28.9 C
Dushanbe

Толибон: Хондани илмҳои дақиқ барои занҳо муносиб нест

Вазири таълими олии Толибон мавлавӣ Муҳаммаднидо Ндим шаби 22-уми декабр дар телевизиони давлатии Афғонистон сабабҳои манъи занҳо аз рафтан ба донишгоҳҳоро шарҳ дод.

Ба гуфтаи ин масъули Толибон, яке аз сабабҳои манъи рафтани духтарон ба донишгоҳҳо дар Афғонистон хориҷ шудани занҳову духтарон аз хона бидуни маҳрам аст, ки он мухолифи шариат аст.

Ҳамчунин ин вазири Толибон омехтагии марду зан ва риоя накардани ҳиҷоби шаръиро аз сабабҳои дигари боздоштани духтарон аз донишгоҳҳо арзёбӣ кард.

Мавлавӣ Муҳаммаднидо Ндим дар идомаи суҳбаташ афзуд, ки мушкили дигаре, ки сабаби манъи рафтани духтарон ба донишгоҳҳо шуда, ин аст, ки баъзе донишкадаҳо ва тахассусҳо, ба монанди муҳандисӣ ва мутахассиси соҳаи кишоварзӣ барои занҳо муносиб нест. “Чун онҳо кори муҳимтару волотаре аз ин тахассусҳо доранд, ки бояд ба он расидагӣ кунанд”, мегӯяд вазири таълими олии Толибон.

Ӯ ҳамчунин тасреҳ кард, ки “Мо дар асл зидди омӯзиш ва ё зидди зан нестем, аммо ин қарор танҳо ба хотири ҳифзи шарафу каромати зан гирифта шудааст.”

Ингуна шарҳу тавзеҳ додани қарори Толибон дар мавриди манъи рафтани духтарон ба донишгоҳҳо сару садоҳои зиёдеро дар дохил ва хориҷи Афғонистон ба бор овардааст. Ҳатто аксари олимони динии дохилӣ ва кишварҳои исломӣ ин қарори Толибонро маҳкум кадаанд.

Аз ҷумла, Ҷамъияти ислоҳ ва рушди иҷтимоии Афғонистон бо нашри изҳороте аз мақомоти Толибон хоста, ки ин қарори худро бекор кунанд, “зеро он ба манофеи динӣ ва миллӣ латма ворид карда, якпорчагии миллатро аз байн мебарад.”

Ҷамъияти ислоҳи Афғонистон, ки чанде пеш фаъолияташ аз ҷониби Толибон боздошта шуд, пешниҳод мекунад, ки “Агар ҳукумат ба вуҷуди мушкилоте дар системаи таълим, ки мухолифи қавонини шаръӣ аст, пай бурда бошад, бояд онҳоро дар раванди кор ислоҳ кунад. Якбора бастани донишгоҳҳо бар рӯи хонумон роҳи ҳалли мушкилот нест.”

Ёдовар мешавем, ки 20-уми декабри соли 2022, мақомоти Толибон бо ирсоли номае ба раҳбарияти донишгоҳҳои хусусӣ ва давлатӣ аз онҳо хостанд, ки таълими духтаронро “муваққатан” боздоранд.

Дар мактубе, ки аз номи Вазорати таҳсилоти олии Афғонистон ба донишгоҳҳои хусусӣ ва давлатӣ фиристода шудааст, таъкид шуда, ки тибқи қарори кобинаи Толибон бояд ба сурати фаврӣ “рафтани духтарон ба донишгоҳҳо то иттилои баъдӣ манъ карда шавад…”

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Корҳои фаҳмондадиҳӣ барои бартараф намудани ифлосии Душанбе

Масъулони шаҳри Душанбе мехоҳанд бо гузарондани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни мардум мушкилии партовҳои пойтахтро бартараф кунанд.

Даргузашти Муҳаммадалии Файзмуҳаммад дар зиндон

Мавлавӣ Муҳаммадалии Файзмуҳаммад, зиндонии сиёсӣ ва узви Раёсати олии ҲНИТ дар умри 65-солагӣ дар зиндон даргузашт.

Наздики ним миллард қарзи “ТАЛКО” аз барқ

Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар ҳузури хабарнигорон номи қарздорон аз барқро эълон кард.

Норасоии омӯзгор мушкили ҳалнашавандаи Вазорати маорифи Тоҷикистон

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон имрӯз, 26-уми июл зимни нишасти матбуотии ниҳодаш аз мушкили норасоии омӯзгорон дар мактабҳои миёна шикоят кард.