Шаби 2-уми апрели соли ҷорӣ ду зан ва як кӯдаки шашсола дар шаҳри Кӯлоб кушта шуданд.
Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, ҳодиса дар маҳаллаи 8-уми ин шаҳр рух дода, ду хоҳар бо номҳои Зуҳро Қурбоноваи 28-сола ва Таҳминаи Шоҳмаҳмади 20-сола, ки ҳаштмоҳа ҳомила будааст, бо зарби панҷ корд кушта шуданд. Инчунин гуфта мешавад, Абубакр Қурбонов, хоҳарзодаи шашсолаи онҳо низ дар ин ҳодиса бо ду зарби корд захмӣ шуда, дертар дар бемористони шаҳр ҷон бохтааст. Ӯ писари Фотима Қурбонова, духтари дигари ин хонавода, ки дар Русия қарор дорад, будааст.
Бо гумони даст доштан дар куштор Сафаралӣ Валӣ, сокини 32-солаи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, ки дар бозори “Фаровон”-и шаҳри Душанбе дар нуқтаи фурӯши орд боркаш будааст, боздошт шудааст.
Боздоштшуда шавҳари Зуҳро Қурбонова буда, онҳо якҷо то моҳи феврали соли ҷорӣ дар Душанбе зиста, ба гуфтаи наздикони Зуҳро؟ ӯ пас аз як муноқиша ба Кӯлоб ба хонаи волидонаш рафтааст.
Гуфта мешавад, Сафаралӣ Валӣ дар баёноти аввалияи худ ба мақомот гуфтааст, ки соати дуи шаб вориди хона шуда, иштибоҳӣ ба хоҳарарӯсаш Таҳминаи Шоҳмаҳмад, ки барои ба дунё овардани тифл дар хонаи падару модараш будааст, ҳамла кардааст. Ва пас аз он ки ҳамсараш аз хоб бедор шуда, дод мезанад, ӯро шинохта ба ӯ низ ҳамла мекунад, вале ба ду фарзанди худаш, ки дар он ҳуҷра хоб будаанд, осеб нарасондааст.
Дурустии ин гуфтаҳоро тасдиқ ё инкор карда намешавад, чун мақомот то ҳол дар ин бора чизе нагуфтаанд ва назари пайвандони гумонбар низ дастраси расонаҳо нашудааст.
Ҳамчунин маълум нест, ки Сафаралӣ Валӣ чаро бо корд ба кӯдаки шашсола ҳамла карда, ӯро куштааст.
Шомаҳмад Қурбонов, падари Зуҳро ва Таҳмина, дар суҳбати телефонӣ ба расонаҳо гуфтааст, ки дар ҳолати афсурдагӣ қарор дорад ва сабаби бераҳмона кушта шудани ду духтар ва як набераашро намедонад ва хоҳони таҳқиқи мунсифонаи ҳодиса шудааст.
Гуфта мешавад, намози ҷанозаи ин ду зани ҷавон ва як кӯдаки шашсоларо рӯзи 2-юми апрел дар масҷиди ҷомеи Кӯлоб, ки бо номи масҷиди “Мулло Ҳайдар” маъруф аст, баргузор гашта, онҳоро худи ҳамон рӯз ба хок супурдаанд.
Бояд гуфт, ин сеюмин ҳодисаи пурсарусадои куштор дар шаҳри Кӯлоб аз аввали соли ҷорӣ мебошад. Дар ин шаҳр рӯзи 8-уми феврал Қурбоналӣ Маҳмудов дар ҷанҷол аз ҷониби ҳамсояаш кушта шуда буд. Ҳамчунин шаби 11-уми январ дар занозании миёни ҷавонон Муҳаммадалӣ Саъдуллоев, варзишгари 19-сола ҷон бохт.
