Хабар БЛОГИ ШУМО МАҚОЛА

Аз “тақсими ҷаҳон” ба Русия танҳо Тоҷикистон расид? Ё чаро Путин ба Тоҷикистон омад? 

Сафари Путин ба Тоҷикистон на барои “тақсимоти ҷаҳон”, балки барои ҳифз ва тақвияти нуфузи низомиву геополитикии Русия дар Осиёи Марказӣ буд.

Аз “тақсими ҷаҳон” ба Русия танҳо Тоҷикистон расид? Ё чаро Путин ба Тоҷикистон омад?  Акс аз: President.tj

Аз нишасти қудратҳои ҷаҳонӣ, ки бархе расонаҳо онро ҳатто “тақсими нави ҷаҳон” унвон карданд, Путин мустақим ба Тоҷикистон парвоз кард. Агар ба иддаъоҳоеро мисли “тақсими ҷаҳон” бовар кунӣ, мешуд тахмин зад, ки Путин “нишонагузории” қисми худашро баъди тақсим аз Тоҷикистон шуруъ кардааст. Ва баръакс, агар ба иддаъои (бештар ҷониби дигар) “пушти дар” ё “зери пояи тахт” мондани Путин дар гуфтугӯи ду абарқудрати ҷаҳонӣ бештар майл дорӣ, мешуд тахминро ба ин бино кард, ки дар “тақсимот” ба Путин танҳо Тоҷикистон расидааст.

Аммо на ҷаҳон тақсим шуд, чун а) дигар тақсим шуданӣ нест; б) ҳади ақал Путину Трамп ин имкону салоҳиятро надоранд ва на Тоҷикистон ба Русия расид (дар асл, бе ин гуна “тақсимҳо” ҳам бештарин таъсир дар Тоҷикистонро ин кишвар дорад). Сафари Путин ба Тоҷикистон, ҳарчанд “ногаҳонӣ” унвон мешавад, ҳанӯз қабл аз сафараш ба Чин барномарезӣ шуда буд, ки наметавонад бо он рабти мустақим дошта бошад, ба истиснои қарор доштан Душанбе дар “канори ҷода” (“по пути”) барои Путин ва орзуи ӯ барои тақсими ҷаҳон ё ҳади ақал расидан ба пои Сталин. Пас боястӣ сафари Путин ба Душанбе ҷудо аз сафараш ба Шинҷон баррасӣ шавад.

Расонаҳои Тоҷикистон ҷузъиёти бисёр каме аз сафари Путин ироа намудаанд, ҳатто бархе аз масоилро “фаромӯш” кардаанд. Аз ҷумла он масоилеро, ки ҳам расонаҳои русӣ ва ҳам мақомоти он кишвар бештар болояш тамаркуз карда буданд: масъалаи Афғонистон ва пойгоҳи 201-ум. 

Худи Путин, тибқи иттилоъи “Интерфакс”, ҳадафи сафарашро чунин баён кард: “ҳайати ҳукуматии мо бо раҳбарии муовини сарвазир Оверчук дар Афғонистон буд ва ман мехостам Эмомалӣ Раҳмонро аз натоиҷи ин сафар ва ин ки ояндаи ҳамкориҳо дар самти Афғонистонро чӣ гуна мебинем, дар ҷараён гузорам”. 

Раисҷумҳури Русия ҳамчунин ёдовар шуда, ки дар Тоҷикистон пойгоҳи 201-уми кишвараш қарор дорад ва он “кафолати хуб ва воқеъии амният дар минтақа” мебошад. “Дар ин маврид ҳам бояд гуфтугӯ кард, дар масоили амниятӣ, аз ҷумла идомаи фаъолияти ин пойгоҳ ва ҳамчунин муносиботи дуҷониба” – изҳор доштааст ӯ. 

Путин ҳамчунин таъкид карда, ки масоиле, ки бояд баррасӣ шаванд, зиёданд: робитаҳои тиҷориву иқтисодӣ бо суръати хуб рушд мекунанд ва тарҳҳои муштараки ояндадор ҳам вуҷуд доранд.

