26.9 C
Dushanbe

Барои муҳоҷирони кории тоҷик нафақа дода мешавад

Русия пешниҳоди мақомоти  тоҷик  ҷиҳати бо нафақа таъмин кардани муҳоҷирони кории Тоҷикистонро пазируфтааст. Дар ин бора Дилмурод Давлатзода, сардори Оҷонси таъминоти иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон дар Душанбе зимни нишасти матбуотии ниҳодаш баён доштааст.

Бино ба гуфтаи Дилмурод Давлатзода дар рафти музокироти қаблӣ, ки моҳи декабри соли гузашта доир шуда буд, Вазорати меҳнати Русия ин лоиҳаро хуш пазируфт. Созишнома, ки масъалаи нафақаи муҳоҷиронро дар бар мегирад, мебоист моҳи майи соли равон ба имзо мерасид, аммо бо сабаби интишори вируси COVID-19 имзои он ба таъхир гузошта шуд.

Тасвиби ин созишномаро беш аз 800.000 шаҳрванди Тоҷикстон интизоранд, ки дар Русия кор мекунанд ва ба гирифтани нафақа дар пиронсолӣ умед мебанданд. Ба гуфтаи Дилмурод Давлатзода феълан 220 .000 шаҳрванди Тоҷикистон нафақаи русӣ мегиранд,ки онҳо мақоми душаҳрвандӣ ҳам аз Русия ва ҳам аз Тоҷикистонро доранд.

Ёдрас мекунем, ки тарҳи созишнома байни Тоҷикистон ва Русия дар бораи танзиму ҳамоҳангии таъминоти нафақавии муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия дар нимаи дуввуми соли 2016 таҳия шуда буд. Дертар Русия ин санадро бо илова ва пешниҳодҳо ба коркарди такрорӣ ба ҷониби Тоҷикистон дод. Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ пештар хабар дода буд, ки коршиносони ду тараф иҷрои ин созишномаро ҳамоҳанг карда истодаанд. Тибқи маълумоти манобеи мухталиф дар Русия солона аз 1 то 2 миллион шаҳрванди қобили кори Тоҷикстон кору зиндагӣ мекунанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Мулоқоти Раҳмонов ва Пизишкиён дар Озарбойҷон

Раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Эрон Масъуди Пизишкиён мулоқот кард.

Гармои шадид дар Тоҷикистон сокинонро нигарон кардааст

Рӯзҳои ахир шиддати гармои тобистонӣ дар Тоҷикистон аксари сокинонро нигарон кардааст.

Имомуддин Сатторов сафири Тоҷикистон дар Лаҳистон шуд

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон ва Лаҳистон Имомуддин Сатторов эътимодномаи худро ба Президенти Лаҳистон Анджей Дуда супорид.

Толибонро аввалин кишвари дунё расман эътироф кард

Пас аз чор соли ба сари қудрат расидани Толибон дар Афғонистон Русия аввалин кишваре шуд, ки ҳукумати сарпарастро ба расмият шинохт.