Даргирии мусаллаҳона байни Толибон ва марзбонони Эрон
Субҳи рӯзи 14-уми майи соли ҷорӣ байни марзбонони Толибон ва Ҷумҳурии исломии Эрон даргирии мусаллаҳона сурат гирифт, ки дар натиҷа як марзбони эронӣ кушта шудааст.
Дар интихоботи президентии Туркия кӣ пештоз аст?
Дар Туркия рӯзи якшанбе, 14-уми майи соли ҷорӣ интихоботи президентӣ баргузор шуд. То ин лаҳза бо шумориши 99,1%-и овози интихобкунандагон Раҷаб Тайиб Эрдуғон 49,36 дарсади раъйи мардумро ба даст оварда, пешсаф аст.
Зиндон тарбият накард. Бори дуюм аст бо иттиҳоми қаллобӣ боздошт мешавад
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти як сокини шаҳри Душанбе хабар дод, ки бо ҷурми азхудкунии наздики 400 ҳазор сомонии пули мардум муттаҳам мешавад.
Ҳамлаҳои ҳавоии Исроил болои мардуми Ғазза
Дар натиҷаи ҳамлаҳои ҳавоии Исроил болои Навори Ғазза дасти кам 25 нафар кушта, 60 нафари дигар захмӣ шудаанд, ки дар байни кушташудаҳо занону кӯдакон низ ҳастанд.
Чаро Фаронсаи демократ аз Эмомалии диктотур истиқбол мекунад?
Бархе коршиносони масоили сиёсӣ муносибатҳои кишварҳои аврупоӣ бо кишварҳои диктотурӣ, аз ҷумла бо Тоҷикистонро муносибатҳои духӯра ном ниҳода, аз он интиқод мекунанд.
Хабарҳои рӯз
Amnesty International аз мақомоти Тоҷикистон озодии фаъолони помириро талаб кард
Cозмони ҳуқуқии “Афви Байналмилал” (Amnesty International) аз кишварҳои ҷаҳон даъват кард, ки паноҳҷӯёни зодагони Бадахшонро ба Тоҷикистону Русия истирдод накунанд.
Вокуниши Толибон ба Эмомалӣ Раҳмон
Толибон дар як вокуниши расмӣ иддаоҳои кишварҳои ҳамсояи Афғонистон, аз ҷумла Тоҷикистон ва Эронро дар мавриди афзоиши маводи мухаддир "бемаврид" хондааст.
Нигаронии Тоҷикистон аз афзоиши ихтилофот
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар нишасти ғайринавбатии Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ аз афзоиши ихтилофот изҳори нигаронӣ кардааст.
Арманистон барои пазироӣ аз арманитаборҳои Қарабоғ омода мешавад
Мақомоти Арманистон баъд аз таслим кардани Қарабоғи Кӯҳӣ ба Озорбойҷон эълони омода шудан барои пазироӣ аз арманитаборҳои ин минтақа шудаанд.