31.9 C
Dushanbe

Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистон ва СММ

Мақомоти олии Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид раванди ҳамкориҳои худро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Бино ба иттилои расмӣ, имрӯз, 29-уми июли соли 2024, Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Мовсее Абелян, муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба кор бо Маҷмаи умумӣ ва мудирияти конфронсҳо дар шаҳри Душанбе мулоқот кард.

Ба қавли манбаъ, дар рафти ин мулоқот ҷонибҳо дар бораи “масоили ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид, ба вежа ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об табодули афкор намуданд.”

Пеш аз ин Мовсее Абелян, муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид бо Эмомалӣ Раҳмон ҳам дар алоҳидагӣ мулоқот карда, ҷонибҳо дар бораи “пешбурди минбаъдаи Раванди оби Душанбе ва соли 2028 дар пойтахти Тоҷикистон баргузор кардани Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба захираҳои об ва дар чорчӯби он баррасии ниҳоии ҳамаҷонибаи иҷрои ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028” суҳбат карда буданд.

Гуфта мешавад, Тоҷикистон дар сатҳи кишварҳои минтақа яке аз давлатҳоест, ки аз ҳама зиёдтар манобеи захираҳои обӣ дорад. Аммо бо ин вуҷуд, ҳамоно беш аз 35 дарсади сокинони кишвар аз надоштани оби тозаи ошомиданӣ дар шаҳру ноҳияҳо танқисӣ мекашанд. Ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон ҳам муддати беш аз 30 соли раҳбариаш ба хотири бартараф кардани ин мушкилоти ҷомеа аз давлатҳо, созмонҳои молӣ, ва дигар созмонҳои бонуфӯзи ҷаҳонӣ маблағҳои зиёде дарёфт кардааст, вале ин мушиклоти мардум ҳамоно кам нашудаанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҳунарманди маъруфи театру синамои тоҷик даргузашт

Рӯзи 27-уми апрели соли ҷорӣ ҳунарманди шинохтаи театру синамо Асланшоҳ Раҳматуллоев дар умри 71-солагӣ аз олам чашм пӯшид.

Кушта шудани 12 нафар дар пайи ҳамлаи Русия ба пойтахти Украина

Шаби 24-уми апрели соли 2025 пойтахти Украина, шаҳри Киев ҳадафи ҳамлаи шадиди низомии Русия қарор гирифт.

Раҳмонов боз дар бораи ҷазо ва маҳдудиятҳо гуфт

Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз ҷазо барои истифодаи "ғайриқонунии нерӯи барқ" ва "напардохтани пули он" гуфт.

Покистон дар камтар аз як моҳ 120 ҳазор афғонро ихроҷ кард

Дар камтар аз як моҳ давлати Покистон ҳудуди 120 ҳазор шаҳрванди Афғонистонро ихроҷ кард.