Ҳамсари “Фирдавс Киллер” хабари марги ӯро рад кард

Хабари кушта шудани Фирдавс Салоҳов, як зодаи ноҳияи Ванҷи ВМКБ дар ҷанги Украина, ки рӯзҳои охир дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардида буд, аз сӯи ҳамсари ӯ рад шуд.

Корбаре бо номи Шаҳло Салоҳова дар саҳифаи фейсбукии худ навиштааст, ки ӯ ҳамсари қонунии Фирдавс Салоҳов аст ва хабарҳои марбут ба марги шавҳараш, ки дар рӯзҳои охир ба таври густурда паҳн шудаанд, “дурӯғ ва маълумоти носаҳеҳ” мебошанд.

Ба гуфтаи ӯ, Фирдавс Салоҳов дар ҳақиқат бо Вазорати мудофиаи Русия шартнома бастааст ва ҳоло дар сафи нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар қарор дорад, аммо зинда аст.

“Ҳеҷ марге нест. Иншоаллоҳ, ӯ зинда аст ва бармегардад”, – навиштааст Шаҳло Салоҳова.

Ҳамчунин Салоҳова иддаои қаблан нашршударо дар бораи он ки шавҳараш бинобар ихтилоф бо афроди наздик ба Рустами Эмомалӣ Тоҷикистонро тарк кардааст, рад намуда, гуфтааст, ки кӯчидани онҳо ба Русия бо хоҳиши худи оила сурат гирифта. Ӯ таъкид кардааст, ки “бо ҳеҷ кас ҳеҷ гуна ихтилофе вуҷуд надошт”.

Дар ҳамин ҳол, дар шабакаи Инстаграм нафаре бо номи “shovaysov001” акси Фирдавс Салоҳовро гузошта, навиштааст, ки Салоҳов ба ихтиёри фармондеҳии полки 589-уми тирандозии моторӣ, дивизияи 27-уми тирандозии моторӣ, артиши 2-юми умумиқушунӣ дар ҳайати Ҳавзаи марказии низомии Қувваҳои Мусаллаҳи Русия шомил шудааст ва хабари марги ӯ нодуруст аст.

Қаблан нашрияи Pamir Inside бо истинод ба манобеи худ хабар дода буд, ки Фирдавс Салоҳов маъруф ба “Фирдавс Киллер” дар ҷанги Украина кушта шудааст.

Ҳамчунин манобеи Pamir Inside гуфта буданд, ки даҳ сол пеш Салоҳов Тоҷикистонро пас аз ихтилоф бо афроде аз доираи наздикони Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон ва писари калонии президент Эмомалӣ Раҳмон тарк карда буд.

Ва солҳои охир Фирдавс Салоҳов дар шаҳри Екатеринбург зиндагӣ карда, ҳамчун мураббии муҳорибаҳои омехта (MMA) фаъолият доштааст ва ба таври касбӣ ба варзиш машғул буд.

Ҳамин тавр, то имрӯз дар бораи сарнавишти Фирдавс Салоҳов иттилооти зиддунақиз вуҷуд дорад ва маълумоти расмӣ аз мақомоти Тоҷикистону Русия дар ин бора ҳанӯз дастрас нест. Azda.tv ҳам натавонист зинда будан ва ё кушта шудани ӯро аз манобеи дигар тасдиқ кунад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Wildberries, қарзи бонк ва тоҷики ҳалолкор

Зарбаҳои Укроин ба амборҳои бузургтарин бозоргоҳи (маркетплейс) Русия идома...

Дороиҳои миллиардии як зодаи Тоҷикистон

Фарзандони вакили Думаи давлатии Русия аз ҳизби ҳокими “Единая Россия” ва зодаи Тоҷикистон Раҳим Азимов соҳиби амволи гаронарзише мебошанд, ки арзиши умумии онҳо тақрибан ба 2 миллиард рубл мерасад. 

Бедарак шудани се духтари афғон дар Варшава

Дар шаҳри Варшаваи Лаҳистон (Полша) се хоҳар, ки узви як хонавода ва зодаи Афғонистон ҳастанд, як ҳафта боз нопадид шудаанд. 

Муҳоҷирати кории шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия 18% коҳиш ёфта аст

Дар шаш моҳи аввали соли 2026 шумори шаҳрвандони Тоҷикистон, ки барои кор ба Русия сафар кардаанд, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 18 дарсад кам шудааст.