Баъд аз эълони оташбас минтақаи Қарабоғи Кӯҳӣ боз ҳам ором нагирифт

Сурат: gointer.ru

Арманистон ва Озарбойҷон ҳамдигарро дар нақзи оташбас, ки мебоист аз нимашаби шанбе ба вақти маҳаллӣ сурат мегирифт, муттаҳам мекунанд.

Дирӯз вазоратҳои хориҷии ду кишвар дар як баёния эълом доштанд, ки “оташбаси инсондӯстона” аз нимашаби шанбе байни ду тарафи даргир сурат мегирад, вале ба назар мерасад, ки оташбас шикаста шуд ва ҳамлаҳо сурат гирифтааст.

Ба гузориши “Ройтерз”, Озарбойҷон артиши Арманистонро дар куштори 13 ғайринизомӣ ва захмӣ кардани ҳадди аққал 50 нафари дигар дар ҳамлае, ки ба шаҳри Ганҷа субҳи рӯзи якшанбе 27 октябр рух дод, муттаҳам кард. Дар навбати худ Арманистон инчунин артиши Озарбойҷонро муттаҳам кардааст, ки бо вуҷуди тавофуқот амалиёти низомии худро дар минтақаи Қарабоғи Кӯҳӣ мутаваққиф накарда, идома медиҳад.

Сухангӯи Вазорати дифоъи Арманистон Шушан Степанян субҳи рӯзи якшанбе гуфт, ки артиши Озарбойҷон оташбаси муваққатиро, ки дар умури башардӯстона ба мувофиқа расидааст, бо партоби мушакҳо ва миномётҳо вайрон кард. Вазорати дифоъи Озарбойҷон низ чунин як иттиҳомро алайҳи ҷониби дигар кардааст.

Ба навиштаи хабаргузории “dw” баъзе нозирон аз он нигаронӣ доранд, ки даргириҳо дар минтақаи Қарабоғи Кӯҳӣ метавонад мунҷар ба ҷанги навбатие байни Русия ва Туркия шавад ва дар чунин ҳолат пойи кишварҳои дигари минтақа низ ба ин ҷанг кашида хоҳад шуд. Туркия бо Арманистон баҳси куҳна дорад, ки беш аз садсола таърих дорад ва он аз замони Ҷанги Ҷаҳонии якум ва таназзули Империяи Усмонӣ сарчашма мегирад. Русия ҳам бо Арманистон ва ҳам Озарбойҷон муносибатҳои дӯстона дорад, аммо ҳамчун як пуштибони ҳукумати Ереван дар муноқишаҳои ҳарбӣ шинохта мешавад.

Ёдовар мешавем, аксарияти сокинони минтақаи Қарабоғи Кӯҳиро арманиҳо ташкил медиҳанд. Ин минтақа, пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравии собиқ истиқлолияти худро аз Озарбойҷон эълом кард. Ин сабаб шуд, ки аввали солҳои 90 дар ин минтақа даргириҳои низомӣ сурат гирифт, ки то ба имрӯз 30 ҳазор кушта ба ҷой гузоштааст.

Пас аз оташбаси соли 1994 байни ин ду кишвари даргир, давраи нави даргириҳо дар Қарабоғи Кӯҳӣ аз 27 сентябри соли ҷорӣ оғоз ёфт, ки ба гуфтаи коршиносон ин масъала яке аз буҳронҳои ҷиддитарин дар минтақа ба ҳисоб меравад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Оё муҳоҷирон дар Лаҳистон бояд ҳамеша бо худ шиноснома дошта бошанд?

Хориҷиён дар Лаҳистон вазифадор нестанд, ки ҳамеша шиносномаро бо худ гардонанд, аммо ҳангоми санҷиш Хадамоти марзбонӣ ҳақ дорад нусхаи аслии ин санадро талаб кунад.

Қарори нав: ВКД-и Русия даромади муҳоҷиронро месанҷад

Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия тартиби нави санҷиши даромади муҳоҷирони кориро таҳия кардааст.

“Кохи тамаддуни ориёӣ” дар Душанбе: таърихи тоҷикон ё ривояти Э.Раҳмон?

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо пешниҳоди наве дар робита ба ҳувиятсозии тоҷикон дар сархати расонаҳои давлатӣ қарор гирифт.

Кувайт сафорати худро дар Душанбе боз кард ва Истиқлоли Тоҷикистонро табрик гуфт

Давлати Кувайт сафорати худро дар шаҳри Душанбе расман ифтитоҳ карда, Муҳаммад Рошид Ал-Амириро ба ҳайси нахустин сафири худ дар Тоҷикистон таъин намуд.