Покистону Тоҷикистон ҳамкориҳои ҳуқуқиро тақвият мекунанд

Покистону Тоҷикистон тасмим доранд ҳамкориҳои дуҷонибаро дар бахшҳои ҳуқуқӣ ва қазоӣ густариш диҳанд. Дар ин бора расонаи “DailyIndependent” рӯзи 2-юми апрел хабар дод.

Тибқи гузоришҳо, ин масъала зимни мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Покистон Шарифзода Юсуф Тоир бо вазири федералии ҳуқуқ ва адлияи Покистон Азам Нозир Таррор дар шаҳри Исломобод баррасӣ шудааст.

Дар ҷараёни дидор ҷонибҳо ба таҳкими равобити ду кишвар, ки бар пояи муштаракоти таърихӣ ва фарҳангӣ бунёд ёфтаанд, таъкид карда, зарурати тавсеаи ҳамкорӣ дар самтҳои ҳуқуқӣ ва идориро муҳим арзёбӣ намуданд.

Меҳвари асосии музокирот омодасозии як тафоҳумномаи ҳамкорӣ миёни ниҳодҳои ҳуқуқии ду кишвар будааст. Ин санад ба рушди ҳамкориҳо дар бахшҳои мубодилаи таҷриба, тақвияти робитаҳо ва паванддиҳии амиқи ниҳодҳои қазоӣ, табодули қозиҳо ва мутахассисон, баргузории омӯзишҳои тахассусӣ ва истифодаи таҷрибаҳои пешрафта дар соҳаҳое мисли ҳуқуқи тиҷоратӣ ва ҳалли мунозираҳо равона шудааст.

Ба гуфтаи ҷонибҳо, густариши чунин ҳамкорӣ метавонад дастрасӣ ба адолатро беҳтар намуда, самаранокии ниҳодҳои ҳуқуқиро афзоиш диҳад. Ҳамчунин, он ба таҳкими эътимоди сармоягузорон ба шаффофият ва пешгӯишавандагии низоми ҳуқуқӣ мусоидат хоҳад кард.

Дар поёни мулоқот, Тоҷикистону Покистон омодагии худро барои ниҳоӣ кардани санад ва имзои наздики он изҳор дошта, ба идомаи ҳамоҳангии зич дар ин самт таъкид карданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Тамдиди мораторияи санҷиши соҳибкорон то соли 2029

Эмомалӣ Раҳмон дастур додааст, ки санҷиши фаъолияти соҳибкорони хурду миёна то 1-уми январи соли 2029 маҳдуд карда шавад.

Трамп: Ҷанг бо Эрон ба зудӣ поён меёбад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, мегӯяд, ҷанг бо Эрон ба зудӣ поён меёбад, аммо муҳлати мушаххасеро эълон накард.

Тоҷикистон ҳамлаҳои ҳусиҳо ба Арабистони Саудиро маҳкум кард

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри як изҳорот рӯзи 14-уми сентябр ҳамлаҳои ҳусиҳо ба зерсохторҳои Арабистони Саудиро маҳкум кард.

Идомаи таъқибу фишори Муҳаммад Султон пас аз озод шуданаш аз зиндон

Рӯзноманигори собиқи тоҷик ва полковники мустаъфӣ Мамадсултон Мавлоназаров, аз идомаи таъқибу фишор пас аз озод шуданаш аз зиндон хабар дод.