17.9 C
Dushanbe

Бар кадом асос Далер Шарифов “барои ҷомеа хавфнок” будааст?

Радди дархости Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия дар мавриди тағйири шароити зиндони Далер Шарифов, рӯзноманигори мустақили тоҷик аз сӯи Додситони кулли Тоҷикистонро ба ҷуз аз ҷабҳагирӣ дар муқобили он қишри ҷомеа, ки аз онҳо дигарандешу озодфикр ном бурда мешавад, дигар чизе намешавад талақӣ кард.

Бадтар аз ин, ин ҷабҳа солтосол сахттар ва хашинтар шуда истодааст. Хабарҳои расида ҳокист, ки ниҳодҳои ҳомӣ ва нозири ҳуқуқ ва қонун саъй доранд, ҷомеаи кишвар дар як ҳолати ташвишу асабоният ва таҳти зӯриву саркӯб қарор дошта бошад. Тамоми садоҳо, ба ҷуз аз садои ҳоким башиддат буғӣ карда мешавад. Вале магар мешавад,ки бигзор 2 ва ё 5000 ва ҳатто 10.000 ҷамъияти нӯҳ миллиониро то ба охир, то ба рӯзи қиёмат дар як ҳолати ғайритабиӣ нигоҳ дорад ва даҳонҳоро скочпеч кунад?

Посухи радди Додситони кулли Тоҷикистон дар бораи ба муассисаи сукунат гузаронидани Далер Шарифов, ки ҳоло дар зиндони Ёвон нигоҳ дошта мешавад, бар ин ҷиҳат буда, ки ӯ “барои ҷомеа хавфнок аст”.

Аҷаб! Хуш ба ҳолатон ҷаноби Додситони кулл! Ҳиҷ ҳарфи бадардбихӯре ба ғайри ин пайдо накардаед. Як журналист, як нафаре, ки ҳатто узви ягон ҳайати корӣ нест, маҳалли доимии фаъолият надорад, манзур ҷойи кор, аз кадом лиҳоз ва бар пояи кадом меъёр: миллӣ ва ё байналмилалӣ “хавфнок” аст? Таҷовуз кард? Тарконд? Кушт? Террор кард ва ё чӣ?

Агар шумо тавзеҳ медодед, ки бар мабно ва дар чаҳорчӯби фалон моддаи Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноӣ ӯ ҳаққи раҳоии зудҳангомро надорад, ҷомеа мегуфт, ки хуб дигар мадрак ва дастак доранд. Аммо ҳамту, холӣ-холӣ, бидуни онки ҳарфи қонун муроот бишавад, мегиреду ҳар чизе бихоҳед мегӯед: “барои ҷомеа хавфнок” аст.

Далер Шариф як сол мешавад, ки дар муассисаи ислоҳӣ, дар зиндон, таҳти шароити маҳдуд ва зери назорат қарор дорад. Аз ӯ кадом амали ғайриқонунӣ сар назадааст. Гузашта аз ин Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон бо ирсоли як нома унвонии Шумо расман дархости кард, ки шароити зиндони ӯ тағйир дода шавад, бар ин далел, ки ӯ “ислоҳ” шудааст, кадом амале хилофи қонун анҷом надодааст, “ба ҳеч амали номатлуб даст назадааст ва рафтори муносиб дошта, аз кирдори худ пушаймон аст” ва ҳақ дорад, ки ба колоннияи сукунат таҳвил дода шавад, Шумо баракс ва бар хилофи аслу талаби қонун онро рад мекунед. Чаро?

Тамоми ин муддат ва ин муҳлат ӯ дар итоат ва ихтиёри маъмурияти зиндон буд ва ин масъулони зиндон ҳастанд, ки дархости раҳоии зудҳангоми ӯро кардаанд. Пас, Шумо бар асоси чи маълумоту далеле мегӯед, ки на, ӯ ба ҷома хавфнок аст? Ин ҷабҳагирӣ дар баробари як шаҳрванд ва як дигарандеш нест? Рисолати додситонӣ магар ҳамин аст, ки дидаву дониста талаботи қонунро сарфи назар мекунад?

Дар моддаи 80 ва 72-и Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Тоҷикистон ошкоро таъкид мешавад, ки бо гузашти сеяк аз ҳиссаи мӯҳлати адои ҷазо ва бо дархости Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ додситон ва додгоҳ шароити идомаи муҳлати адои ҷазо ва муассисаи ислоҳиро тағйир медиҳанд. Аммо Шумо, бар хилофи ин талаботи Кодекс иҷозат надодед, ки як шаҳрванд ба муассисаи ислоҳии нисбатан озод ва сабук гузаронида бишавад.

