Баррасии гузориши Тоҷикистон дар Кумитаи зидди шиканҷаи СММ

14-уми апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Женева ҷаласаи 84-уми Кумитаи зидди шиканҷаи Созмони Милали Муттаҳид баргузор гардид, ки дар он гузориши Тоҷикистон оид ба иҷрои муқаррароти Конвенсияи зидди шиканҷа мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Бино ба иттилои Вазорати адлияи кишвар, дар ин ҷаласа ҳайати расмии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президент, Додситонии кул, вазоратҳои корҳои дохилӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, инчунин Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон иштирок намуданд. Ҳайатро вазири адлия Музаффар Ашуриён роҳбарӣ мекард.

Вазорати адлияи кишвар иддао карда, ки зимни баррасии гузориш аъзои Кумитаи зидди шиканҷаи СММ корҳои анҷомдодаи Тоҷикистонро дар самти татбиқи Конвенсия, инчунин пешрафт, навоварию ислоҳот, ки дар самти пешгирӣ ва муқовимат ба шиканҷа ба даст оварда шудаанд, “мусбат” арзёбӣ намуданд.

Ҳамчунин гӯё дар анҷоми ҷаласа Кумита бар зидди шиканҷа ба ҷавобҳои пешниҳоднамудаи ҳайати Тоҷикистон, аз ҷумла ба ислоҳоти институтсионалӣ, такмили қонунгузорӣ, амалияи татбиқи ҳуқуқ ва пешниҳоди омори дақиқу муфассал “баҳои баланд” дода шудааст.

Дурустии гуфтаҳои Вазорати адлияро намешавад аз ҷойи дигар тасдиқ кард, чун дар сомонаи Кумитаи зидди шиканҷаи Созмони Милали Муттаҳид ба ҷуз замони баргузории ин ҷаласа ва маълумоти умумӣ чизи дигаре дар бораи гузориши Тоҷикистон нашр нашудааст.

Ва ин ҳам дар ҳолест, ки дар қарорҳои қаблии худ Кумитаи зидди шиканҷаи СММ аллакай нисбат ба Тоҷикистон аз беҷазо мондани шиканҷагарон, нокифоя будани мустақилияти таҳқиқот ва шароити нигоҳдории боздоштшудаҳо изҳори нигаронӣ карда буд.

Ҳамзамон созмонҳои байналмилалии ҳифзи ҳуқуқ дар гузоришҳои охири худ қайд кардаанд, ки дар Тоҷикистон ҳолатҳои шиканҷа ва муносибати бераҳмона, бахусус дар марҳилаҳои боздошт ва бозпурсӣ, ҳамоно боқӣ мемонанд. Ба гуфтаи онҳо, таҳқиқи чунин ҳолатҳо бисёр вақт ба ҷавобгарии гунаҳкорон намеорад. Ҳамчунин, механизмҳои назорати мустақил аз болои зиндонҳо ва боздоштгоҳҳо маҳдуд буда, дастрасии вакилони дифоъ ба боздоштшудагон дар марҳилаҳои аввал на ҳамеша пурра таъмин мегардад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҷосусӣ тавассути реклама: дастгоҳҳои “Ал-Ҷазира” ҳадаф қарор гирифтанд

Пажӯҳишгоҳи Citizen Lab ошкор кардааст, ки рекламаҳои интернетӣ барои олуда кардани дастгоҳҳои кормандони “Ал-Ҷазира” ба ҷосусафзор истифода шудаанд.

Тифли дуздидашударо баъди панҷ рӯз пайдо карданд

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, навзоде, ки шаби 11-уми октябр аз як таваллудхона дар Душанбе ғайб зада буд, "сиҳату саломат" пайдо шудааст.

Мулоқот бо СБП: кадом хавфҳои иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ шуданд?

Ҳайати Тоҷикистон рӯзи 13-уми октябр дар Тайланд бо роҳбарияти СБП масъалаҳои сиёсати пулию қарзӣ, рушди низоми бонкӣ ва таҳкими суботи иқтисодиро баррасӣ кард.

Аз тиб то сартарошхона: муҳоҷирон дар Санкт-Петербург аз кор дар чанд соҳа маҳрум шуданд

Дар шаҳри Санкт-Петербург барои муҳоҷироне, ки бо патент фаъолият мекунанд, маҳдудиятҳои нави корӣ ҷорӣ шуд.