7.9 C
Dushanbe

Ҷанг дар Ғазза барои нобудӣ?

Аз замони оғози ҷанг дар Ғазза, ки пас аз ҳамлаи ногаҳонии ҲАМОС ба бархе пойгоҳҳои низомӣ дар шаҳракнишиниҳои исроилӣ дар минтақаи маъруф ба ғилофи Ғазза оғоз шуд, 24 рӯз мегузарад.

Мақомоти исроилӣ, аз он ҷумла Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири ин кишвар ҳадаф аз ин ҷангро нобуд кардани Ҳаракати Муқовимати Исломии Фаластин (ҲАМОС) дар Ғазза эълон кардааст. Аммо ҲАМОС мегӯяд, ин ҷанг то нобудии Исроил давом хоҳад кард.

Бархе дигар мақомоти исроилӣ, аз ҷумла, вазири ҷанг, вазири хориҷа, вазири амнияти дохилӣ, вазири иқтисод, сафири Исроил дар Созмони Милали Муттаҳид (СММ) ҳам дар суханрониҳои худ дар бораи ҳадафҳои ин ҷанг, ки барои нобуд кардани ҲАМОС ва дигар гурӯҳҳои муқовимати фаластинӣ дар Ғазза аст, суҳбат кардаанд.

Исроил, Амрико, Британия, Олмон, Фаронса, Итолия, Канада ва хеле дигар аз кишварҳои ғарбӣ низ ҲАМОС-ро як гурӯҳи террористӣ эътироф кардаанд. Раҳбарони ин кишварҳо ҳангоми сафарҳои худ тайи ин 24 рӯзи ҷанг ба Телавив ҳимояти комили худро барои идомаи ҷанг алайҳи ин гурӯҳ дар Ғазза эълон карданд.

Кор то ҷое расида, ки ахиран Эмануэл Макрон, Президенти Фаронса дар дидор бо раҳбарони исроилӣ пешниҳод кард, ки барои нобуд кардани ҲАМОС ва дигар гурӯҳҳои муқовимати фаластинӣ дар Ғазза як эътилоф ташкил карда шавад.

Раҳбарони бархе кишварҳои арабӣ ба мисли Миср, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Урдун ҳам аз нигоҳи идеологӣ ва раҳбарӣ бо ҲАМОС мушкил доранд. Абдулфаттоҳ Сисӣ, Президенти Миср, ки аз роҳи як кудетои низомӣ ва қатли оми ҳазорҳо нафар дар майдони Робиаи Қоҳира ба қудрат расидааст, бо сароҳат аз саркӯби ҲАМОС ва дигар гурӯҳҳои фаластинӣ ҳимояти худашро дар суҳбат бо Олаф Шолтс, садри аъзами Олмон эълон кард.

Аз сӯи дигар, кишварҳое ба мисли Эрон, Туркия, Сурия, Лубнон, Либия ва Малайзияву Покистону Афғонистон ва ғайра ҲАМОС-ро як гурӯҳи озодихоҳи фаластинӣ, ки ба хотири озодии мардум ва аз режими истилогар озод кардани сарзамини худашон мубориза мекунад, медонанд.

Ин кишварҳои исломӣ, ки даъвои ҳимоят кардан аз ормонҳои озодии фаластиниҳоро дар сар доранд, бар хилофи кишварҳои ғарбӣ, ки ҳазорҳо тонна силоҳу муҳимоти ҷангӣ барои саркӯб кардани фаластиниҳо дар Ғазза ва Каронаи Бохтарӣ мефиристанд, то ҳол натавонситаанд, ки дасти кам як бемористони саҳроӣ барои муолиҷа кардани ҳазорҳо нафар занону кӯдакони фаластинӣ, ки бар асари ин ҷангҳо осеб дидаанд, дар Ғазза ва ё минтақае наздик ба он бисозанд.

Бо гузашти беш аз се ҳафта аз оғози ҷанги Исроил алайҳи Ғазза то ҳол ҳеч яке аз раҳбарони кишварҳои дар боло зикршуда дар бораи ҳадафҳои пас аз ҷанг ва чӣ гуна ҳукумат кардан бар Ғазза, ки беш аз 2 миллиону 300 ҳазор аҳолӣ дорад, тарҳи муфассалеро пешниҳод накардаанд.

Раисҷумҳури Миср Абдулфаттоҳ Сисӣ, ки ҷанг дар Ғаззаро модари мушкилот дар минтақаи Ховари Миёна медонад, пешниҳод карда, ки баъд аз ин ҷанг бояд давлате бидуни силоҳ барои фаластиниҳо сохта шавад ва амнияти онро ё нерӯҳои НАТО ва ё нерӯҳои кишварҳои арабӣ бар уҳда бигиранд, то мардуми Исроил ва Фаластин бо камоли оромиш паҳлӯи ҳам зиндагӣ кунанд.

Дар ин миён бархе коршиносони исроилӣ дар суҳбатҳои худ дар бораи тарҳҳое аз қабили ҷорӣ кардани низоме наздик ба Абӯзабӣ, Сипгапур ва ё дубора ба ихтиёри Ташкилоти худгардони Фаластин бо раҳбарии Маҳмуд Аббос, ки зери раҳбарӣ ва маблағгузории кишварҳои арабӣ ба мисли Миср ва Арабистони Саудӣ бошад, суҳбат кардаанд. Пешниҳодест, ки худи тарроҳони он ба амалӣ шуданаш 100% боварӣ надоранд.

