13.9 C
Dushanbe

Телеграмма бигӯем ё барқия ва ё дурнигор? Баҳси донишмандони забон

Дар шабакаи иҷтимоии фейсбук байни донишмандон ва забонпажӯҳони тоыик баҳси гарме атрофи тарҷума ва баргардони тоҷикии истилоҳи “Телеграмма” ба вуҷуд омадааст.

Дар гурӯҳи фейсбукии “Дуруст бинависем” Абдулқодир Талбаков навиштааст, ки “Теллеграмма бо тарҷумаи барқия ба ман маъқул не ва натавонистам ҳазм кунам, қабул кунам”. Ӯ бо навиштани ин ҷумла аз донишмандони тоҷик Рустами Ваҳҳоб ва Умед Ҷайҳонӣ назар пурсидааст.

Шоир ва адиб Рустами Ваҳҳоб бар ин назар аст, ки телеграмма ба маънои барқия боқӣ бимонад ва истифодаи он дуруст аст. Ӯ мегӯяд: “Барқия дар баробари тилгиром дар забони тоҷикӣ роиҷ шудааст. Вожаи барқ дар баробари маънои электрический, чанд маънои дигарро низ илқо мекунад, ки шояд он боис шуда ин истилоҳ дар забонҳо ҷорӣ шавад, аз ҷумла: суръат, муҷазӣ, зудрасӣ ва муассирии он. Албатта вожаҳои дигаре ҳам мешавад сохт, аммо ҳамин истилоҳро ҳифз кардан ва таҳаммул кардан шояд дар ҳоли ҳозир беҳтар бошад.

Аммо Умед Ҷайҳонӣ, донишманд ва зобонпажӯҳи тоҷик бар ин назар аст, ки телеграммаро арабҳо барқия номидаанд ва дар форсӣ корбурде надорад. Ӯ менависад: “Телеграммаро аз ҳамон оғози пайдоишаш «телегром» гуфтаанд ва он паёмест, ки бо телеграф фиристода ё дарёфт мешавад. Телеграммаро агар ҳарф ба ҳарф баргардон кунем, «дурнигор» мешавад, ки то чанде пеш факсро чунин меномиданд. Акнун ки факсро «намобар» номидаанд, телеграфро метавон «дурнигор» ва паёмашро «дурнигошта» номид.

Аммо Рустами Ваҳҳобу Ҷайҳонӣ пешниҳодҳои якдигарро напазируфтанд. Ҳар яке барои сиҳатии пешниҳодаш далел дорад.

Ҳамчунин як корбари дигар бо номи Ҳасан Бойназаров навишта, ки дар баробари калимаи “Барқия” вожаҳои дигаре ҳам сохта мешавад. “Масалан: “Иттилоияи фаврӣ” ё “Хабарномаи фаврӣ” …. Аммо телеграммаро ҳамчун истилоҳи байналхалқӣ пазируфтаанд.”

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Нигаронии Тоҷикистон аз озору азияти муҳоҷирон дар Русия

Омбудсмени Тоҷикистон аз поймолшавии ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия изҳори нигаронӣ кард.

Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон

Президенти Тоҷикистон дар раъси як ҳайати баландпояи кишвар бо сафари кори озими Туркманистон шуд.

Додгоҳе дар Белгия монеи истирдоди зани тоҷик шуд

Як додгоҳ дар Белгия бо судури ҳукм нагузошт зани тоҷик ба Тоҷикистон истирдод шавад.

Боздошти як гурӯҳе, ки аз муҳоҷирон бо зӯр пул меситониданд

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти як гурӯҳи созмонёфтаи ҷиноӣ хабар дод, ки дар Русия аз ҳамватанони муҳоҷир зӯран пул мегирифтаанд.