Зимнан, Додситонии кулли кишвар аз ҳамон оғоз то ба ҳамин ҳоло дар нисбати қазияи Далер Шарифов, мунсифона муносибат накарда ва онгуна ки зикраш рафт ҷабҳагирӣ кардааст. Барои мисол ба ҳангоми эълони айб ва дарёфти дастури ҳабси пешакӣ дар додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, маҳз бо тақозои Додситонии кулл мурофиа пӯшида ва бидуни ҳузури адвокат баргузор шуда буд.

Ҳамчунин аз оғози тафтишот барои аз адвокатҳо гирифтани имзо оиди ифшо насохтани сирри тафтишотӣ, ки низ як амали ғайриқонунӣ аст, додситонӣ кадом вокунише нишон надод. Ин ҳам дар ҳоле аст, ки Додситон ниҳоди нозири иҷрои қонун дар кишвар аст. Худи раванди пӯшидаи мурофиа ҳам, ки ба маҳзи мӯҳри махфӣ гузоштан ба парванда сурат гирифт, як амали дигари ғайриқонунӣ ва баёнгари муносибати ғайримунсифона  ва муғризонаи додситонӣ буд. Муҳокимаи пушти дарҳои бастаи додгоҳии Далер Шарифов, бо баҳонаи ҷилавгирӣ аз коронавирус дар ҳоле сурат мегирифт, ки мақомоти кишвар мукаррар аз адами ин вирус дар Тоҷикистон сӯҳбат мекарданд. Ҳамаи ин нуктаҳо дар ин қазия касро мутмаин месозад, ки бархӯрд ва муносибати додситонӣ корӣ ва ҳуқуқӣ набуд ва ангезаҳое дигар дошт.

Хуб, бошад, тарафи Шумо рафтем ва гирифтем, ки ин журналисти дигарандеши тоҷик “барои ҷомеа хавфнок аст”. Вале ҳамагӣ як моҳ мондааст, ки муҳлати адои ҷазои ӯ хотима биёбад. Яъне Далер ба мисли як ҷинояткори ашаддӣ “от звонка до звонка” шишт. То як моҳи дигар ӯ раҳо хоҳад шуд. В-онгаҳ чӣ? Як маҳбуси “барои ҷомеа хавфнок” берун мебарояд?

Ҳоло агар ӯ барои ҷомеаи хавфнок буд, чаро Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон хислатномаи мусбат дод?

Аз ин ҷо аст, ки мо гуфтем, Додситонии кулл дар баробари як қисме аз атбои ин кишвар, ки номи дигарандешу озодфикру рӯшанфикрро доранд, ҷабҳа гирифтааст. Чи расад ба онҳое, ки мухолифи низоманд. Муносибате, ки хилофи мавозини дохилӣ ва байналмилист, коре, ки нақзи қонун, амале, ки барозандаи як ниҳоди асосии давлат- ҳомии ҳуқуқ ва озодиҳои инсон аст, нест.

Як манбаи огоҳ аз фаъолиятҳои Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, ин ниҳод супориши ғайрирасмиеро дар робита ба афроди алоҳида пеш мебарад. Ва болои ин нафарон, ки бо иттиҳомоти сохта ва ҷаълӣ равонаи зиндон шудаанд, бояд сангинтарин азобу ситам ҷорӣ карда шавад ва онҳо дар чавкоти меъёрҳои нонавишта нигаҳдорӣ мешаванд. Азбаски иттиҳоми ворида ба Далер низ бо ҳамон моддаҳост ӯро ҳам чунин сарнавишт пеш омад:

“Дар Додситонии кулли Тоҷикистон як супориши ғайрирасмӣ  вуҷуд дорад, ки бар мабнои он маҳбусоне, ки бо моддаҳои 307, 307 прим1, 307 прим.2, 307 прим.3, 179, 187,189,401 ва дигар моддаҳои марбут ба  экстремистиву террористи КҶ ҶТ аз озодӣ маҳрум шудаанд ва маҳбусони сиёсӣ нисбати онҳо Қонуни афв ва ё иваз намудани режими муассисаи ислоҳӣ, яъне гузаронидани онҳо ба муассисаи ислоҳии сукунат татбиқ карда намешавад. Ҳарчанд рафтору амали чунин маҳкумшудагон ба талаботи қонун барои гузаронидан ба муассисаи ислоҳии сукунат ҷавобгӯй мебошад, аммо онҳо ба колонияи сукунат гузаронида намешаванд”.

