3.9 C
Dushanbe

Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Арманистон

Мақомоти олии Тоҷикистон ва Арманистон дар бораи ҳамкориҳои имрӯзу фардои худ дар шаҳри Ереван бо ҳам гуфтугӯ карданд.

Бино ба иттилои расмӣ, 9-уми сентябри соли 2024 Содиқ Имомӣ, муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Мнатсакан Сафарян, муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Арманистон дар Ереван мулоқот кард.

Ба қавли манбаъ, дар рафти ин мулоқот ҷонибҳо ба ҳамкории ду кишвар дар ҷаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ дахл карда, инчунин масоили рӯзмарраи муносибатҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ” низ мавриди баҳсу муҳокима қарор доданд.

Ҳамзамон муовинони вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Арманистон дар ин мулоқот “ба мавзуҳои машваратҳои сиёсӣ, ки 12-13 сентябри соли 2024 дар шаҳри Душанбе доир мегардад”, баҳсу гуфтугӯ карданд.

Гуфта мешавад, Содиқ Имомӣ, муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон барои иштирок дар нишасти “Муколамаи Ереван”, ки имрӯз дар шаҳри Ереван, пойтахти Араманистон оғоз шуд, ба ин кишвар сафар кардааст. Вай дар ҳошияи ин нишаст бо бархе ҳамтоёнаш аз дигар кишварҳо, аз ҷумла бо Никола Стоянович, котиби давлатии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Сербия низ мулоқот кардааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Чаро расонаҳои давлатии Тоҷикистон дар ҳодисаи куштори Қобилҷон сукут ихтиёр карданд?

Ҳодисаи куштори навраси тоҷик Қобилҷони Алиеви 10-сола вокунишҳои зиёдеро дар сатҳҳои гуногун ба вуҷуд овардааст.

Вокунишҳо ба қатли бераҳмонаи навраси тоҷик дар Русия

Мақомоти Тоҷикистон ва мухолифонаш ба ҳамлаи террористии як рус ба мактабе, ки бо қатли бераҳмонаи навраси 10-солаи тоҷик анҷомид, вокуниш карданд.

Венесуэла зери муҳосираи иқтисодии Трамп қарор гирифт

Раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп шоми рӯзи сешанбе, 16-уми декабр фармони муҳосираи тамоми нефткашҳои вурудӣ ва хуруҷии Венесуэларо содир кард.

Тоҷикистон ба Узбекистон барқ медод, ҳоло гашта аз ӯ мехарад

Тоҷикистон то ин дам ба Узбекистон барқ мефурӯхт, вале...