10.9 C
Dushanbe

Қазоқистон беш аз 50 муҳоҷири тоҷикро ихроҷ кардааст

Додгоҳе дар Қазоқистон беш аз 50 муҳоҷири тоҷикро ихроҷ кардааст. Ин муҳоҷирон гуфтаанд новобаста аз маҳдудиятҳои ношӣ аз коронавирус ва манъи ҳаракат ва равуо ва баста будани марзҳо, ҳукми онҳо содир шудааст ва феълан ин гурӯҳи муҳоҷирон дар гузаргоҳи Жибек Жоли, байни Қазоқистону Узбекистон, қарор доранд. ​

Сафорати Тоҷикистон дар Қазоқистон гуфтааст, дар бораи ихроҷ шудани шаҳрвандони кишвар ҳеч иттилоъ нагирифтааст. Аммо айни ҳол дар гузаргоҳи сарҳадии Жибек Жоли шумори муҳоҷирони бандмонда 178 нафар ҳисоб шудааст. Ончуноне гуфтем беш аз панҷоҳ нафари онҳо мегӯянд, аз Қазоқистон ихроҷ шудаанд. Бархе аз онҳо нусхаи қарори додгоҳро ба Радиои Озодӣ фиристоданд. Ба онҳо муҳлат дода шудааст, ки дар давоми се рӯз ҳудуди Қазоқистонро тарк кунанд. Бештари қарорҳо рӯзҳои 2 ва 3-юми июн содир шудаанд. Дар сурати тарк накардани қаламрави ин кишвар онҳоро ҷазои сахттар, яъне зиндон таҳдид мекунад. 

Ин дар ҳолест, ки мақомоти Қазоқистон ваъда дода буданд, то 10-уми июл ба муҳоҷирон ҳаққи дуруст кардани санадҳояшонро медиҳанд ва касеро ихроҷ намекунанд. Меҳроб Каримов, муҳоҷири 32-солаи тоҷик аз ҷумлаи онҳоест, ки дар даст қарори ихроҷ дорад. Ӯ мегӯяд, аз як сӯ онҳоро ихроҷ кардаанд, вале аз сӯи дигар аз марз имкони берун шудан намедиҳанд. Меҳроб бо гурӯҳе аз муҳоҷирон охири моҳи феврал барои кор ба Қазоқистон рафта буд. Дар моҳи март дар ин кишвар карантин эълон шуд ва онҳо натавонистанд, кор кунанд. Сафорати Тоҷикистон дар посухи хаттӣ ба Радиои Озодӣ рӯзи 11-уми июн навишт, “аз ҷониби он шаҳрвандоне, ки дар сарҳад ҷамъ омадаанд, дар ин бора ба намояндагӣ ба таври хаттӣ ё шифоҳӣ муроҷиат нашудааст”.

Аммо муҳоҷирон мегӯянд, аз рӯзи аввали мушкил сафоратро огоҳ карда буданд ва сабти суҳбат бо кормандони сафоратро дар даст доранд. Сиёвуш Тешаев, яке аз муҳоҷирон мегӯяд, рӯзе, ки боздошт шуданд, фавран ба сафорат занг заданд. “Сафоратро ҳамон рӯз огоҳ кардем ва ҳамарӯза занг мезанем. Пеш аз мурофиаи додгоҳӣ сафорат мегуфт, ки натарсед, ихроҷ намекунанд, ҳар куҷое рафтед, занг занед, вале вақте қарори ихроҷамон баромад, муносибат дигар шуд”.

