Корҳои фаҳмондадиҳӣ барои бартараф намудани ифлосии Душанбе

Масъулони шаҳри Душанбе мехоҳанд бо гузарондани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни мардум мушкилии партовҳои пойтахтро бартараф кунанд.

Дар ин бора рӯзи 26-уми июл муовини раиси шаҳри Душанбе Толиб Раҳимзода зимни нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон хабар дод.

Раҳимзода дар ин нишаст ифлосшавии кӯчаҳои пойтахтро эътироф кард, аммо ба ҷуз корҳои фаҳмондадиҳӣ дар бораи тадбирҳо барои бартараф намудани ин мушкилӣ чизе нагуфт.

Муовини Рустами Эмомалӣ гуфтааст, дар 6 моҳи аввали соли ҷорӣ нисбати шаҳрвандоне, ки партовҳоро дар ҷойҳои барои он пешбининашуда мепартоянд, 806 протокол тартиб додаанд.

Инчунин дар ин муддат аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зист 71 аксияи рӯбучин ва тозакунии маҳаллаҳо, 43 аксияи “Соҳили тоза”, инчунин 63 аксияи “Тозагии роҳҳо” гузаронида шудааст.

Ба иддаои Раҳимзода дар пойтахти кишвар 18 ҳазору 600 контейнери ҷамъоварии партов, аз ҷумла 563-то дар назди хонаҳои баландошёна гузошта шудааст ва баҳори имсол дар 50 нуқтаи ҷамъоварии партови шаҳри Душанбе камераҳои назоратӣ насб кардаанд.

Дар ҳоле масъалаи мушкилии партовҳо дар Душанбе дар нишасти матбуотӣ бо иштироки мақомдорон бардошта мешавад, ки сокинони пойтахт тозагии шаҳри Душанберо хело “ташвишовар” мегӯянд.

Ба гуфтаи сокинон, пештар партовҳоро дар як хафта як ё ду бор аз пеши хонаҳои истиқоматӣ ва партовгоҳои шаҳр тоза мекарданд, аммо ҳоло дар ин гармии ҳаво дар як моҳ як ё ду бор тоза мекунанд, ки ин боиси касалиҳои сироятӣ ва хатар ба саломатии сокинони шаҳр мебошад.

Гуфта мешавад, раҳбарии шаҳрдории Душанберо Рустами Эмомалӣ, писари раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2017 бар дӯш дорад ва сокинони шаҳр аз мудирияти ӯ ба шиддат интиқод карда, мегӯянд, ки наметавонад мушкилоти шаҳрро бартараф кунад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ камтар, вале аз Ҳиндустон ва Чин бештар

Русия дар пасманзари ҷанг алайҳи Украина ва камбуди шадиди қувваи корӣ ҷалби муҳоҷирони кориро зиёд кардааст.

Украина мегӯяд: 20 ҳазор шаҳрванди Осиёи Марказӣ барои Русия меҷанганд

Украина беш аз 20 ҳазор ҷангҷӯи ҷалбшуда ба артиши Русия аз кишварҳои Осиёи Марказиро сабт кардааст. Мақомоти Осиёи Марказӣ бошанд, мавқеи ягона надоранд.

Клинтон ояте аз Қуръон хонду шоҳ Чарлз меҳмонашро бо ҳадис пешвоз гирифт

Билл Клинтон, собиқ раисҷумҳури Амрико бо ишора ба Қуръон таҳқири мусулмононро маҳкум кард ва шоҳ Чарлзи III дар қабули султони Умон ҳадиси Паёмбар (с)-ро ба арабӣ хонд.

Оё синни нафақа дар Тоҷикистон тағйир меёбад?

Бонки рушди Осиё ба Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки дар оянда масъалаи боло бурдани синни нафақаро баррасӣ кунад.