11.9 C
Dushanbe

БАТР барои сарфаи нерӯи барқ ба Тоҷикистон 43 млн евро медиҳад

Бонки аврупоии таҷдид ва рушд барои татбиқи лоиҳаи “Кам намудани талафоти нерӯ” ба Тоҷикистон 43 миллион евро кумак мекунад.

Бино ба иттилои Вазорати молияи Тоҷикистон, рӯзи 4-уми декабри соли ҷорӣ дар ин ниҳод созишномаҳои қарзӣ ва грантӣ бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ба имзо расид.

Гуфта мешавад, созишномаҳои мазкур аз ҷониби вазири молияи кишвар Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор ва намояндаи доимии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон Холгер Вифел ба имзо расонида шуданд.

Ба иттилои ин ниҳод, “арзиши умумии созишномаҳои мазкур 43,0 млн евроро ташкил дода, аз он 28,0 млн евро маблағҳои қарзӣ ва 15,0 млн евро маблағҳои грантии Фонди сармоягузории Осиё-Уқёнуси Ороми Иттиҳоди Аврупо мебошад.”

Ҳадафи асосии ин қарзҳо ва грантҳо кумак ба татбиқи лоиҳаи “Кам намудани талафоти нерӯ” буда, дар чорчӯби он навсозии зерсохторҳои ҳисобдорӣ ва насби ҳисобкунакҳои барқӣ дар шабакаҳои тақсимоти нерӯи барқ дар вилоятҳои Хатлон ва Суғд мебошад.

Вазорати молияи Тоҷикистон тафсилоти ин лоиҳаро нашр накардааст ва маълум нест, бо ин маблағ ғайр аз “навсозии зерсохторҳои ҳисобдорӣ ва насби ҳисобкунакҳои барқӣ” боз барои кам кардани талафоти нерӯи барқ кадом корҳоро иҷро мекунанд.

Кумаки БАТР ба лоиҳаи мазкур дар ҳолест, ки дар тамоми шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон дар ин шабу рӯзҳо маҳдудияти нерӯи барқ ба шиддат ҷорӣ шудааст ва ба мардум дар як шабонарӯз камтар аз 2-3 соат барқ дода мешавад. Ба гуфтаи сокинон, чунин маҳдудияти барқ собиқа надоштааст.

Қаблан ниҳодҳои тақсимоти барқ, бахусус масъулони “Барқи тоҷик” борҳо гуфта буданд, ки аҳолӣ аз барқ қарздор аст ва талафоти нерӯ аз ҷониби аҳолӣ зиёд ба чашм мехӯрад. Ба гуфтаи коршиносон, масъулон пайваста аҳолиро барои сарфаи нерӯи барқ тавсия медиҳанд, дар ҳоле ки барқ қариб ки вуҷуд надорад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҳабси пешакии се иштирокчии занозании гурӯҳӣ дар Варшава

Додгоҳи ноҳияи Воляи шаҳри Варшаваи Лаҳистон се иштирокчии занозании гурӯҳии муҳоҷирони тоҷик дар назди яке аз нуқтаҳои сӯзишвориро барои семоҳӣ ба ҳабси пешакӣ гирифт.

Кумитаи тафтишотии Русия роҳҳои бекор кардани шаҳрвандиро меҷӯяд

Мақмоти Кумитаи тафтишотии Русия талош доранд, рӯйхати асосҳои бекор намудани шаҳрвандии Русия барои зодагони кишварҳои хориҷиро васеъ кунанд.

Боздошти як мақоми баланди ВКД бо иттиҳоми қаллобӣ

Як мақомдори баланди Раёсати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ҳамроҳи як ҳамкораш бо иттиҳоми қаллобӣ боздошт шуданд.

Ҷангро Амрико шуруъ кард, аммо кӣ онро хотима медиҳад?

Раҳбари Инқилоби исломии Эрон тайи ҳамлаи мушакии муштараки Амрико ва Исроил ба ин кишвар кушта шуд.