Аз танишҳои лафзӣ байни Русия ва Лаҳистон то ҳушдори амниятӣ

Пас аз изҳори назари вазири корҳои хориҷии Лаҳистон Радослав Сикорский дар бораи ҷанги Русия ва Украина таҳдидҳои лафзӣ байни Маскав ва Варшава шиддат гирифтааст.

Радослав Сикорский рӯзи 13-уми сентябр зимни ҳамоиши амниятии YES дар шаҳри Киев изҳор дошт, ки дар сурати ҳамлаи Русия ба НАТО, эътилоф бо такя ба бартарии низомӣ ва ҳавоии худ метавонад Русияро “дар муддати кӯтоҳ” шикаст диҳад. Ба гуфтаи ӯ, кишварҳои аврупоии узви НАТО ҳатто бидуни иштироки Иёлоти Муттаҳида низ қодиранд ба зерсохторҳои муҳими низомӣ ва энержии Русия зарба зананд.

Ин изҳорот дар Русия бо вокуниши шадид рӯ ба рӯ шуд. Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова суханони Сикорскийро “русофобия” номида, ӯро сахт танқид кард. Дар худи Лаҳистон низ бархе таҳлилгарон гуфтанд, ки чунин изҳорот метавонад ба таври гуногун тафсир шавад ва бояд мушаххас карда шавад, ки сухан аз дифои қаламрави НАТО меравад ё аз амалиёти эҳтимолии низомӣ.

Дар ҳамин ҳол, рӯзи 15-уми сентябр дар Фурудгоҳи байналмилалии Шопени Варшава пас аз пайдо шудани як ҷомадони беназорат, ки эҳтимол мерафт дорои маводи тарканда бошад, хадамоти амниятӣ қисме аз терминалро тахлия карда, садҳо мусофирро муваққатан аз бинои фурудгоҳ берун карданд. Баъд аз санҷиши мутахассисон маълум шуд, ки ҷомадон хатар надоштааст ва фаъолияти фурудгоҳ ба ҳолати муқаррарӣ баргашт.

Ҳарчанд мақомоти Лаҳистон миёни ин ҳодиса ва танишҳои сиёсӣ бо Русия ҳеҷ иртиботе эълон накардаанд, вале пайдо шудани ашёи шубҳанок дар яке аз бузургтарин фурудгоҳҳои кишвар дар пасманзари шиддат гирифтани муносибатҳои Маскав ва Варшава нигарониҳои сокинон ва мусофиронро бештар кард.

Муносибатҳои Русия ва Лаҳистон пас аз оғози ҷанги Украина дар соли 2022 ба яке аз поинтарин сатҳҳои худ расидааст. Варшава аз ҳомиёни асосии Киев ба шумор рафта, ба Украина кумакҳои низомӣ, молӣ ва башардӯстона мерасонад, аз таҳримҳои Ғарб алайҳи Русия пуштибонӣ мекунад ва аз густариши ҳузури нерӯҳои НАТО дар марзҳои шарқии Аврупо ҳимоят менамояд. Дар навбати худ, Маскав Лаҳистонро ба пешбурди сиёсати зиддирусӣ ва афзоиши танишҳо дар минтақа муттаҳам мекунад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Кушта шудани 35 нафар дар ҳамлаи Русия ба автобусҳо дар Украина

Дар пайи ҳамлаи ҳавоии Русия ба ду автобуси мусофирбар дар шаҳри Краматорски вилояти Донетск даҳҳо нафар куштааст.

“Ҷумъаи хунин”: ҳамлаҳои эҳтимолӣ ба мактабҳои Лаҳистон ва боздошти беш аз 10 нафар

Пас аз ду ҳамла дар муассисаҳои таълимии вилояти Мазовияи Лаҳистон (Полша) дар миёни хонандагон ва волидон овозаҳо дар бораи эҳтимоли ҳамлаҳои нав бо номи “ҷумъаи хунин” паҳн шудаанд.

Тоҷикистон ва ИМА таъмини бозори кишвар бо маҳсулоти нафтиро баррасӣ карданд

Тоҷикистон бо намояндагони Амрико дар Душанбе масъалаи таъмини бозори дохилии кишвар бо маҳсулоти нафтиро баррасӣ мекунад.

Амрико эҳтимоли ҳамлаи нав ба Эронро пеш аз интихоботи миёндавраӣ баррасӣ мекунад

Доналд Трамп имкони анҷоми ҳамлаҳои нави низомӣ ба Эронро пеш аз интихоботи миёндавраии ИМА баррасӣ мекунад. Аммо ҳанӯз дар бораи оғози чунин амалиёт қарор гирифта нашудааст.