Беш аз $100 млн сармоягузории Бонки ҷаҳонӣ ба соҳаи кишоварии Тоҷикистон

Бонки ҷаҳонӣ тасмим дорад, имсол дар соҳаи кишоварзии Тоҷикистон 108 миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ кунад.

Рӯзи 7-уми майи соли ҷорӣ вазири кишоварзии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода бо директори минтақавии Департаменти Аврупо ва Осиёи Марказии Бонки ҷаҳонӣ Самеҳ Ваҳба ва роҳбари намояндагии доимии ин ниҳод дар Тоҷикистон Хозим Иброҳим Ҳанбал мулоқот анҷом дод.

Ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати кишоварзӣ, дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкорӣ дар бахши кишоварзӣ, таъсиси марказҳои агрологистикӣ, мутобиқсозии соҳа ба тағйирёбии иқлим ва коҳиши паёмадҳои хушксолиро баррасӣ карданд. Ҳамчунин, масъалаи дастгирии соҳаи илм ва таҳқиқоти аграрӣ низ дар меҳвари гуфтугӯ қарор доштааст.

Гуфта мешавад, ки таваҷҷуҳи махсус ба дастгирии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншо Шоҳтемур, инчунин рушди имкониятҳои истеҳсол ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ зоҳир шудааст.

Масъули Бонки ҷаҳонӣ Самеҳ Ваҳба омодагии ин бонкро барои идомаи ҳамкорӣ ва роҳандозии тарҳу барномаҳои нави соҳаи кишоварзӣ таъкид намудааст.

Тибқи иттилои Вазорати кишоварзӣ, Бонки ҷаҳонӣ дар доираи “Лоиҳаи баланд бардоштани устувории бахши кишоварзӣ” барои Тоҷикистон 108 миллион доллар ҷудо кардааст. Мақомот мегӯянд, ки ин тарҳ то кунун натиҷаҳои назаррас ба бор овардааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Эмомалӣ Раҳмон дар Бишкек: аз мулоқот бо Пизишкиён то гуфтугӯ бо намояндагони ИМА

Раиcҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ ба Бишкек рафт.

Барои надоштани костюми хокистарранг хонандагонро аз дарси “Сулҳ” ронданд

Навори падаре, ки мегӯяд фарзандашро барои надоштани костюм ва...

Оғози ҳамлаҳои нав байни Амрико ва Эрон

Таниш миёни ИМА ва Эрон дубора авҷ гирифт. Нерӯҳои Амрико ду партобгари мушакии Сипоҳи посдорони Инқилоби исломиро дар ҷазираи Лорак ҳадаф қарор доданд.

Роғун: Сохтмон ё кӯлоҳбардории аср ва ояндаи норӯшани он

НОБ-и Роғун, бузургтарин сохтмони таърихи кишвар, ки аз худи...