14.9 C
Dushanbe

Барои касбомӯзии муҳоҷирони тоҷик Бонки осиёии рушд 30 млн $ ҷудо мекунад

Барои рушди бозори кори Тоҷикистон, аз ҷумла касбомӯзии муҳоҷирон Бонки осиёии рушд 30 миллион доллар ҷудо мекунад.

Дар тарҳи созишномаи грантӣ гуфта шудааст, ки 1,5 миллион доллар саҳми Ҷопон ва бештар аз 3 миллион доллар саҳми ҳукумати Тоҷикистон будааст.

Рӯзи 21 январи соли равон вакилони Маҷлиси намояндагон аз ин тарҳ ҷонибдорӣ намудаанд.

Вале коршиносон аз шафофияти харҷи он нигаронанд, ки мисли дигар маблағҳо миёни боду ҳаво гум мешавад ва ҳеҷ тағйироте дар ин самт амалӣ намегардад.

Муовини вазири молия Юсуф Маҷидӣ дар Парлумон зимни муаррифии созишномаи мазкур гуфтааст, ҳадафи он рушди маҳоратҳои касбӣ ва имконияти ба кор таъмин намудани ҷавонон, занон ва муҳоҷирони меҳнатӣ мебошад.

Дар идома иброз доштааст, ки “Дар доираи лоиҳа корҳои зерин, аз ҷумла сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии маркази омӯзишии соҳаи туризм ва хизматрасонӣ дар Душанбе, маркази омӯзишии соҳаи энергетика дар шаҳри Роғун ва маркази омӯзиши соҳаи агросаноатӣ дар ноҳияи Данғара, инчунин се адад маркази хизматрасонии муҳоҷирон дар Бохтар, Восеъ, Хуҷанд дар назар аст”.

Зикр мешавад, ки корҳо дар доираи ин созишнома аз феврали соли равон оғоз мегардад ва татбиқи он барои 6 соли оянда пешбинӣ шудааст.

Дар ҳамин ҳол Шӯҳрат Латифӣ коршиноси тоҷик ба Радиои Озодӣ гуфтааст:  

“Бо ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва дигар мутахассисон, ки дар ин самт бисёр кор кардаанд мизҳои мудавваре баргузор мешуд, масъалаи шаффофият, баъдан мониторинги иҷроиши тарҳ хуб пеш мерафт, аз нигоҳи бетарафӣ ташкилотҳои ҷамъиятӣ амал мекарданд ва боварии маблағгузор низ бештар мешуд”.

Ба гуфтаи Латифӣ бо миллионҳо доллари Бонки осиёии рушд ба ҷои бунёди омӯзишгоҳҳои нав, нахуст омӯзишгоҳҳои касбии феълан амалкунандаро ба таҷҳизоту мутахассис таъмин кунанд.

Ӯ қайд намудааст, ки бо ташкили курсҳои чандмоҳаи бозомӯзӣ мушкили корҷӯён, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ ҳал нахоҳад шуд.

“Асосан муҳоҷирони мо дар сохтмонҳо кор мекунанд ва аз ӯҳдаи дигар касбҳое, ки дар бозори меҳнат харидор доранд, намебароянд. Бино бар ин, онҳоро ба омӯзишгоҳҳои касбие ҷалб намудан лозим, ки на барои чанд моҳи таҳсил як сертификат гиранд, балки воқеан касб омӯзанд”, – гуфтааст ин коршинос.

Тибқи омори расмӣ дар Тоҷикистон шумораи бекорон камтар аз се дарсадро ташкил медиҳад.  Аммо коршиносони мустақил бар ин назаранд, ки ин омор аз воқеият дур аст, ҳатто давлатҳои пешрафта сатҳи бекорияшон аз се дарсад болост чӣ расад ба Тоҷикистон, ки қариб нисфи аҳолияш бекоранд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Тоҷикистон шомили кишварҳои олудатарини ҷаҳон шуд

Созмони швейтсариягии IQAir, ки сифатнокии ҳаворо дар кишварҳои ҷаҳон таҳқиқ мекунад, дар гузориши тозааш Тоҷикистонро шомили кишварҳои олудатарини дунё кардааст.

Шикояти муҳоҷирони тоҷик дар Русия аз боздошту шиканҷа

Пас аз ҳодисаи ҳамла ба бинои "Крокус Сити Ҳолл" дар Маскав муҳоҷирони тоҷик аз ҷониби пулис ва ҳатто мардуми оддӣ мавриди ҳамлаҳои лафзӣ ва ҷисмӣ қарор гирифтаанд.

Ҳабси пешакии гумонбарон дар ҳамлаи хунини Русия

Пас аз ҳодисаи ҳамла ба бинои "Крокус Сити Ҳоле" дар Маскав муҳоҷирони тоҷик аз ҷониби пулис ва ҳатто мардуми оддӣ мавриди ҳамлаҳои лафзӣ ва ҷисмӣ қарор гирифтаанд.

Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркия

Мақомоти баландпояи Тоҷикистон ва Туркия дар бораи ҳамкориҳои худ ва аз он ҷумла дар бораи масоили амниятӣ суҳбат карданд.