Ба 5 нафар ҳабс ва ба 17 нафари дигар истирдод аз Русия таҳдид мекунад

Додгоҳи шаҳри Екатеринбург варзишгари тоҷик Суҳроб Давлатовро барои ду моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифт. 

Ин варзишгар ба қасди куштор бо корд гумонбар буда, ба ӯ аз 8 то 20 сол ва ҳатто ҳабси абад таҳдид мекунад. 

Дар ҳамин ҳол Payom.net дар истинод ба манобеаш хабар медиҳад, ки “Давлатов ба ширкаташ дар занозанӣ эътироф карда, аммо гуфтааст, ба касе корд назад ва таъкид кардааст, ки “агар корд мезадам, худам эҳсос мекардам”. Аммо додгоҳ ҳарфҳои ӯро мухолиф бо шавоҳид дониста, қарори ҳабси пешакиашро содир кардааст. 

Бино ба иттилои расонаҳои русӣ, мақомоти амниятии Свердловск то ҳол ҳуввияти панҷ ҳамлагарро ошкор кардаанд.

Ҳамчунин додгоҳ як нафари дигарро бо номи Нурзода ба кордзанӣ гумонбар кардааст. Гуфта мешавад, Нурзода баъд аз ин занозанӣ ба Қазоқистон фирор карда буд ва онҷо дастгир шудааст ва қарор аст рӯзҳои наздик ба Русия истирдод шавад. Аммо, мақомоти Русия мегӯян, як нафар гумонбари дигар ба Тоҷикистон фирор кардааст. 

Ёдовар мешавем, ки соати сеи шаби 12-уми июни соли ҷорӣ дар назди мағозаи “Монетка” дар Екатеринбург миёни ду гурӯҳ ҷавонони тоҷик занозанӣ рух дод, ки дар натиҷа ду нафар аз зарби корд ба ҳалокат расидаанд. Тани беҷони ин ду нафар тоҷикро сокинони маҳаллӣ аз кучаи Академик Бардин пайдо карда, ба кормандони пулис хабар доданд. Қурбониёни ҳодиса сокинони деҳаи Табушни ноҳияи Мастчоҳ буда, яке Темур Исмоилови 39-сола ва дигарӣ Ҳофиз Ниёззодаи 22-сола будааст.

Дар натиҷаи тафтишоти пешакии пулис маълум гашта, ки ин ду гурӯҳ ҷавонон барои маблағ занозаниву кордкашӣ кардаанд. 

Гуфта мешавад дар ин занозанӣ 17 нафари дигар даст доштанд, ки ба ҳамаи онҳо хатари истирдод ба Тоҷикистон ва манъи умрбоди вуруд ба Русия таҳдид мекунад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

321 миллиард рубл даромади Русия аз муҳоҷирон

Дар якуним сол ба буҷети давлатии Русия аз бахши муҳоҷират 321 миллиард рубл (тақрибан 4 миллиард доллар) ворид шудааст.

Расонаи нави “Tajikistan Newsroom” ба забони англисӣ ба кор оғоз кард

Ҳамзамон бо таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон, платформаи нави хабарии англисизабон бо номи "Tajikistan Newsroom" фаъолияти худро оғоз кард.

Тағйирёбӣ обуҳаво: хокбориш дар роҳ аст

Рӯзҳои наздик дар Тоҷикистон тағйири ҳаво дар назар аст ва кишвар боз бо мушкили гарду ғубор рӯ ба рӯ мешавад.

Афзоиши даргириҳо дар Яман: ҷанг ба марҳилаи нав ворид шуд

Дар Яман аз оғози моҳи сентябр даргириҳо миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва ҷамоати Ансоруллоҳ (Ҳусиҳо) дар чанд вилояти ин кишвар шиддат гирифтааст.