13.9 C
Dushanbe

БЕЧОРАНОЛӢ Ё САНЪАТКОРИИ ”ПЕШВО”

Рӯзи 14 октябри соли 2022 Президенти Тоҷикистон дар нишасти сарони ДММ ва инчунин дар нахустин нишасти сарони кишварҳои минтақа, самити “Осиёи Марказӣ + Русия” иштирок ва баромад намуд.

Акс аз “РИА Новости”

Суханронии Раҳмонуфи ҳамеша чашм ба маърӯза омода ва Раҳмонуфи аз фаҳмаш сӯҳбаткунанда аз замин то осмон фарқ мекард ва ҳамин буд, ки таваҷҷӯҳи нафарони зиёдеро ба худ ҷалб намуд.

Гуфтаҳои пурэҳсосоти Раҳмонуф мазмунан аз ин иборат буд: “Мӯҳтарам Путин! Ба кишварҳои минтақа мисли замони шӯравӣ, чун майдамиллатҳо муносибат накунед. Магар мо ягон қоидаро вайрон кардем? Мо магар бегонаем? Полигонҳои Шуморо чуноне лозим аст, нигоҳ медорем, ғайр аз Русия макони мерафтагӣ надорем ва Шуморо эҳтиром мекунем ва мехоҳем, ки моро ҳам эҳтиром кунед ва дар иқтисодиёти мо маблағ сарф кунед ва барои гузаронидани форумҳои иқтисодӣ ба мамлакати мо раисонро нафиристед ҳам, вазирҳоятонро равон мекардед”.

Бисёриҳо суханронии Раҳмонуфро коҳиши обрӯи Путин ва баъзеҳо ҷасорати Раҳмонуф маънидод кардаанд, ки аз ҳақиқат хело дур менамояд. Коҳиши таъсири Путин дар арсаи ҷаҳонӣ ба ҳамагон маълум, локин дар мавриди “ҷасорати” Раҳмонуф  баъзе иқтибосҳо меорем, то масала равшан гардад. Путин дар таърихи 21.01.2022 ҳангоми нишасти Ҷаласаи Шӯрои Амният, раиси Хадамоти иктишофии хориҷӣ (СВР) Наришкинро маҷбур кард, то забонаш лол гардад.

Яъне, агар Путин суханҳои Раҳмонуфро ҷиддӣ мегирифт, табиати ҷавобгӯияш ранги дигар мегирифт ва дар сурате, ки ба як вазири қудратиаш чунин муомила мекунад, ба Эмомали Шарипович, ки мадюни гузаштаву имрӯзааш ҳаст, чӣ балоеро басараш меовард. Локин ба талабҳои Раҳмонуф мисли хостаҳои қаблиаш муомила намуда, баъди нишаст суханҳои вайро тасдиқ ҳам кард. “Ман мехостам аз он чи ки Эмомалӣ Шарипович гуфт, шурӯъ кунам. Бале, дар ҳақиқат, ман фикр мекунам, ки ӯ дар умум ҳақ аст”.

Аз ин бармеояд, ки дар чунин ҷаласаҳо ба “талбандагии” Раҳмонуф одат кардаанд. “Пешво” чунон сӯҳбат кард, ки гӯё мудири мактаби ноҳияи дурдасте аз вазири маориф хоҳиш мекунад, ки чаро барои мактаббачагони ман китобу дафтар равон намекунед?! Ман чӣ гуноҳ кардам?! Лутфан, гап занед ислоҳ мекунам. Ҷеннифер Муртазашвилӣ, пажӯҳишгари Бунёди Карнегӣ дар твиттер навиштааст: “Ман ин суханрониро ҳамчун як дархост барои кӯмак ва вобастагии бештар мебинам, на даъват ба мустақиллият”.

Ҳақ ба ҷониби Раиси ПМТ- Муҳиддин Кабирӣ аст, ки зимни мусоҳибае доир ба муносибати Раҳмонуф ва Путин чунин гуфта буд: “Раҳбари мухолифини тоҷик муносибати Раҳмону Лукашенко бо Путинро ҳам ба амалкардаи раисони колхоз ташбеҳ кард: “иттифоқан, муносибати онҳо бо ҷаноби Путин ҳам мисли муносибати раисони колхоз бо обком (раиси ҳукумати иҷроияи вилоятӣ дар замони шӯравӣ) аст: Раҳмон ба ӯ тарбузу харбуз тӯҳфа меорад, Лукашенко трактор. Дар навбати худ Путин онҳоро бо кадом як ордену медалҳо қадрдонӣ мекунад”.