Аммо як нафари дигари огоҳ аз вазъи мавҷуда мегӯяд, ки инҷо масъла масъалаи пули пора барои ба муассисаи сукунат баровардан аст:

“Ба эҳтимоли қавӣ Далер ва бастагони ӯ натавонистанд ва ё ҷуръат накарданд, ки барои гузаштан ба колонияи сукунатӣ ба прокурор, маъмурияти зиндон ва ниҳоят суд “ҳақ” бидиҳанд. Шояд пешниҳод карданду аз тарси инки вай журналист асту пагоҳ берун барояд ҳамаро менависад, нагирифтанд.

Вагарна баромадан ва ё баровардан ба муассисаи сукунатиро қонун муқаррар кардааст ва ба ҳазорҳо нафар татбиқ шудааст ва ҳамин ҳазорҳо нафар ҳатмани ҳатман “доля”-и тағйири тарзи адои ҷазо, тағйири муассисаи ислоҳиро пардохт кардаанд. Бе ин ғайриимкон аст”.

Солҳост Додситони кулли Тоҷикистон алайҳи нафароне, амсоли Далер, ки аз лиҳози ақида ва андеша тафовут доранд, ҷабҳагирӣ карда, шумори маҳбусони виҷдон (узник совести) дар кишварро зиёд карда истодааст. Яъне маҳбусони сиёсӣ. Аммо дар гузоришҳояш ба созмонҳои байналмилали ҳомии ҳуқуқ мукаррар аз адами маҳбусони сиёсӣ таъкид мекунад.

Шурӯъ аз соли 2015 ҳазорҳо ҳазор аз тоҷики бегуноҳро барои ақида, андеша ва инки пояшро дар намоз паҳн кардааст, почаи шалвораш аз буҷулак болост ва ё инки навиштаеро писанд кардааст (лайк мондааст), хулоса бо як иттиҳомоте, ки дар дунё як чизи маъмулӣ дониста мешавад, зиндон кардед. Аз оқибати он биандешед. Шумо қонун татбиқ кунед на инки хоста ва бофтаи худро қонун биҳисобед. Ҳазорҳо ҳазор хонаҳоро, зиндагиҳоро, оилаҳоро, қисматҳоро сӯхтеду шикастеду аз ҳам пошидеду барбод додед.

Парвандаи Далер Шарифов шаҳодати гӯёе аст, ки маҳбусони сиёсӣ вуҷуд доранд ва Шумо аз камтарин интиқод, камтарин садои эътирозӣ ҳарос доред. Барои ҳамин Шумо ин ниҳод ва нерӯи онро барои ҳифзи худ истифода карда истодаед. Аммо ҳар оғозеро анҷомест. Онгаҳ Шумо донеду дар баробари қонун ва аз ин ҳама аъмоли ҷиноӣ ҷавоб додан. Агар Далер ончи ки Шумо мегӯед буд, Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон “ба ҳеч амали номатлуб даст назадааст ва рафтори муносиб дошт” намегуфт.

Сорбон Азимӣ, таҳлилгар

Аз Идораи сомона: Матолибе, ки дар гӯшаи “Блоги Шумо” ба нашр мерасанд, назари шахсӣ ва ё таҳлили муаллифон буда, баёнгари мавқеи “Аздо тв” нестанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Боздошту латтукӯби сахти муҳоҷирон аз сӯи ОМОН-и Русия

Рӯзи 2-юми октябр дар шаҳри Новосибрски Русия нерӯҳои вежа ё ОМОН бо хушунат вориди анбори ширкати ''ОЗОН'' шуда, муҳоҷирони кориро боздошт ва латтукӯб карданд.

Лубнон: Як рӯз пеш аз террори Ҳ.Насруллоҳ ба оташбас мувофиқат шуда буд

Вазири корҳои хориҷии Лубнон ҷузъиёти тозаеро аз ҳодисаи террори Ҳасан Насруллоҳ, раҳбари гурӯҳи "Ҳизбуллоҳ" фош кард.

Боздошти як тоҷикистонӣ дар Афғонистон бо иттиҳоми узвият дар ДИИШ

Мақомоти Толибони Афғонистон аз боздошти 3 узви ДИИШ хабар доданд, ки яке аз онҳо шаҳрвнади Тоҷикистон гуфта мешавад.

Боздошти як муҳоҷири 45-солаи тоҷик дар Варшава

Пулиси шаҳри Варшаваи Лаҳистон ду мардеро бо иттиҳоми тирандозӣ дар бозори "Олимпия" боздошт кардаанд.