21.9 C
Dushanbe

Акнун ВКД аризаҳои шаҳрвандонро электронӣ қабул мекунад

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо роҳандозии саҳифаи нави электронӣ хабар дод, ки аризаҳои шаҳрвандон дар бораи ҷиноятро ба тариқи Интернет қабул мекунад.

Тавре хабаргузории давлатии “Ховар” иттилоъ медиҳад, фаъолияти қабули электронии аризаи шаҳрвандон дар доираи “Барномаи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2021-2025” роҳандозӣ шудааст.

Гуфта мешавад, ин барнома барои осон кардани кори муроҷиаткунандагон ва сари вақт пешгирӣ кардан аз ҷиноятҳо роҳандозӣ шудааст. Чунин иқдом дар Тоҷикистон аз иқдомҳои аввалин дар самти истифода аз абзори электронии муосир дар кори давлатдорӣ ба шумор меравад.

Дар замони Интернету технологияҳои муосир аксари кишварҳои дунё барои осон кардани кор барномаҳои ҳукумати электрониро пеш гирифтаанд, ки ин барнома метавонад аз ҳама ҷиҳат барои шаҳрвандон муфид ва самаранок бошад. Аммо Тоҷикистон бо вуҷуди пиёда кардани барномаи мазкур дар ин самт пешравии чашмрасе надорад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Боздошти ду тоҷикистонӣ бо гумони ба асорат гирифтани ҳамватани худ

Мақомоти Русия хабар доданд, ки ду шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гумони ба асорат гирифтан ва латтукӯби як ҳамватани худ боздошт шудаанд.

Русия мехоҳад бештар хориҷиёнро ба ҷанги зидди Украина барад

Дар наздиктарин фурсат дар Русия қонуни наве қабул мешавад,...

Оё низоми таҳсили 12-сола метавонад сифати таҳсилро беҳтар кунад?

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи гузариш ба низоми таҳсили 12-соларо ҷорӣ карданӣ аст.

Чаро кишварҳои ҳамсоя афғонҳоро ихроҷ мекунанд?

Ба иттилои мақомоти Толибон, Эрон зарфи як моҳ беш аз 500 ҳазор муҳоҷири афғонистониро ихроҷ кардааст.