Дар ҳамин ҳол расонаҳои давлатии Тоҷикистон аслан ҳеҷ ишорае ба гуфтугӯи Раҳмону Путин дар бораи Афғонистон ва пойгоҳи 201 намекунанд. Аз ҷумла, “Ховар” танҳо навишта, ки дар мулоқот “аз амнияти минтақа, терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва ҳамкории ниҳодҳои мудофиавӣ” баррасӣ шудааст, аммо аз баррасии Афғонистон ва фаъолияти пойгоҳи 201 чизе нагуфтааст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳаддиақал масъалаи пойгоҳ бо ширкати ҳайати баландпояе аз низомиёни рус баррасӣ шудааст. Сухангӯи раисҷумҳури Русия Дмитрий Песков гуфта, ки ҷонибҳо аҳамияти идомаи ҳузури пойгоҳи низомии Русияро таъкид кардаанд. Бо намояндагони Вазорати дифоъ ҳам гуфтугӯи алоҳида баргузор шудааст, ки дар миёни ширкаткунандагонаш номи Игор Костюков, раҳбари Сарраёсати иктишоф (ГРУ), зикр шудааст. Ин ҷузъиёт нишон медиҳад, ки ҳаддиақал бахши низомии мулоқот масоили мушаххасеро баррасӣ кардааст. Аммо мӯҳтавои ин гуфтугӯи пушти дарҳои баста ошкор нашудааст.

Таҷриба нишон медиҳад хомӯшии мақомот дар масоиле ишора ба ин дорад, ки он масоил ҳаддиақал ба нафъи кишвар набудааст. Бархе коршиносон тахмин мезананд дар ин гуфтугӯ ҷонибҳо на танҳо рӯи идомаи ҳузури пойгоҳ, балки бузургтар кардани он – чи аз рӯи шумори сарбозон ва чи аз шумору анвоъи силоҳу муҳиммот дар он, ба тавофуқ расидаанд.  

Дар назари аввал бузургтар кардани пойгоҳе, ки бе ин ҳам бузургтарин пойгоҳи Русия дар хориҷ аст, дар ҳоле, ки ин кишвар барои идомаи ҷанг алайҳи Укроин бо мушкили сарбозу силоҳ мувоҷеҳ шудааст, мантиқӣ наменамояд. Ҳамчунин Русия қаблан шумори зиёде аз сарбозони ин пойгоҳ ва бахше аз силоҳу муҳиммоташро ба ҷанг алайҳи Укроин сафарбар карда буд. Аммо бо мутамаркиз кардани тамоми нерӯяш – чи низомӣ ва чи иқтисодӣ ва ҳатто сиёсӣ, Путине, ки дар сар орзуи тақсими ҷаҳонро мепарварад, бо мушкили бузурге, ки хатари он барои бақои қудраташ аз шикаст дар ҷанги Укроин камтар нест, мувоҷеҳ шуд: кишварҳои собиқи Шӯравӣ (ба истиснои Тоҷикистон) бо истифода аз заъфи Русия вобастагиашон аз ин кишварро хеле камтар карданд. Дар ин самт гомҳои муваффақе Озарбойҷону Узбекистон ва то ҷое Қазоқистон бардоштанд, ки дертар Арманистон бо ҳамҳамаи бештаре ба он пайваст. 

Идомаи ин раванд метавонад таъсири Русия дар Қафқоз ва Осиёи Марказӣ – манотиқи суннатии зери таъсири ин кишварро бисёр заъиф сохта дар бархе аз кишварҳои ин манотиқ ҳатто ба сифр расонад. Албатта, Укроин муҳимтарин кишвар барои Русия байни кишварҳои собиқи шӯравист, аммо аз даст додани Қафқозу ОМ ҳам зарбаҳои муҳлике ба қудрату таъсири ин кишвар ворид хоҳанд кард, ки ҷуброннопазиранд. То ҳадде, ки ин раванд метавонад ба фурӯпошии худи Русия бирасонад. Ин ҳам дар ҳоле, ки дигар тақрибан мусаллам аст Русия Укроинро барои ҳамеша аз даст додааст.

Зоҳиран мақомоти Русия низ баъди ин ки артишашон дар ботлоқи ҷанги Русия гир мондаву торафт амиқтар фурӯ меравад, ба ин натиҷа расидаанд, ки ҳадди ақал таъсири ин кишвар дар Қафқозу ОМ-ро бояд наҷот дод. 

