22.9 C
Dushanbe

Посух ба вазири фарҳанг: “Беҳтараш ба кори одамон халал нарасонед”

Коргардони шинохтаи тоҷик Барзу Абдураззоқов ба изҳороти вазири фарҳанг Зулфия Давлатзода дар мавриди иҷозат надодани намоиш “Манқурт. Реквием” вокуниш кард.

Барзу Абдураззоқов дар саҳифаи фейсбукаш дар мавриди изҳороти вазири фарҳанг гуфт, ки посухи вазири фарҳанг аз хулосаи Шӯрои бадеии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, ки 6-уми июн содир шудааст, фарқе надорад.

Ин коргардони шинохтаи тоҷик менависад, ки ин хулоса сатҳи зеҳнӣ ва касбии онҳоеро, ки фарҳанги як халқро дар ихтиёр доранд, инъикос мекунад ва агар чунин ҷавобро на аз Шӯрои бадеии Вазорати фарҳанд, балки аз ягон ташкилоти дигар мегирифт, танҳо табассум мекарду мебахшид.

Коргадон мегӯяд, аз посух мешавад хулоса баровард, ки ҳама чиз тамом шуд ва дар оянда ҳеҷ чиз нахоҳад буд, на театр, на драма, на адабиёт, на одоб, на ахлоқ, на худи фарҳанг!

Барзу Абдураззоқов мегӯяд, посухи худро дар 30 саҳифа баъд аз як рӯзи расман баста шудани намоиш омода кардааст, аммо ба хотири амнияти ҳамаи иштирокчиёни намоиш, маҷбур шудааст нашри онро мавқуф гузорад. “Чун мақомот рӯзноманигор Далери Имомалиро, ки аз се иштирокчии намоишномаи “Манқурт. Реквием” буд, боздошт карданд.”

Дар охири посухаш ин коргардони шинохтаи тоҷик аз Вазорати фарҳанг даъват намудааст, ки беҳтараш ба кори одамон халал нарасонанд ва корро омӯзанд.

Вазири фарҳанг Зулфия Давлатзода

Ёдовар мешавем, ки 12-уми июли соли ҷорӣ вазири фарҳанг Зулфия Давлатзода зимни нишасти хабарӣ ба суоли рӯзноманигорон дар мавриди манъи намоиши “Манқурт. Реквием”-и коргардон Барзу Абдураззоқов гуфт, ки “коргардон аз матни аслии муаллиф Чингиз Айматов дур рафта, ба он иловаҳои худро ворид ва муҳтавои асарро таҳриф кардааст. Намоиш бо чунин шаклу мазмун барои сиёсати имрӯзаи дохиливу хориҷии кишвар ва барои таълиму тарбияи насли наврас қобили қабул дониста нашуд, яъне аз ҷониби шӯрои бадеӣ пазируфта нашуд”. Ин посухи Давлатзода ба хулосаи Шӯрои бадеии Вазорати фарҳанг монанд буд.

Хулосаи Шӯрои бадеии Вазорати фарҳанги ҶТ

Барзу Абдураззоқов рӯзи 12-уми июл ва дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки муҳтавои асари Чингиз Айтматовро дигар накард, балки муҳит ва қаҳрамонҳоро тоҷикӣ кард.

“Мо муҳитро ба Тоҷикистон овардем ва ин фоҷиаи як зани тоҷик бо фарзанди манқурташ буд. Мо ба сиёсат дахл накардем. Мо ҳувияти миллии тоҷиконро таҳлил кардем. Ҳанӯз ба ин назарам, ки манқуртизатсия яке аз масъалаҳои муҳими мардуми мост. Инки мегӯянд, ба сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ созгор нест, тарс аз русҳо аст, ки мабодо хафа нашаванд,” – афзуд ӯ.

Намоиши “Манқурт. Реквием”, аз рӯйи асари маъруфи нависандаи қирғиз Чингиз Айтматов “Дуроҳаи бӯронӣ” дар коргардонии Барзу Абдураззоқов таҳия гардид.

Қарор буд, ин намоишнома 20-уми май дар театри “Падида” рӯйи саҳна меомад. Вале рӯзи 19 май мақомот иҷозаи намоиши онро надоданд.

Ин намоиши Барзу Абдураззоқов, коргардони шинохтаи тоҷик, дар чанд соли охир дар Душанбе буд.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ мақомот соли 2009 низ нагузошта буданд, намоиши “Девонагӣ. Соли 93”, ки ӯ дар театри русии ба номи Маяковскийи шаҳри Душанбе ба саҳна гузошт, идома ёбад.

Барзу Абдураззоқов солҳо боз дар Қирғизистону Қазоқистон ва Узбекистон кор мекунад. Ӯ соли 2013 аввал ба Бишкек рафт ва ду сол пайҳам коргардони беҳтарини Қирғизистон эътироф шуд. Дар гузашта раёсати театри Камоли Хуҷандӣ ва театри ҷавонони Душанберо бар уҳда дошт.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ихроҷи 600 муҳоҷири кории тоҷик аз Корея

Дар давоми камтар аз як моҳи ахир мақомоти Кореяи Ҷанубӣ беш аз 600 муҳоҷири кории шаҳрвнадони Тоҷикистонро аз ин кишвар ихроҷ кардаанд.

Сафари Шавкат Мирзиёев ба Душанбе

Раисҷумҳури Узбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзи 18-уми апрели соли ҷорӣ бо сафари расмӣ вориди пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе шуд.

Тахриби масҷид дар Маскав

Мақомоти дахлдлори Русия дар шаҳри Троитски вилояти Маскав масҷиди Абӯбакрро пурра тахриб карданд.

Боздошти боз як тоҷик дар Русия

Дар шаҳри Твери Русия як гумонбари дигар дар робита ба ҳамлаи террористӣ дар "Крокус Сити Ҳолл"-и Красногорск боздошт шуд.