Ҳайатҳои Амрико ва Эрон рӯзи 21-уми июн нахустин даври музокироти нави худро дар шаҳри Бургенштоки Швейтсария анҷом доданд. Гуфтугӯҳо бо миёнҷигарии Қатар ва Покистон баргузор шуд ва ду ҷониб аз пешрафт дар музокирот хабар доданд, ҳарчанд ҷузъиёти созиши эҳтимолӣ комилан дастраси расонаҳо нест.
Дар ин нишаст ҳайати Амрикоро муовини раисҷумҳури ин кишвар Ҷей Ди Венс ва ҳайати Эронро раиси Маҷлиси шӯрои исломӣ Муҳаммадбоқир Қолибоф намояндагӣ карданд. Вазири корҳои хориҷии Эрон Аббос Ироқчӣ низ дар музокирот ҳузур дошт. Нахуствазири Покистон Шаҳбоз Шариф ва нахуствазири Қатар Муҳаммад бин Абдураҳмон Оли Сонӣ ба ҳайси миёнҷигарон ширкат карданд.
Қатар ва Покистон пас аз анҷоми музокирот дар баёнияи муштарак гуфтанд, ки ҷонибҳо барои таъсиси як Кумитаи олии музокирот ба тавофуқ расидаанд. Ба гуфтаи миёнҷигарон, ин кумита назорати сиёсӣ бар раванди гуфтугӯҳоро ба уҳда дошта, музокиракунандагони аршад ба таври мунтазам ба он ҳисобот хоҳанд дод.
Дар баёния ҳамчунин омадааст, ки ҷонибҳо бар сари як нақшаи роҳ барои дастёбӣ ба созиши ниҳоӣ дар давоми 60 рӯз мувофиқат кардаанд. Бар асоси ин нақша, гуфтугӯҳои фаннӣ аз ҳамин ҳафта дар Бургеншток идома хоҳад ёфт ва масъалаҳои марбут ба барномаи ҳастаии Эрон, таҳримҳо ва роҳҳои ҳаллу фасли ихтилофотро дар бар хоҳад гирифт.
Ба гуфтаи миёнҷигарон, барои ҷилавгирӣ аз сӯитафоҳум ва таъмини убури амни киштиҳо аз тангаи Ҳурмуз низ миёни ҷонибҳо хати иртиботӣ таъсис шудааст. Ҳамчунин, қарор шудааст барои назорат бар риояи оташбас ва коҳиши танишҳо дар Лубнон як механизми ҷудогонаи ҳамоҳангсозӣ фаъол шавад.
Аббос Ироқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон, пас аз анҷоми музокирот дар саҳифаи худ дар шабакаи “Х” навишт, ки миёнҷигарии Покистон ва Қатар “боиси пешрафтҳои бузург” шудааст. Ӯ гуфт, ки дар натиҷаи гуфтугӯҳо таҳримҳои марбут ба содироти нафт ва маҳсулоти нафтии Эрон бекор шуда, муҳосираи дарёӣ бардошта шудааст, бахше аз дороиҳои масдудшудаи Эрон озод мешавад ва тарҳи бозсозӣ ва тавсеаи иқтисодии ин кишвар низ ба иҷро медарояд.
Аз ҷониби Амрико, Ҷей Ди Венс гуфт, ки ҷонибҳо дар бораи барномаи ҳастаии Эрон “гуфтугӯи созанда” анҷом додаанд. Ӯ ҳамчунин аз тавофуқ барои таъсиси як созукор ҷиҳати боз нигоҳ доштани тангаи Ҳурмуз ва баррасии роҳҳои коҳиши танишҳо дар ҷануби Лубнон хабар дод.
Ба гуфтаи бархе расонаҳо, дар оғози нишаст ихтилофе бар сари тартиби ҳузури расонаҳо ба миён омад, зеро ҳайати Эрон намехост дар ҳузури хабарнигорон бо намояндагони Амрико дар як саҳна ё дар як акс дида шаванд. Гузоришҳо ҳамчунин мегӯянд, ки баъдтар, изҳороти таҳдидомези Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, низ ба таниши фазо афзуд. Бо вуҷуди ин, гуфтугӯҳо қатъ нашуданд ва бо миёнҷигарии Қатару Покистон идома ёфтанд.
Нахустин даври музокироти Бургеншток дар ҳоле анҷом ёфт, ки муносибатҳои Амрикову Эрон дар моҳҳои охир ҳамоно пуртаниш боқӣ мондааст. Бо ин вуҷуд, изҳороти ҷонибҳо ва миёнҷигарон нишон медиҳад, ки барои идомаи роҳи дипломатӣ ва расидан ба як созиши фарогир талошҳо идома доранд.
