33.9 C
Dushanbe

Баргузории ҳамоиши G5 дар Тоҷикистон

22-юми июни соли 2023 дар ҳошияи 9-умин Намоишгоҳи байналмилалии савдо – “Суғд -2023” дар қасри Ҷавонон ба номи Лоиқ Шералии шаҳри Хуҷанд Форуми соҳибкории G5-и Тоҷикистон баргузор шуд.

Дафтари матбуоти вилояти Суғд мегӯяд, дар ин ҳамоиши соҳибкорӣ, ки бо ҳузури “650 нафар соҳибкорони ватанӣ, намояндагони вазорату идораҳо, бахши хусусӣ, сармоягузорон ва шарикони рушд” баргузор шуд, таъкид гардида, ки “ҳадаф аз баргузории ин ҳамоиш баланд бардоштани нерў, ҳавасманд кардани ҷавонон ба фаъолияти соҳибкориву сармоягузорӣ, тақвияти афкор ва васеъ намудани маълумотнокии иштирокчиён, рушди соҳибкорӣ байни ҷавонон, татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ, таъмини муколамаи муфид миёни соҳибкорон ва мақомоти давлатӣ мебошад.”

Гуфта мешавад, 9-умин Намоишгоҳи байналмилалии савдо-“Суғд-2023” бо ҳузури зиёда аз 200 ширкатҳои саноатӣ аз Тоҷикистону Узбекистон, Эрону Туркия, Чину Русия, ва Озарбойҷону Беларус гузаронида шуд.

Ин форум бо ташаббуси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд баргузор шуд. Забони ин форум дар маркази фарҳангии Тоҷикистон шаҳри Хуҷанди бостонӣ форсӣ-тоҷикӣ не, балки русӣ буд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Мулоқоти Раҳмонов ва Пизишкиён дар Озарбойҷон

Раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Эрон Масъуди Пизишкиён мулоқот кард.

Гармои шадид дар Тоҷикистон сокинонро нигарон кардааст

Рӯзҳои ахир шиддати гармои тобистонӣ дар Тоҷикистон аксари сокинонро нигарон кардааст.

Имомуддин Сатторов сафири Тоҷикистон дар Лаҳистон шуд

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон ва Лаҳистон Имомуддин Сатторов эътимодномаи худро ба Президенти Лаҳистон Анджей Дуда супорид.

Толибонро аввалин кишвари дунё расман эътироф кард

Пас аз чор соли ба сари қудрат расидани Толибон дар Афғонистон Русия аввалин кишваре шуд, ки ҳукумати сарпарастро ба расмият шинохт.