Баҳси меросии блогер ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт

Шаҳноза Шарипова, блогери тоҷик дар наворе аз баҳси хонаводагии худ нақл карда, бародаронашро гунаҳкор меҳисобад.

Ин блогери тоҷик, дар саҳифаи Инстаграми худ аз баҳси хонаводагӣ, бо бародаронаш бар сари манзиле, ки ба гуфтаи ӯ аз модараш ба мерос мондааст, хабар додааст. Ӯ дар чанд навори видеоӣ, ки ахиран нашр кардааст, бародаронашро ба беэътиноӣ нисбат ба модар дар давраи беморӣ муттаҳам мекунад.

Шарипова дар яке аз ин наворҳо бо гиря мегӯяд, ки бародаронаш дар замони зинда будани модарашон аз ӯ хабар намегирифтанд ва дар нигоҳубини ӯ саҳм надоштанд. Ба гуфтаи вай, аз соли 2023 модараш бемор буд ва ӯро пайваста ба беморхона мебурд ва парасторӣ мекард.

Шарипова ҳамчунин аз бародаронаш шикоят мекунад, ки ба гуфтаи ӯ нисбаташ рафтори таҳқиромез доранд ва суханони носазо мегӯянд.

Ӯ ҳамчунин мегӯяд, ки зани танҳо буда, саробонии се фарзандро бар дӯш дорад. Ба гуфтаи блогер, баҳси кунунӣ ба манзиле марбут аст, ки пас аз даргузашти модараш ӯ онҷо зиндагӣ мекунад.

То ҳол назари бародарон ё наздикони Шаҳноза Шарипова дар робита ба ин баҳс дастрас нест.

Коршиносон мегӯянд, баҳсҳои марбут ба мерос аз ҷумлаи баҳсҳои маъмул дар муҳити хонаводагӣ ба шумор мераванд. Бо густариши шабакаҳои иҷтимоӣ, дар солҳои охир бархе аз чунин ихтилофҳо аз доираи оила берун рафта, ба фазои маҷозӣ кашида мешаванд.

Ба назари ҷомеашиносон, ба фазои оммавӣ баровардани баҳсҳои хусусӣ метавонад таваҷҷуҳи ҷомеаро ҷалб кунад, аммо ҳамзамон хатари амиқтар шудани ихтилоф ва осеб дидани муносибатҳои хонаводагиро низ ба миён меорад. Онҳо таъкид мекунанд, ки баҳсҳои марбут ба мерос ва моликият бештар бояд тавассути муколама, миёнравӣ ва ё дар доираи қонун ҳаллу фасл шаванд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Эмомалӣ Раҳмон дар Бишкек: аз мулоқот бо Пизишкиён то гуфтугӯ бо намояндагони ИМА

Раиcҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ ба Бишкек рафт.

Барои надоштани костюми хокистарранг хонандагонро аз дарси “Сулҳ” ронданд

Навори падаре, ки мегӯяд фарзандашро барои надоштани костюм ва...

Оғози ҳамлаҳои нав байни Амрико ва Эрон

Таниш миёни ИМА ва Эрон дубора авҷ гирифт. Нерӯҳои Амрико ду партобгари мушакии Сипоҳи посдорони Инқилоби исломиро дар ҷазираи Лорак ҳадаф қарор доданд.

Роғун: Сохтмон ё кӯлоҳбардории аср ва ояндаи норӯшани он

НОБ-и Роғун, бузургтарин сохтмони таърихи кишвар, ки аз худи...