Вазири корҳои хориҷии Эрон Амир Абдуллоҳиён ҳам гуфта, “мудирияти ин ҷанг дар ихтиёри Амрикост ва Исроил ба ниёбат аз Амрико ин ҷангро анҷом медиҳад, вале мудирияти ҷанг бо низомиёни Амрикост, чун дар дохили режими Исроил вазъияти фурӯрехтае вуҷудо дорад.” Холид Мишъал аз раҳбарони ҲАМОС ҳам гуфтааст, бар асоси иттилооте, ки дар даст доранд, беш аз 4 ҳазор нерӯи амрикоӣ дар Исроил ин ҷангро идора мекунанд.

Аммо бар хилофи ин ҳама раҳбарони давлатҳо ва коршиносони шарқӣ ва ғарбӣ, ки дар бораи марҳилаи баъд аз ҳукумати ҲАМОС ва нобуд кардани зерсохторҳои низомии он дар Ғазза суҳбат мекунанд, Холид Мишъал, яке аз раҳбарони ин ҳаракат аз тариқи расонаҳо эълон кардааст, ки ин ҷанг то нобудии Исроил идома хоҳад ёфт ва мо дар бораи марҳилаи баъд аз нобуд шудани Исроил дар Фаластин фикр карда истодаем.

Гуфта мешавад, бар асоси қарорҳои Созмони Милали Муттаҳид минтақаи ғилофи Ғазза бахше аз сарзаминҳои Фаластин дониста мешаванд, ки дар тӯли 56 соли ахир ба тадриҷ Исроил ба ноҳақ онҳоро ғасб кардааст. Исроил давлати истилогар дониста мешавад. Атонио Гуттериш ҳам ба хотири ибрози ҳамин андешаҳо дар Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид мавриди ҳамлаҳои лафзии мақомоти исроилӣ қарор гирифт.

Ба ҳамин хотир бархе коршиносони масоили ҳуқуқи байналмилал мегӯянд, ки ҳамла ба заминҳои ғасбшуда аз ҷониби як кишвари истилогаре, ки ба ноҳақ заминҳои дигаронро аз худ кардааст, ҳамла ба як давлати дигар маънидод карда намешавад. Исроил давлати истилогар аст, истилогар ба ҳеч ваҷҳ ҳаққе надорад, ки мардумони бумие, ки кишварашонро ғасб кардааст, аз ҳуқуқҳои инсонии худ маҳрум кунад.

То соли 2006 Маҳмуд Аббос ва пеш аз он Ёсир Арафот раҳбарии тамоми Фаластинро ҳам дар Ғазза ва ҳам дар Каронаи Бохтарӣ бар уҳда доштанд. 25-уми январи соли 2006 дар Фаластин интихобот баргузор шуд. ҲАМОС барандаи интихобот буд. Исмоил Ҳания, раҳбари ҲАМОС нахуствазири Фаластин таъйин гардид.

14-уми июни 2007 бар асари як инқилоби дохилӣ, Маҳмуд Аббос, раиси Ташкилоти худгардони Фаластин, ки намехост бар Фаластин ҲАМОС ҳукумат кунад, Исмоил Ҳанияро барканор ва Салом Файёз, аз одамони наздики худашро нахуствазир таъйин кард. Байни фаластиниҳо ҷудоӣ ба вуҷуд омад ва ду ҳукумат ташкил шуд. Исмоил Ҳания ба Ғазза, ки тарафдорони зиёде дошт, рафта, ҳукумати маҳаллӣ дар онҷоро ба даст гирифт. Ба ҳамин хотир мегӯянд, ки ҲАМОС бар асоси раъйи мардум дар Ғазза сари қудрат омадааст.

Бо ин вуҷуд, ин ҷанг чӣ қадар тӯл мекашад ва кай тамом мешавад, ҳанӯз ҳеч тарафе дар ин бора ба сурати дақиқ чизе нагуфтааст. Дар ин ҷанги вайронгар кӣ пирӯз мешавад ва кӣ киро аз саҳнаи сиёсӣ нобуд хоҳад кард, вақт нишон хоҳад дод.

Амруллоҳи НИЗОМ, махсус барои Azda.tv

___________________________________________________

Дар гӯшаи Блоги Шумо матолиби гуногун аз навиштаҳои таҳлилгарон ва коршиносон нашр мешавад, ки муҳтавои онҳо баёнгари мавқеи Azda tv нестанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Вокуниши Вазорати хориҷаи Тоҷикистон ба вазъи тоҷикон дар Русия

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон вазъи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русияро нигаронкунанда ва мушкил арзёбӣ кардааст.

Аввалин тоҷик қаҳрамони куштии озоди Фаронса шуд

Рӯзҳои 27 ва 28-уми апрели соли ҷорӣ, дар шаҳри Тулузи Фаронсаи қаҳрамонии куштии озоди Фаронса миёни наврасон ва ҷавонон баргузор гардид.

Натанёҳу боздошт ва зиндонӣ мешавад?

Эҳтимол меравад Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ барои боздошти Бинёмин Натанёҳу, нахуствазири Исроил ҳукм содир кунад.

ВКХ: Шаҳрвандони Тоҷикистон бе зарурат ба Русия нараванд

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри як иттилоия ба шаҳрвандони кишвар тавсия додааст, ки бе зарурат муваққатан ба Русия сафар накунанд.