Ҷасади Маҳмадҷон Бозоров, сарҳанги собиқи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, ки гуфта мешавад, дар ҷанги Русия алайҳи Украина кушта шудааст, рӯзи 15-уми июн дар ноҳияи Восеъ ба хок супурда шуд.
Дар ин бора Радиои Озодӣ бо истинод ба манобеи огоҳ хабар додааст. Ба гуфтаи онҳо, тобути Бозоров як рӯз пеш аз Русия ба Тоҷикистон интиқол дода шудааст.
Маҳмадҷон Бозоров, ки бо лақаби “Маҳмади Вандам” низ маъруф будааст, то соли 2005 дар дастаи таъиноти махсуси Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон (ОМОН) хидмат кардааст.
Ба иттилои пайвандонаш, ӯ тақрибан ҳафт сол пеш ҳамроҳи оилааш ба Русия кӯчида, шаҳрвандии ин кишварро гирифта буд. Гуфта мешавад, баъдтар фаъолияти худро дар бахши низомӣ идома дода, аз ҷониби Русия дар ҷанги Украина иштирок мекард.
Дар бораи нопадид шудани Маҳмадҷон Бозоров ҳанӯз дар аввали соли 2025 хабарҳо нашр шуда буданд. Ҷузъиёти марги ӯ то кунун маълум нест.
Тибқи гузоришҳо, ин аввалин ҳолати марги як собиқ корманди сохторҳои қудратии Тоҷикистон дар ҷанги Украина нест. Пештар низ дар бораи кушта, захмӣ ё асир афтодани зодагони Тоҷикистон, ки дар сафи нерӯҳои Русия бар зидди Украина меҷангиданд, хабарҳо нашр шуда буданд.
Мақомоти Тоҷикистон борҳо шаҳрвандонро аз иштирок дар низоъҳои мусаллаҳонаи хориҷӣ ҳушдор додаанд. Бо вуҷуди ин, то ҳол маълум нест, ки чанд шаҳрванди Тоҷикистон дар ҷанги Украина иштирок доранд.
Назари мақомоти Тоҷикистон ва Русия дар бораи кушта шудани Маҳмадҷон Бозоров дастрас нест.
