобеи дигар тасдиқ кунад.

“Pamir Daily News” қайд кардааст, ки мақомоти интизомии Тоҷикистон пас аз эътирози беш аз ҳазор нафараи сокинони ВМКБ дар назди сафорати Тоҷикистон дар Маскав, ки дар пай қатли Гулбиддин Зиёбеков сурат гирифта буд, ба таъқиби Аловатшоев шуруъ карданд.

Пас аз чанд соати гирдиҳамоӣ расонаҳои Русия хабаре нашр карданд, ки гуфта мешуд, Аловатшоев бо гумони таҷовуз ба номус таҳти пайгард қарор дорад. Худи Амриддин ин иттиҳомотро рад мекунад.

Дар миёни диаспораҳои сокинони ВМКБ дар Русия Амриддин эътибори зиёд дорад. Ӯро марди дорои обрӯву эътибор ва ҳамеша омодаи дастгирии ҳамватанон медонанд.

Бо пайдо шудани маълумоти бештар ин хабар такмил мешавад…

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Боздошти ду тоҷикистонӣ бо гумони ба асорат гирифтани ҳамватани худ

Мақомоти Русия хабар доданд, ки ду шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гумони ба асорат гирифтан ва латтукӯби як ҳамватани худ боздошт шудаанд.

Русия мехоҳад бештар хориҷиёнро ба ҷанги зидди Украина барад

Дар наздиктарин фурсат дар Русия қонуни наве қабул мешавад,...

Оё низоми таҳсили 12-сола метавонад сифати таҳсилро беҳтар кунад?

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи гузариш ба низоми таҳсили 12-соларо ҷорӣ карданӣ аст.

Чаро кишварҳои ҳамсоя афғонҳоро ихроҷ мекунанд?

Ба иттилои мақомоти Толибон, Эрон зарфи як моҳ беш аз 500 ҳазор муҳоҷири афғонистониро ихроҷ кардааст.