Масъулони сафорат дар посух ба суоли Радиои Озодӣ навиштаанд, мақомоти Қазоқистон дар давраи эълони пандемияи коронавирус шаҳрвандони хориҷиро иҷборӣ хориҷ намекунанд

Сафорати Тоҷикистон дар Қазоқистон мегӯяд: “Сафорат то имрӯз маълумоте дар даст надорад, ки нафаре аз шаҳрвандони Тоҷикистон бо сабаби тарк накардани қаламрави Қазоқистон аз ҷониби мақомоти масъули ин кишвар дастгир ва ба маҳкама кашида шуда бошад. Аз ҷумла, он шахсоне, ки Шумо зикр кардаед, то ҳол дар қаламрави Қазоқистонанд (на берун аз он дар ҳудуди нейтралии байнисарҳадӣ) ва то кушода шудани сарҳади Узбекистон, Қирғизистон ё барқарор шудани парвози ҳавопаймоҳо ва пайдо шудани имконияти хуруҷ метавонанд дар кишвари иқомат қарор дошта бошанд”.

Муҳоҷирони дармонда мегӯянд, дар санадҳое, ки дар даст доранд, ҳушдор дода шудааст, дар сурати тарк накардани ҳудуди ин кишвар ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд. Онҳо мегӯянд, дар вазъе қарор доранд, ки на мақомоти тоҷик онҳоро мешунаванд, на мақомоти Қазоқистон. Шаби 2 ба 3-юми июн аз марзи Қазоқистон бо Узбекистон беш аз 200 шаҳрванди дармондаи Тоҷикистонро ба ватан баргардонданд. Як рӯз пас даҳҳо муҳоҷири дигар дар марз ҷамъ шуданд. Мақомот он замон гуфтанд, ки муҳоҷирон аз вазъ истифода мекунанд ва бе ҳеч сабаб мехоҳанд, ба ватан баргарданд. Он вақт мақомот аз муҳоҷирон хостанд, то анҷоми карантин дар кишвари иқомати худ бимонад.

Муҳоҷирони ихроҷшуда  мегӯянд,ки мушкилоти онҳоро танҳо давлатҳо ҳал карда метавонанд.Аз ин рӯ давлати Тоҷикистон вазифадор аст ки то дер нашуда ба мушкилоти ин муҳоҷирон бирасад.Зеро онҳо наметавоанд муддати тӯлонӣ дар байни марзи ду давлати дигар бимонанд.Ин ҳам дар ҳолест,ки бархе аз кишварҳо аз ҷумла Туркия ҳатто барои бозпас овардани як шаҳрвандаш ҳавопаймо фиристодааст. Қазоқистон баъд аз Русия кишвари дувум барои муҳоҷирати кории шаҳрвандони Тоҷикистон аст. Бар асоси созишнома, соле беш аз 40 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ҳақ доранд бар асоси квота дар Қазоқистон кор кунанд, вале ба бовари коршиносон, шумори воқеии шаҳрвандони тоҷики ҷӯёи кор ба маротиб бештар аз омори расмӣ аст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ихроҷи тоҷикон аз Кореяи Ҷанубӣ

Бино ба иттилои манобеи Azda tv, мақомоти Кореяи Ҷанубӣ дар ин чанд рӯзи ахир бархе аз муҳоҷирони тоҷикро боздошт ва аз ин кишвар ихроҷ кардаанд.

Ҷойивазкунии мақомдорон дар Тоҷикистон

Бо фармон ва қарорҳои нави Эмомалӣ Раҳмон чанд нафар аз як вазифа озод ва ба вазифа дигар таъйин шуданд.

Истирдоди як фаъоли тоҷик аз Лаҳистон ба Тоҷикистон

Мақомоти Лаҳистон ҳафтаи гузашта боз як фаъоли тоҷикро боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод кардааст.

Чаро ҷавонон ифротгаро мешаванд?

Маънои луғавӣ ва истилоҳии ифротгароӣ Ифротгароӣ дар луғат ба маънои аз ҳад гузаштан, аз меъёр гузаштан ва зиёдаравӣ кардан аст (фарҳанги форсии Муин, фарҳанги форсии Амид). Калимаҳои мутародиф ва ё ҳаммаъно бо ифрот иғроқ, газофа, муболиға, сахтгирӣ, ғулув ва монанди ин мебошанд.