Интизор меравад, ки Амрико ва Эрон рӯзи 19-уми июни соли ҷорӣ дар Швейтсария як ёддошти тафоҳуми 14-бандиро имзо кунанд, ки метавонад ба ҷанг миёни ду кишвар поён бахшида, роҳи музокироти 60-рӯзаро барои дастёбӣ ба як созишномаи фарогир ҳамвор кунад.
Ба гузориши Bloomberg News, ки ба пешнависи ин санад даст ёфтааст, ҳарду ҷониб бо имзои ин ёддошт поёни фаврӣ ва доимии ҷангро дар тамоми ҷабҳаҳо, аз ҷумла дар Лубнон, эълом хоҳанд кард. Дар ин санад ҳамчунин таъкид шудааст, ки Теҳрон ва Вашингтон аз ин пас аз ҳар гуна иқдоми душманона, таҳдид ё истифодаи нерӯ алайҳи якдигар худдорӣ хоҳанд кард.
Тибқи пешнавис, ду кишвар уҳдадор мешаванд, ки ба соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии якдигар эҳтиром гузошта, ба корҳои дохилии ҳамдигар дахолат накунанд. Ҳамзамон, барои расидан ба як созишномаи ниҳоӣ давраи музокироти ҳадди аксар 60-рӯза пешбинӣ шудааст, ки бо ризоияти тарафайн метавонад тамдид шавад.
Дар бахши амниятӣ ва низомии санад омадааст, ки Иёлоти Муттаҳида фавран пас аз имзои ёддошт муҳосираи баҳриро бекор намуда, ҳаракати киштиҳоро дар муддати 30 рӯз ба сатҳи пеш аз ҷанг барқарор мекунад. Ҳамчунин Вашингтон уҳдадор мешавад, ки дар давоми 30 рӯз пас аз имзои созишномаи ниҳоӣ нерӯҳои худро аз минтақаҳои атроф хориҷ кунад.
Аз ҷониби дигар, Эрон низ вазифадор мешавад, ки ҳаракати киштиҳои тиҷоратиро байни Халиҷи Форс ва баҳри Уммон ба сатҳи пеш аз ҷанг баргардонад ва барои бартараф кардани монеаҳои техникӣ ва поксозии минаҳо иқдом кунад.
Яке аз муҳимтарин бахшҳои ин ёддошт ба иқтисоди Эрон марбут аст. Тибқи санад, Амрико ва шарикони минтақавии он нақшаи фарогири бозсозӣ ва рушди иқтисодии Эронро таҳия хоҳанд кард, ки ҳадди ақал 300 миллиард доллар маблағгузорӣ барои он пешбинӣ шудааст.
Дар масъалаи таҳримҳо, Вашингтон уҳдадор мешавад, ки тамоми таҳримҳои алайҳи Эрон, аз ҷумла таҳримҳои якҷонибаи ИМА ва маҳдудиятҳои марбут ба Созмони Милали Муттаҳид ва Агентии байналмилалии энержии атомиро тибқи ҷадвали муайян бекор кунад. То замони лағви пурраи таҳримҳо, Вазорати хазинадории ИМА барои содироти нафти хоми Эрон, маҳсулоти нафту кимиё ва тамоми хизматрасониҳои вобаста иҷозатномаҳои махсус содир хоҳад кард.
Дар бахши ҳастаӣ, Ҷумҳурии исломии Эрон бори дигар таъкид кардааст, ки ҳеҷ гоҳ силоҳи ҳастаӣ истеҳсол нахоҳад кард. Ҳамзамон масъалаи сарнавишти захираҳои урании ғанишуда ва дигар масъалаҳои марбут ба барномаи ҳастаии Эрон дар созишномаи ниҳоӣ ҳаллу фасл хоҳад шуд.
Тибқи пешнавис, дар ҷараёни музокироти 60-рӯза Эрон аз густариши фаъолияти ҳастаии худ, аз ҷумла афзоиши сатҳи ғанисозии уран, худдорӣ мекунад ва Амрико низ таҳримҳои нав ҷорӣ намекунад ва ҳузури низомии худро дар минтақа тақвият намебахшад.
Дар сурати пешрафти музокирот ва иҷрои уҳдадориҳои тарафайн, тақрибан 24 то 25 миллиард доллар аз дороиҳои масдудшудаи Эрон тадриҷан озод шуда, дар ихтиёри Теҳрон қарор хоҳад гирифт.
Бо вуҷуди нашри ин пешнавис, то кунун мақомоти расмии Амрико ва Эрон дар бораи муҳтавои он изҳори назар накардаанд ва маълум нест, ки оё ин санад дар шакли кунунӣ рӯзи 19-уми июн ба имзо хоҳад расид ё дар ҷараёни музокирот тағйир хоҳад ёфт.
