Баррасии “ҳуқуқи инсон” байни намояндагони САҲА ва мақомоти Тоҷикистон

Намояндагони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо 20-уми майи соли ҷорӣ бо раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дидору гуфтугӯ карданд.

Дар ин дидор ҳайти САҲА-ро Дабири кулли ин созмон Фаридун Синирлиоғлу раҳбарӣ мекард. Гуфта мешавад, дар мулоқот масъалаҳои марбут ба ҳуқуқи инсон ва ҳамкорӣ дар ченаки инсонӣ баррасӣ гардидааст. Ҷонибҳо доир ба ҳифзи ҳуқуқи инсон, такмили низоми интихоботӣ, таъмини баробарии гендерӣ, пешгирии зӯроварии хонаводагӣ, мубориза бо савдои инсон, рушди сиёсати ҷавонон ва фаъолияти воситаҳои ахбори омма гуфтугӯ анҷом доданд.

Ҳамчунин зимни суҳбат масъалаҳои ҳамкорӣ дар самтҳои низомӣ-сиёсӣ ва иқтисодиву экологӣ, аз ҷумла мубориза бо ҷиноятҳои киберӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, иқтисоди “сабз”, обу иқлим ва технологияҳои рақамӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Гуфта мешавад, Эмомалӣ Раҳмон дар ин дидор таъкид карда, ки Тоҷикистон ба рушди ҳамкорӣ бо САҲА аҳамияти зиёд медиҳад ва мехоҳад барномаҳои амалишаванда ба ниёзҳои мардум мутобиқ бошанд.

Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон солҳои охир барои вазъи ҳуқуқи инсон ва маҳдудияти озодии баён мавриди интиқоди созмонҳои байналмилалӣ қарор мегирад. Ва ҳамчунин ҳамасола мухолифони ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон дар нишастҳои Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар шаҳри Варшава вазъи ҳуқуқу озодиҳои инсон дар Тоҷикистонро шадидан интиқод мекунанд.

Ба гуфтаи нозирон, ин масъала боиси норозигии мақомоти Душанбе шудааст ва Тоҷикистон чанд соли охир дар нишастҳои солонаи САҲА иштирок намекунад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Поёни анъанаи сисолаи муҳоҷират

Сӣ сол аст тамоми системаҳои иқтисоди Тоҷикистон — аз буҷаи хонавода то иқтисоди миллӣ — дар асоси як фарзия сохта шудаанд: Муҳоҷир ҳамеша метавонад ба Русия биравад.

Баҳсбарангезтарин Ҷоми ҷаҳонии футбол оғоз шуд

Рӯзи 11-уми июн Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026, ки пеш аз оғозаш баъзе тимҳои миллӣ, доварон ва варзишгарон бо мушкилот рӯ ба рӯ шуданд расман оғоз гардид.

Боздошти як навраси муҳоҷир дар Русия бо гумони куштор ва сӯиқасд ба ҷони дигарон

Мақомоти тафтишотии Русия аз боздошти як шаҳрванди хориҷии 16-сола бо гумони куштор ва сӯиқасд ба ҷони ду нафар дар вилояти Маскав хабар доданд.

Олмон мехоҳад боз як паноҳҷӯйи дигари тоҷикро истирдод кунад

Мақомоти Олмон рӯзи 8-уми июн паноҳҷӯйи тоҷик, узви Ҷунбиши ислоҳот ва рушд Асадулло Бобоевро ҳамроҳ бо писараш Муҳаммад Бобоев дар шаҳри Крайс Клеве боздошт карданд.