26.9 C
Dushanbe

Андрей Грозин: Ҳукумати Тоҷикистон кадрҳои муносиб надорад

Андрей Грозин роҳбари шӯъбаи Осиёи Марказии Пажӯҳишгоҳи кишварҳои ИДМ-и Маскав дар суҳбат бо “Спутник” аз бурду бохти Эмомалӣ Раҳмон гуфт ва надоштани кадрҳои муносибро аз мушкилоти асосии ҳукумати ӯ арзёбӣ кард.

Ин масъули Пажӯҳишгоҳ ба “Рӯзи Президент”, ки ҳар сол дар Тоҷикистон 16 ноябр баргузор мешавад, ишора намуда, гуфтааст, ки аз хидматҳои асосии Эмомалӣ Раҳмон поён додан ба ҷанги дохилӣ дар ин кишвар дар солҳои навадуми асри гузашта ва талош барои таъмини рушди иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон мебошад. Ӯ пайванди таърихи навини Тоҷикистонро бо шахсияти Эмомалӣ Раҳмон пайванди ногусастанӣ донист.

Дар идома Грозин аз мушкилоти идораи Раҳмон ёдовар шуда афзуд, ки “Мушкили асосии Раҳмон надоштани кадрҳои мутахассис аст, ки битавонанд бо ибтикори амал заминаи рушди иқтисодии Тоҷикистонро таъмин кунанд”.

Ба гуфтаи Грозин, бархе аз вазирон ва масъулони бахшҳои иқтисодии Тоҷикистон бо вуҷуди арзанда набудан дар мансабҳои муҳими иқтисодӣ солҳост фаъолият доранд, аммо кори муҳиме анҷом надодаанд.

Бо вуҷуди он ки ҳамасола тағйироти кадрӣ дар ҳукумати Раҳмон сурат мегирад, вале ба гуфтаи коршиносон ин тағйирот шаклӣ аст ва мушкилии асосӣ, ки набудани кадри муносиб ва кордон аст, ҳамоно боқӣ мемонад. Онҳо мегӯянд, ки бештар дар тақсимоти кадрии Раҳмон маҳал ба инобат гирифта мешавад на саводу тахассус.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Мулоқоти Раҳмонов ва Пизишкиён дар Озарбойҷон

Раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Эрон Масъуди Пизишкиён мулоқот кард.

Гармои шадид дар Тоҷикистон сокинонро нигарон кардааст

Рӯзҳои ахир шиддати гармои тобистонӣ дар Тоҷикистон аксари сокинонро нигарон кардааст.

Имомуддин Сатторов сафири Тоҷикистон дар Лаҳистон шуд

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон ва Лаҳистон Имомуддин Сатторов эътимодномаи худро ба Президенти Лаҳистон Анджей Дуда супорид.

Толибонро аввалин кишвари дунё расман эътироф кард

Пас аз чор соли ба сари қудрат расидани Толибон дар Афғонистон Русия аввалин кишваре шуд, ки ҳукумати сарпарастро ба расмият шинохт.