10.9 C
Dushanbe

Аз куҷо бояд ду сола хӯрок захира кунанд? Чаро Эмомалӣ Раҳмонро Ванга ном монданд?

Эмомалӣ Рамҳон тақрибан 12 сол боз зимни муроҷиатҳояш ба мардум як чизро пайваста такрор мекунад. Он ҳам ин аст, ки ҳар кас бояд барои ду соли оянда маводи хӯрока захира кунад.

Чунин муроҷиатҳояшро Президент аз соли 2008 оғоз кардааст. Ӯ дар соли 2009 зимни як муроҷиат ба мардуми кишвар гуфт, ҳар кас бояд барои ду соли оянда маводи хӯрока захира кунад.

Он замон Раҳмон гуфта буд, ки буҳрони молӣ ва ҳамчунин офатҳои табиӣ, хушксолӣ ва камобӣ ба иқтисоди Тоҷикистон таъсири манфии худро гузоштааст ва “ҳар як оила бояд бо истифода аз фаровониву афзоиши имсола захираи дусола дошта бошад”. Раҳмон пас аз 13 сол низ ҳамин гуфтаҳояшро боз дар паёми солонаи наваш такрор кард, аммо ин дафъа сабабро пандемия гуфт.

Пас аз бори дигар садо додани ин суханҳо дар паёми имсолааш дар Парлумон бисёре аз корбарон ӯро ба Ванга, як зани булғории нобино, ки бо пешгӯиҳояш дар дунё маъруф буд, ташбеҳ кардаанд. Аммо суоли беҷавобе, ки пайваста сокинон ва фаъолону коршиносон ба рисҷумуҳур ироа мекунанд, ин аст, ки чунин захираро аз куҷо ва аз кадом ҳисоб бояд ҷамъ бикунанд?

Бояд гуфт, дар ҳоли ҳозир ҳадди ақалли маош дар Тоҷикистон 400 сомонӣ (камтар аз 40 доллар) ва музди миёнаи маош – 1406 сомонӣ аст. Андозаи миёнаи нафақа дар кишвар 303 сомониро дар бар мегирад.

Дар таҳқиқе, ки “Аздо ТВ” гузаронд барои як ҳафта харидории маводи озуқа дар Тоҷкиистон, оилае, ки аз се нафар иборат ҳаст ба 505 сомонӣ ё 44 доллар ниёз дорад. Ва агар онро ба 4 ҳафта зарб бизанем 2020 сомониро ташкил медиҳад, ки ҳатто ҳамон маоши миёнаи 1406 сомонӣ барои харидории маводи озуқа басанда нест. Ҳоло хароҷот барои сару либос ва хидматрасониҳои комуналиву роҳкиро ва табобат ҳисоб нашудааст.

Ин таҳқиқи мо нишон дод, бо вуҷуди он ки дар Тоҷокистон поинтарин маош ҳатто дар байни кишварҳои пасошуравӣ мавҷуд аст, нархи аксари маҳсулоти ғизоӣ, аз ҷумла гӯшт ба маротиб аз кишварҳои Аврупоӣ гаронтар мебошад. Пас аз куҷо сокинон бояд барои дусола захираи ғизо маблағ пайдо кунанд? Коришоносон ин суханҳои расиҷумуҳрро ҷуз дурӣ ҷустан аз масъулият чизи дигаре намедонанд.

Даъвати ба такрори президентро коршиносон аз дарки воқеъияти кишвар дур мондани ӯ медонанд. Ҳудуди як миллион сокинони Тоҷикистон дар Русия муҳоҷири корӣ ҳастанд ва интиқоли пули онҳо даромади асосии хонаводаҳояшон мебошад.

Пушида нест, ки дахли асосии оилаҳо дар Тоҷкиситон аз ҳисоби муҳоҷирон мебошад. Аммо суоли асосӣ он аст, ки оё маблағи ба даст вардаи онҳо барои захира кардани маводи ғизоии дусола мерсад? Мо бо ин суол ба худи муҳоҷирон муроиҷат кардем. Як муҳоҷире, ки солҳост дар Русия кор мекунад ба шарти ифшо нашудани номаш чунин посух дод.

Фарҳод Одинаев, ки солҳо бо муҳоҷирон кор кардааст мегуяд, муҳоҷирони тоҷик дар Русия асосан ба се категория ҷудо мешаванд. Касоне, ки дар сохтмон кор мекунанд ва қисме дар бозорҳо ба савдо машғуланд ва қисме дар таксӣ. Даромади онҳо аз 30 то 60 ҳазор рубли русӣ дар моҳ аст. Маблағи бештарро таксиронҳо ба даст меоваранд, аммо сарфи бештарро низ ҳамонҳо доранд.

Чун сохтмончиҳо асосан дар ҷойи корашон сукунат мекунанд. Аммо таксиронҳо маҷбуранд дар шаҳр сукунат кунанд. Аз ҳамин хотир бо назардошти масрафоти шахсии худи муҳоҷирон ҳадди аксари маблағе, ки онҳо имкони фирситодан ба оилаҳояшонро доранд ҳудуди 300 долар будааст. Чун оилаҳои онҳо нисбатан калон аст ва ин мабалағ танҳо барои хуроки якмоҳа мерасад.

Ба гуфтаи аксари фаъолон дар Тоҷикистон хешовандони раисҷумуҳр пайваста талош меварзанд, ки аксари маблағҳои коркардаи сокинонро ба ҷайби худ бизананд. Он шуруъ мешавад, аз чипатаҳои гаронтарин дар минтақа то шиносномаву шаҳодатномаҳои тибии мактаббачагону ивази симкортоҳо ва ҷамъоварии маблағ барои ину он, ки ҳмаи ин бозорҳоро фарзандону домод ва додарарусони Эмомалӣ Рамҳон зери даст доранд.

Ҳатто барои сафарҳои раисҷумуҳр ба минтақаҳо масъулин аз сконинон маблағ ҷамъ мекунанд, ки ба гуфтаи фаъолон, ин ҳама боис шуда, то яки муҳоҷир ҳиҷгоҳ ду нашавад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ихроҷи тоҷикон аз Кореяи Ҷанубӣ

Бино ба иттилои манобеи Azda tv, мақомоти Кореяи Ҷанубӣ дар ин чанд рӯзи ахир бархе аз муҳоҷирони тоҷикро боздошт ва аз ин кишвар ихроҷ кардаанд.

Ҷойивазкунии мақомдорон дар Тоҷикистон

Бо фармон ва қарорҳои нави Эмомалӣ Раҳмон чанд нафар аз як вазифа озод ва ба вазифа дигар таъйин шуданд.

Истирдоди як фаъоли тоҷик аз Лаҳистон ба Тоҷикистон

Мақомоти Лаҳистон ҳафтаи гузашта боз як фаъоли тоҷикро боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод кардааст.

Чаро ҷавонон ифротгаро мешаванд?

Маънои луғавӣ ва истилоҳии ифротгароӣ Ифротгароӣ дар луғат ба маънои аз ҳад гузаштан, аз меъёр гузаштан ва зиёдаравӣ кардан аст (фарҳанги форсии Муин, фарҳанги форсии Амид). Калимаҳои мутародиф ва ё ҳаммаъно бо ифрот иғроқ, газофа, муболиға, сахтгирӣ, ғулув ва монанди ин мебошанд.