Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон чандин иншооти нави энергетикӣ, аз ҷумла нерӯгоҳҳои офтобӣ, бодӣ ва обӣ, зеристгоҳ ва хатти нави интиқоли барқ ифтитоҳ шуд.
Иттиҳоди Аврупо мегӯяд, ки лоиҳаҳои энергетикӣ дар ноҳияҳои наздисарҳадии ВМКБ ба беҳтар шудани таъминоти барқ барои тақрибан 64 ҳазор аҳолии ин вилоят мусоидат мекунанд.
Ифтитоҳи зерсохторҳои энергетикӣ 27-уми сентябр дар ҷараёни сафари Эмомалӣ Раҳмон ба ВМКБ дар ноҳияҳои Ишкошим, Шуғнон, Рӯшон ва Мурғоб сурат гирифтааст.
Гуфта мешавад, дар деҳаи Қозидеҳи ноҳияи Ишкошим зеристгоҳи 110/35 киловолтаи “Қозидеҳ” ба кор оғоз кард. Тибқи иттилои расмӣ, иншоот дар доираи лоиҳаи “Барқикунонии вилояти Бадахшон” сохта шуда, барои таҳкими шабакаи барқӣ ва баланд бардоштани эътимоднокии таъминоти нерӯи барқ дар ноҳия пешбинӣ шудааст.
Ин ҳам дар ҳолест, ки Иттиҳоди Аврупо соли 2025 расман эълон карда буд, ки зеристгоҳи “Қозидеҳ” дар ноҳияи Ишкошим ва хатти дуҳалқаи 42-километраи “Вомар–Вознавд” дар Рӯшон бо маблағгузории ИА сохта мешаванд.
Ҳамчунин дар ноҳияи Шуғнон нерӯгоҳи офтобии 3-мегаваттӣ дар деҳаи Рож ба истифода дода шудааст. Гуфта мешавад, дар ин нерӯгоҳ 4752 панели офтобӣ насб шудааст.
Дар деҳоти Бартанг нерӯгоҳи хурди обии 25-киловаттӣ ва дар деҳаи Девлохи деҳоти Барӯшон нерӯгоҳи обии 15-киловаттӣ ба истифода дода шуд. Тибқи иттилои расмӣ, ин нерӯгоҳҳо барои таъмини сокинони маҳаллӣ бо нерӯи барқ ва рушди инфрасохтори деҳот пешбинӣ шудаанд.
Дар ноҳияи Мурғоб, дар деҳаи Тохтамиши деҳоти Қизилработ дар масоҳати беш аз як гектар панелҳои офтобӣ бо иқтидори умумии 1138 киловатт насб шудаанд. Системаи захираи энергия низ дорои иқтидори 590 киловатт-соат мебошад. Тибқи иттилои расмӣ, ин маҷмааи энергетикӣ метавонад 145 хоҷагиро дар тамоми фасли сол бо нерӯи барқ таъмин кунад.
Вале маълум нест, ки оё зимистони дар пешистода лимити барқ дар ин ноҳия ва деҳаҳое, ки номбар шуд, ҷорӣ мешавад ё на. Аммо таҷриба нишон дода, ки солҳои қабл низ бо ифтитоҳи нерӯгоҳҳои хурди барқӣ ҳанӯз ҳам лимит ҷорӣ буд.
Нақши Иттиҳоди Аврупо
Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон дар паёме дар шабакаи X гуфтааст, ки ду лоиҳаи хатҳои барқ дар Ишкошим ва Рӯшон барои таъмини нерӯи барқи боэътимод ба аҳолии ноҳияҳои наздимарзии ВМКБ равона шудаанд ва теъдоди истифодабарандагон аз ин лоиҳаҳо тақрибан 64 ҳазор нафар арзёбӣ мешавад.
Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Радослав Дарски ҳамроҳ бо Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи иншоот ширкат кардааст. Иттиҳоди Аврупо ҳамчунин аз дастгирии худ аз рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Тоҷикистон хабар дода, ба нерӯгоҳи офтобии 3-мегаваттӣ дар деҳаи Рож ишора кардааст.
