Хабар
СИЁСАТ
Иттиҳоди Аврупо мизбонии Тоҷикистон аз Владимир Путинро танқид кард
Хадамоти амалҳои хориҷии Иттиҳоди Аврупо (EEAS) рӯзи 22-уми ноябри соли 2026 аз мизбонии дубораи президенти Русия Владимир Путин аз ҷониби Тоҷикистон интиқод кард.
Хадамоти амалҳои хориҷии Иттиҳоди Аврупо (EEAS) рӯзи 22-уми ноябри соли 2026 аз мизбонии дубораи президенти Русия Владимир Путин аз ҷониби Тоҷикистон интиқод кард. Ин ниҳод мегӯяд, Душанбе бо ин иқдом уҳдадориҳои худро дар назди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ (ICC) иҷро накардааст.
Дар изҳороти расмии Хадамоти амалҳои хориҷии Иттиҳоди Аврупо (EEAS) омадааст, ки Владимир Путин рӯзҳои 19 ва 20-уми ноябр бо вуҷуди он ки нисбаташ аз ҷониби ICC ҳукми боздошт содир шудааст, ба Тоҷикистон сафар кард.
Иттиҳоди Аврупо гуфтааст, ки аз он “изҳори таассуф мекунад”, ки Тоҷикистон бори дигар аз Владимир Путин, ки аз ҷониби ICC барои ҷиноятҳои эҳтимолии байналмилалӣ таҳти таъқиб қарор дорад, мизбонӣ кардааст.
Ба гуфтаи Иттиҳоди Аврупо, Путин аз ҷониби Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ ба интиқоли ғайриқонунӣ ва кӯчонидани иҷбории кӯдакон аз қаламравҳои ишғолшудаи Украина ба Русия муттаҳам мешавад. Ин амалҳо, ба гуфтаи ИА, дар заминаи ҷанги Русия алайҳи Украина сурат гирифтаанд.
Дар изҳорот таъкид шудааст, ки Тоҷикистон ҳамчун кишвари узви Оинномаи Рими Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ ӯҳдадор аст бо ин додгоҳ ҳамкорӣ кунад. Иттиҳоди Аврупо мегӯяд, мизбонии Путин бо ин уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон мувофиқат намекунад.
Иттиҳоди Аврупо инчунин ёдовар шудааст, ҷиноятҳое, ки дар доираи Оинномаи Рим баррасӣ мешаванд, набояд беҷазо бимонанд. Аз ҳамаи давлатҳо даъват шудааст, ки бо Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ ҳамкории пурра дошта, аз ҷумла ҳукмҳои боздошти то ҳол иҷронашударо амалӣ намоянд.
Дар идомаи изҳорот, Иттиҳоди Аврупо таъкид кардааст, ки ҳамчунон аз таҳқиқоти Додситони ICC оид ба ҷиноятҳои эҳтимолии содиршуда дар ҷараёни ҷанги Русия алайҳи Украина пуштибонӣ мекунад. Иттиҳод инчунин аз ҳамаи кишварҳои узви Оинномаи Рим хостааст, ки бо додгоҳ ҳамкории пурра дошта бошанд.
Дар охир, Иттиҳоди Аврупо бори дигар аз Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ, инчунин аз истиқлолият, соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии Украина дар доираи марзҳои эътирофшудаи байналмилалӣ пуштибонии худро изҳор кардааст.
Моҳи марти соли 2023 Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ барои боздошти Владимир Путин ҳукм содир карда, ӯро барои ҷинояти эҳтимолии интиқоли ғайриқонунии кӯдакон аз қаламравҳои ишғолшудаи Украина ба Русия таҳти таъқиб қарор дод. Кремл ин айбҳоро рад мекунад ва Русия узви Оинномаи Рими ICC нест.