Мақомоти олии Тоҷикистон ва Ватикан зимни як мулоқот ва вазъи ҳамкориҳои худро баррасӣ карданд.
Бино ба иттилои расмӣ, имрӯз, 10-уми июни соли 2024, Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Кардинал Пиетро Паролин, котиби давлатии Ватикан дар шаҳри Душанбе мулоқот кард.
Ба қавли манбаъ, дар рафти ин мулоқот “ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба, мавзуҳои амнияти минтақавӣ ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро баррасӣ намуданд.”
Гуфта мешавад, тибқи оморҳои расмӣ ҳудуди 98 дарсади мардуми Тоҷикистон пайравони дини ислом мебошанд, аммо тайи беш 30 соли ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон беш аз 70 иттиҳодияҳои динии ғайри исломӣ низ расман дар Тоҷикистон амал мекунанд, ки аксари онҳоро пайравони ҷараёнҳои мухталифи масеҳӣ ташкил медиҳад.
Инчунин Эмомалӣ Раҳмон дар рафти сафари ахири худ ба Итолиё, ки 22-уми апрели соли ҷорӣ оғоз ва наздик ба ҳафта давом кард, 26-уми апрел ҳам бо Попи Рим Франсиск, раҳбари котоликҳои ҷаҳон мулоқот ва гуфтугӯ карда буд.
Ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон дар ҳоле муносибатҳои худро бо Ватикан беш аз пеш густариш додааст, ки дар ду моҳи ахири муборизаи мақомоти кишвар бо баҳонаи ривоҷ додани фарҳанги алайҳи бонувони ҳиҷобпӯш афзоиш ёфта, сару садоҳои зиёдеро дар кишвар ва хориҷ аз он ба бор овардааст.