29.9 C
Dushanbe

Авҷ гирифтани “рейд”-и муҳоҷирон дар Русия

Дар шаҳру ноҳияҳои َФедератсияи Русия тафтишу боздошт ва истирдоди муҳоҷирони корӣ авҷ гирифтааст.

Тафтиши муҳоҷиронро кормандони Сарраёсати тафтишот, Вазорати корҳои дохилӣ ва Гвардияи Русия дар доираи амалиёти “Мигрант” дар қаҳвахонаҳо, истгоҳҳои таксӣ, хобгоҳҳо ва хонаҳо гузаронида истодаанд.

Бино ба иттилои расонаҳо? нерӯҳои интизомии Федератсияи Русия танҳо дар як ҳафтаи охир беш аз шаш ҳазор муҳоҷири кориро барои вайрон кардани қонунҳои муҳоҷират боздошт кардаанд, ки аз ин шумор 500 нафарашон мунтазири ихроҷ ҳастанд.

Инчунин мақомоти Русия нафаронеро, ки шаҳрвандии ин кишварро доранд, барои иштирок дар ҷанги Украина маҷбуран ба комиссариатҳои ҳарбӣ мебаранд.

Муҳоҷирони кории тоҷик аз он шикоят доранд, ки дар рафти ин “рейд”-ҳо пулис онҳоеро, ки ҳатто мадорики заруриро доранд, боздошт карда, ба боздоштгоҳҳо мебаранд ва дар онҷо бе хӯроку бе ҷойи хоб нигаҳ медоранд. Инчунин ба гуфтаи муҳоҷирон, дар рафти ин боздоштҳо мақомоти пулис нисбати онҳо бадрафторӣ мекунанд.

Чанд моҳи охир дар Русия фазои муҳоҷирбадбинӣ ва тафтишу боздошти онҳо тавассути мақомоти амниятӣ авҷ гирифта, ҳатто даҳҳо гурӯҳҳои зиддимуҳоҷирон дар шабакаҳои иҷтимоӣ кушода шудаааст. Гуфта мешавад, дар баъзе шаҳру ноҳияҳои Федератсияи Русия овезаҳое дар деворҳо ва маконҳои умумӣ насб шуда ва аз муҳоҷирон даъват мешавад, ки Русияро тарк кунанду ба хонаҳояшон баргарданд.

Пештар аз ин, даҳҳо тан аз сокинони шаҳри Котелники дар чанд муроҷиати видеоӣ ба президенти Русия Владимир Путин аз “қонуншиканӣ” ва зиёд шудани муҳоҷирон дар ин шаҳр шикоят карда, хоста буданд, ки пеши роҳи вуруди муҳоҷиронро ба Русия бигирад. 

Аммо дар баробари ин, чанд вакили парлумон ва мақомдорони рус бар зидди муҳоҷирон изҳорот дода, хоста буданд, ки барои муҳоҷирони кишварҳои Осиёи Марказӣ виза ҷорӣ шавад, вуруди онҳо ба кишвар манъ ва ё ба ҷанг бурда шаванд. 

Баъд аз ин муроҷиатҳо дар аксари шаҳру ноҳияҳои Русия “рейд”-и густурдаи муҳоҷирон оғоз шуд. 

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Мулоқоти Раҳмонов ва Пизишкиён дар Озарбойҷон

Раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Эрон Масъуди Пизишкиён мулоқот кард.

Гармои шадид дар Тоҷикистон сокинонро нигарон кардааст

Рӯзҳои ахир шиддати гармои тобистонӣ дар Тоҷикистон аксари сокинонро нигарон кардааст.

Имомуддин Сатторов сафири Тоҷикистон дар Лаҳистон шуд

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон ва Лаҳистон Имомуддин Сатторов эътимодномаи худро ба Президенти Лаҳистон Анджей Дуда супорид.

Толибонро аввалин кишвари дунё расман эътироф кард

Пас аз чор соли ба сари қудрат расидани Толибон дар Афғонистон Русия аввалин кишваре шуд, ки ҳукумати сарпарастро ба расмият шинохт.