14.9 C
Dushanbe

Баргузории “Рӯзи ҷаҳонии тандурустӣ” дар Тоҷикистон

Рӯзи 6-уми апрел дар Тоҷикистон вобаста ба “Рӯзи умумиҷаҳонии саломатӣ” ҳамоиши солимгардонӣ ва муоинаҳои ройгони тиббӣ оғоз гардид.

Гуфта мешавад, дар ин рӯзҳо чорабиниҳо дар доираи “Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон” дар саросари кишвар баргузор шуда, шаҳрвандон имкон доранд аз ташхис ва машварати ройгони табибон истифода баранд.

Бар асоси иттилои расмӣ, дар доираи ин ташаббус, аз 6-ум то 10-уми апрел дар тамоми минтақаҳои кишвар ҳамоишҳо, семинарҳо ва чорабиниҳои солимгардонӣ баргузор мегарданд. Мақсад аз баргузории онҳо баланд бардоштани сатҳи маърифати тиббии аҳолӣ ва пешгирии бемориҳо мебошад.

Ҳамзамон, муоинаҳои ройгон дар муассисаҳои тиббӣ ташкил шуда, шаҳрвандон метавонанд аз ташхисҳои гуногун, аз ҷумла муоинаи бемориҳои дилу раг, диабет, фишорбаландӣ, гурда, асаб, чашм ва шуш, инчунин ташхисҳои ултрасадо ва рентген гузаранд.

Ба қавли масъулон, ин иқдом ба таъмини дастрасии бештари аҳолӣ ба хидматрасониҳои тиббӣ, ташхиси барвақтии бемориҳо ва беҳтар гардидани сатҳи саломатии ҷомеа равона шудааст.

Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар як ҳамоиш ба муносибати “Рӯзи умумиҷаҳонии саломатӣ” дар Душанбе иброз дошт, ки ин иқдом ба хотири беҳтар намудани сифати хидматрасонии тиббӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим роҳандозӣ шудааст.

Ин дар ҳолест, ки дар ҷомеа нигарониҳо дар мавриди сифати хидматрасонии тиббӣ ва гаронии арзиши баъзе хидматрасониҳо ба мушоҳида мерасад. Инчунин борҳо дар расонаҳо хабарҳо нашр шудаанд, ки ба хотири набуд ва ё сифати пасти табобат, бархе аз шаҳрвандон барои дармон ба хориҷи кишвар сафар мекунанд. Ахиран Ҳукумати кишвар қарореро қабул кард, ки тибқи он кормандони давлатӣ барои табобат дигар ҳақ надоранд ба хориҷ аз кишвар раванд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Изҳори ташаккурии Трамп аз боз шудани тангаи Ҳурмуз

Рӯзи ҷумъа, 17-уми апрел вазири корҳои хориҷии Эрон Аббос Ироқчӣ бо нашри паёме дар шабакаи Х аз пурра боз шудани тангаи Ҳурмуз хабар дод.

Тирпарронӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон ду кушта ба ҷо гузошт

Шаби 17-уми апрел дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон дар ҳудуди ноҳияи Фархори вилояти Хатлон даргирии мусаллаҳона сура гирифт, ки дар натиҷа ду нафар кушта шуданд.

Фарзанди Эмомалӣ унвони илмӣ гирифт

Фарзонаи Эмомалӣ, духтари хурдии раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон унвони номзади илмҳои тиб гардидааст.

Истифодаи паҳподҳо дар машқҳои низомии “Ҳамкорӣ–2026” дар Хатлон

Дар вилояти Хатлон машқҳои низомии муштараки амалиётӣ-стратегии "Ҳамкорӣ–2026" бомуваффақият анҷом ёфтанд.