31.9 C
Dushanbe

Мақомот ҷавононро барои пулкоркунӣ “облава” мекунад?

Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи қувваҳои мусаллаҳ дар Тоҷикистон 100% иҷро гардидааст. Дар ин бора ба “Авесто” рӯзи 12 ноябр сардори Маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаридун Маҳмадализода хабар додааст.

Ба гуфтаи Маҳмадализода комиссариатҳои ҳарбии қариб ҳамаи вилоят, шаҳру ноҳияҳои кишвар нақшаи даъват ба артишро то 6 ноябр иҷро кардаанд.

“Сарфи назар аз он, ки дар ҳама минтақаҳо нақшаи даъвати ҳарбӣ пурра иҷро шудааст, Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба ташкили даъвати артиш ва комиссияҳои дахлдор дар маҳалҳо фаъолияти худро идома медиҳанд”.

Ёдовар мешавем, ки даъвати тирамоҳӣ ба сафи қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли ҷорӣ оғоз ёфта, то 30 ноябр идома хоҳад кард. То имрӯз чандин аксу наворҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо аз қонуншикании кормандони Комиссариятҳои ҳарбии Тоҷикистон нашр мешавад.

Баъд аз ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ҷавононро барои ба хидмати ҳарбӣ бурдан аз роҳҳои зуроварӣ истифода мешавад, ки борҳо ин масъала дар сатҳҳои гуногун мавриди интиқод қарор гирифта буд.

Аммо масъулони Комиссариятҳои ҳарбӣ ҳаргиз нашудааст, ки фарзанди мансабдореро барои хидмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар даъват ва ё “Облава” карда бошанд. Дар чунин мавсимҳо одатан фарзандони мардуми фақиру бе “тағо” дуздида мешаванд.

Аз ҷумла аз чанд шаҳру ноҳияҳои кишвар дар тамос ба “Аздо тв” дар бораи “Облава” баъд аз 100% иҷро гардидани даъват ба сафи қувваҳои мусаллаҳ гуфтанд. Ба гуфтаи ҳамсуҳбатони “Аздо тв” дар Шаҳринав, Ҳисор, Ваҳдат ва Бохтар ҷавонон аз ҷониби кормандони маҳаллии КДАМ “облава” гардида, ба комиссариятҳои ҳарбӣ равона мегарданд ва аз наздикони онҳо 20 ҳазор сомонӣ барои озод намуданашон талаб карда мешавад. Бисёри наздикони ин ҷавонон маҷбур шудаанд, то аз бонкҳо қарз бигиранд ва ё дороиҳои худро фурӯхта фарзандони худро наҷот диҳанд.

Пештар аз ин Маҳмурод Одинаев, муовини раиси ҲСДТ низ аз “облава” ва латукуб шудани писараш аз ҷониби кормандони комиссарияти ҳарбии шаҳри Ҳисор хабар дода буд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Боздошти ду тоҷикистонӣ бо гумони ба асорат гирифтани ҳамватани худ

Мақомоти Русия хабар доданд, ки ду шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гумони ба асорат гирифтан ва латтукӯби як ҳамватани худ боздошт шудаанд.

Русия мехоҳад бештар хориҷиёнро ба ҷанги зидди Украина барад

Дар наздиктарин фурсат дар Русия қонуни наве қабул мешавад,...

Оё низоми таҳсили 12-сола метавонад сифати таҳсилро беҳтар кунад?

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи гузариш ба низоми таҳсили 12-соларо ҷорӣ карданӣ аст.

Чаро кишварҳои ҳамсоя афғонҳоро ихроҷ мекунанд?

Ба иттилои мақомоти Толибон, Эрон зарфи як моҳ беш аз 500 ҳазор муҳоҷири афғонистониро ихроҷ кардааст.