Марги як наваскар дар роҳ ба сӯи Душанбе

Дар ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рӯзи 2-юми апрел бар асари канда шудани сангпора аз кӯҳ ва бархӯрди он ба автобусе, ки наваскаронро интиқол медод, як ҷавон ҷон бохтааст.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, дар ин ҳодиса дасти кам се нафари дигар захмӣ шудаанд. Гуфта мешавад, автобус наваскаронро аз Хоруғ ба Душанбе мебурд, ки қисмати ноҳияи Ванҷ ногоҳ сангҳо аз кӯҳ сарозер шуда ба автобуси онҳо бархӯрдааст.

Бар асоси иттилои манбаъ, сангпора ба қисми миёнаи автобус бархӯрда, сабаби рух додани садама гардидааст. Захмиён аввал ба бемористони марказии ноҳияи Ванҷ интиқол ёфта, пас аз ташхис бо чархбол ба Душанбе фиристода шудаанд. Ҷасади ҷавони фавтида ба зодгоҳаш ноҳияи Шуғнон бурда шудааст.

Мақомот то ҳол ин ҳодисаро расман шарҳ надодаанд.

Дар ҳамин ҳол як наворе, ки дар фазои маҷозӣ паҳн шудааст ва гуфта мешавад ба автобусе марбут аст, ки наваскаронро интиқол медод, дида мешавад, ки пораи санги калоне аз сақфи автобус бархӯрда, ба дохили он ворид шудааст.

Ин ҳодиса дар ҳоле рух дода, ки мавсими даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон аз 1-уми апрели соли ҷорӣ оғоз шудааст ва то охири моҳи май идома меёбад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҷосусӣ тавассути реклама: дастгоҳҳои “Ал-Ҷазира” ҳадаф қарор гирифтанд

Пажӯҳишгоҳи Citizen Lab ошкор кардааст, ки рекламаҳои интернетӣ барои олуда кардани дастгоҳҳои кормандони “Ал-Ҷазира” ба ҷосусафзор истифода шудаанд.

Тифли дуздидашударо баъди панҷ рӯз пайдо карданд

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, навзоде, ки шаби 11-уми октябр аз як таваллудхона дар Душанбе ғайб зада буд, "сиҳату саломат" пайдо шудааст.

Мулоқот бо СБП: кадом хавфҳои иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ шуданд?

Ҳайати Тоҷикистон рӯзи 13-уми октябр дар Тайланд бо роҳбарияти СБП масъалаҳои сиёсати пулию қарзӣ, рушди низоми бонкӣ ва таҳкими суботи иқтисодиро баррасӣ кард.

Аз тиб то сартарошхона: муҳоҷирон дар Санкт-Петербург аз кор дар чанд соҳа маҳрум шуданд

Дар шаҳри Санкт-Петербург барои муҳоҷироне, ки бо патент фаъолият мекунанд, маҳдудиятҳои нави корӣ ҷорӣ шуд.