Пойгоҳи низомӣ омили қудратманди таъсир аст. Бахусус вақте минтақа ҳам пойгоҳи низомии кишвари қудратмандеро дар худаш ҷой дода ва ҳам бастагиву вобастагии зиёди иқтисодие аз он дорад. Ин ду омили таъсир, ки Русия дар ин ду минтақа дорад натиҷаи сиёсатҳову кӯшишҳои наздик ба 200-солаи ин кишвар дар ОМ ва беш аз 250 солааш дар Қафқоз аст, ки аз даст доданашон хисорати бузургест. Ба назар мерасад бо дарки ин мавзуъ, мақомоти Русия тасмим гирифтаанд аз ин хусрони бузург ҷилавгирӣ кунанд. 

Чун омили таъсир пойгоҳи низомӣ бархе хусусиятҳое дорад, ки иқтисод наметавонад ҷойгузинаш бошад. Барои мисол, дар барқарории оҷили таъсири аздастрафта иқтисод ҳаргиз наметавонад нақши пойгоҳи низомиро иҷро кунад, ҳатто агар миллиардҳо доллар ба минтақа рехта шавад. Аз ин хотир, Русия метавонад барои истифодаи пойгоҳҳои низомӣ дар барқарории таъсири қаблиаш дар минтақа аз бархе мушкилот дар самти Укроин сарфи назар кунад ё аз бархе мавқеъҳояш ақибнишинӣ намояд.

Ҳарчанд Арманистон мекӯшад бо истифода аз гир мондани Русия дар Укроин вобастагиаш аз ин кишварро камтар карда, ба Ғарб наздиктар шавад, ин кишвар мизбони пойгоҳи 102-и Русия аст, ки метавонад дар ин раванд мушкилоти зиёде барояш эҷод намояд. Ва агар воқеъан Русия тасмим гирифтааст мавқеъи қаблиаш дар ду минтақаи фавқуззикрро барқарор созад, ин пойгоҳ метавонад на танҳо барои худи Арманистон, балки кулли Қафқаз дарди сар эҷод намояд. 

Ҳамин гуна, пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон низ, ки аз қазо бузургтарин пойгоҳи ин кишвар дар хориҷ аст, на танҳо барои зери таъсири Русия нигоҳ доштани худи Тоҷикистон, балки баргардонидани кулли минтақа зери он таъсир истифода хоҳад шуд. Аслан ҳадафи аслии вуҷуди ин пойгоҳ ҳам ҳамин буд, аммо бо шуруъи ҷанги Укроин ва тазъифи мавқеъи геополитикии Русия натавонист вазифаашро иҷро кунад. Зоҳиран ҳоло Русия мехоҳад бохтҳои панҷ соли ахираш дар минтақаро ҷуброн кунад. 

Албатта, ин сафар ҷанбаи иқтисодӣ ҳам дорад: ҳайати Русия дар Кобул интиқоли ғалла, доруворӣ ва таҷҳизот, ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика ва роҳу имкониятҳои ҳамлу нақлро баррасӣ кардааст. Зоҳиран барои Маскав муҳим аст, ки густариши ҳузураш дар Афғонистонро бо Душанбе ҳамоҳанг кунад, зеро барои Тоҷикистон муносибат бо ҳамсояи ҷанубӣ мустақиман ба амният пайванд дорад. Ҳамчунин, густариши ҳузури иқтисодии Русия дар Афғонистон метавонад аҳамияти такягоҳи низомиаш дар Тоҷикистони ҳамсояро барои Маскав бештар кунад. Аз ин нигоҳ, нақшаҳои тиҷорӣ ва нигоҳ доштани пойгоҳи 201 ҷузъҳои як стратегияи умумии таҳкими мавқеъ дар минтақа буда метавонанд. 

Дар ҳамин ҳол, ҳаддиақал Узбекистон метавонад бузургтар шудани пойгоҳи 201-умро хатари мустақим ба амнияти худаш ҳисоб кунад, ки дар натиҷа метавонад ба муносиботи ду кишвар, ки солҳои охир хеле беҳтар шудаанд, таъсири манфӣ расонад.

Мавзӯъҳои марбут