Эрон ҳаҷми зарари ҷангро 270 миллиард доллар арзёбӣ кард

Эрон ҳаҷми пешакии зарар аз ҳамлаҳои низомии Амрико ва Исроилро тақрибан 270 миллиард доллар эълон кард. Дар ин бора сухангӯи ҳукумат Эрон Фотима Муҳоҷиронӣ хабар додааст.

Бино ба иттилои суханги ҳукумати Ҷумҳурии исломии Эърон, арзёбии мазкур аз ҷониби ниҳодҳои дахлдори давлатӣ дар бахшҳои гуногун анҷом шуда, айни ҳол ин рақам ҳамчун ҳисоботи ибтидоӣ пешниҳод мегардад. Вай таъкид мекунад, ки маблағи ниҳоии зарар пас аз таҳқиқоти муфассал ва хулосаи мақомоти салоҳиятдор муайян хоҳад шуд.

Тибқи иттилои мақомот, қисми асосии зарар ба зерсохторҳои шаҳрвандӣ, аз ҷумла манзилҳо, иншоотҳои тиҷоратӣ ва корхонаҳои саноатӣ расидааст. Ҳамчунин масъалаи талафоти ҷонӣ, аз ҷумла марги хонандагон дар ҳамла ба мактаб дар шаҳри Миноб мавриди таваҷҷуҳи махсус қарор дорад.

Дар ҳамин ҳол намояндаи доимии Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид Саид Иравонӣ изҳор дошт, ки Теҳрон қасд дорад масъалаи ҷуброни зарарро дар музокироти байналмилалӣ матраҳ кунад. Ба гуфтаи ӯ, кишвар ҳамчунин аз чанд давлати минтақа, аз ҷумла Арабистони Саудӣ, Қатар, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Баҳрайн ва Урдун низ ҷуброн талаб хоҳад кард.

Мақомоти эронӣ иддао доранд, ки қаламрави ин кишварҳо дар ҷараёни ҳамлаҳо истифода шудааст. Аммо ин иддаоҳо то ҳол аз ҷониби манбаъҳои мустақил пурра тасдиқ нашудаанд.

Ба иттилои расмӣ, масъалаи ҷуброни зарар яке аз мавзуъҳои асосии музокирот пас аз эълони оташбас миёни Иёлоти Муттаҳида ва Эрон дар таърихи 8-уми апрел ба ҳисоб меравад. Теҳрон таъкид мекунад, ки ҷуброни ҳам зарари моддӣ ва ҳам ғайримоддӣ бояд дар доираи ҳуқуқи байналмилалӣ таъмин гардад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Сокини 24-солаи “Дарвоз” ба 5,5 соли зиндон маҳкум шуд

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Раҷабалӣ Давлатов, ҷавони 24-сола ва сокини маҳаллаи "Дарвоз"-и пойтахтро бо иттиҳоми "тундгароӣ" ба панҷуним соли зиндон маҳкум кардааст.

Ҳиндустон аз Русия хост, ҷанг бар зидди Украинаро поён бахшад

Нарендра Моди, сарвазири Ҳиндустон, аз президенти Русия Владимир Путин хост, ки ба ҷанги зидди Украина хотима бахшад.

Эмомалӣ Раҳмон дар Бишкек: аз мулоқот бо Пизишкиён то гуфтугӯ бо намояндагони ИМА

Раиcҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ ба Бишкек рафт.

Барои надоштани костюми хокистарранг хонандагонро аз дарси “Сулҳ” ронданд

Навори падаре, ки мегӯяд фарзандашро барои надоштани костюм ва...