Дар чорчӯби Қонун “Дар бораи авф” рӯзи 10-уми июл беш аз 1000 маҳкумшуда аз маҳбаси маъруф ба “Якум советский” дар шаҳри Душанбе ба озодӣ баромаданд.
Раванди иҷрои қонуни авф аз субҳи имрӯз оғоз гардида, наздикону пайвандони маҳкумшудагон барои пешвози онҳо назди муассисаи ислоҳӣ ҷамъ шуданд. Бо вуҷуди гузашти чанд соат, мақомоти расмӣ то ҳол дар бораи теъдоди дақиқи афвшудагони ин маҳбас маълумоти расмӣ ироа накардаанд.
Зиндони “Якум советский” яке аз калонтарин муассисаҳои ислоҳии кишвар ба шумор меравад. Дар ин ҷо ҳамчунин чанд рӯзноманигор, блогер ва нависандаи зиндонӣ, аз ҷумла Далери Имомалӣ, Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Завқибек Саидаминӣ, Аҳмади Иброҳим ва Абдуқодири Рустам адои ҷазо мекунанд. Ҳанӯз маълум нест, ки оё онҳо низ ба рӯйхати афвшудагон дохил шудаанд ё не.
Ин дувумин марҳилаи татбиқи қонуни авф дар рӯзҳои охир аст. Рӯзи 6-уми июл низ аз як қатор муассисаҳои ислоҳии Тоҷикистон 2979 нафар, аз ҷумла 297 зан, ба озодӣ баромада буданд. Онҳо аз зиндонҳои Норак, Ваҳдат, Ёвон ва Дӯстӣ озод шуданд.
Қонуни “Дар бораи авф” рӯзи 16-уми июни соли 2026 аз ҷониби Маҷлиси намояндагон қабул гардида, ҳамон рӯз аз ҷониби Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расид. Тибқи ин санад, дар давоми ду моҳ нисбат ба 18 ҳазору 38 нафар маҳкумшуда чораҳои авф татбиқ мешавад. Бар асоси он, қисме аз маҳкумшудагон пурра аз маҳбас озод шуда, барои қисми дигар муҳлати адои ҷазо кам карда мешавад.
Дар ҳамин ҳол, пештар фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ Абру Алимардоншоев аз тарзи татбиқи қонуни авф нисбат ба маҳкумшудагони парвандаҳои ВМКБ интиқод кард. Ба гуфтаи ӯ, аз миёни ҳудуди 300 маҳкумшуда марбут ба ин парванда танҳо ду нафар озод ва муҳлати ҷазои се нафари дигар кам карда шудааст. Ӯ таъкид кард, ки агар қонуни авф бар пояи принсипҳои инсондӯстӣ қабул шуда бошад, бояд нисбат ба ҳамаи шаҳрвандон баробар татбиқ гардад.