Агар баромади омодашудаи Раҳмонуфро дар нишасти “Осиёи Марказӣ + Русия” аз назар гузаронем, равшан мегардад, ки вай дар нишастҳои расмӣ ғайр аз масалаҳои дӯстдоштааш, ки доим дар ҳар ҷаласаҳои дохилу хориҷ матраҳ менамояд: “экстризми диннӣ” , “об шудани пиряхҳо” ва “Афғонистони ҳамсоя” ба дигар масалаҳо ҳаққи дахолат карданро надорад ва гуфтаҳои пурэҳсосу “ҷасурона”-аш дар назди Путин нишонаи оҷизиаш буда, дар доираи  “Хоҷа” ва “шарикони стратегӣ”- аш борҳо такрор мегардидааст.

“Дар минтақаи мо авҷи вобаста ба фаъолияти гурӯҳҳои террористиву  экстримистӣ коҳиш намеёбад, мафкураи радикализми динӣ паҳн шудааст” ё “Мо ба даъватҳои расонидани кӯмаки башардӯстона ба мардуми азияткашидаи Афғонистон шарикем ва мо таъмини кишвари ҳамсояро бо нерӯи барқ басо зарурӣ медонем ва ягон рӯз ҳам қатъ накардем” (иқтибос аз суханронии Раҳмонуф дар нишасти Осиёи Марказӣ + Россия).

Масъулони ширкати “Барқи тоҷик” пас аз ду ҳафта шикояти сокинон тасдиқ карданд, ки дар кишвар маҳдудияти нерӯи барқ ҷорӣ шудааст. Чуноне маълум шуд, масалаҳое, ки ба буҷаи “оила” рабт дорад, аз тарафи “пешво” моҳирона истифода мегардид ва барои касби сармоя ба шаҳрвандони худ лимитро ҷорӣ намуда, ба ҳамсоякишвар қуваи барқро” ягон рӯз қатъ” накарда, мефурӯшад. Ин аст табиат ва” ҷасорат”-и “Пешво”.

Дар таърихи 13 октябр, дар шаҳри Остонаи пойтахти Қазоқистон бо ибтикори Русия, мулоқоти сеҷонибаи роҳбарони Тоҷикистону Русияву Қирғизистон – Э.Раҳмон, В.Путин ва С.Ҷабборов – баргузор гардид. Локин шурӯъи ин мулоқот бисёр сард буд ва ҳам хабарҳои нашршуда дар расонаҳои давлатии ҳар ду кишвар баъди мулоқот баёнгари он аст, ки ҳеҷ тавофуқи ҷиддие дар ин вохӯрӣ ба даст наомадаст.

Нисбати “қаҳрамони”- и Раҳмонуф дар баробари Ҷабборов ва салом накарданаш гуфтанием, ки ин ҳам як намоишкорӣ ва саҳнабозии навбатии   “Пешво” ба ҳисоб меравад. Чунки аз ғуломтабиат интизор шудани ҷасорат ин худфиребии маҳз аст.

Ҳамватани гиромӣ! Аз ёдатон наравад, ки Раҳмонуф дар сӣ соли ҳукуматаш ягон маротиба барои ҳифз ва иззату шарафи шаҳрванди Тоҷикистон ба намояндаи сафорате нотаи эътирозӣ равон накардаст. Локин баъд аз он ки сухангӯи Вазорати хориҷии Қирғиситон ба ордени гирифтаи Раҳмонуф аз тарафи Путин тааҷубашро баён намуда, барои кадом амалҳлояш соҳиби орден шудани ӯро зери суол гузошт, ҳамон лаҳза ба Сафири кишвари ҳамсоя нотаи эътирозӣ супорида шуд. Гузашта аз ин, салом накарданаш ҳам бо Ҷабборов ба хусумати шахсиаш вобаста аст, на барои кушташудагони назди сарҳадӣ.

Бинобар ин, ҳамватаноми гиромӣ, ба “рекламасозон”-и “Пешво” бовар накунед. Мову шумо ӯро дар ин муддати ҳукумати тӯлониаш ба хубӣ шинохтаем. Агар миллати азизи мо камтарин қиматро дар нази Раҳмонуф медошт, дар наздиктарин ҳуҷуми хунини сарҳадӣ, ки қариб сад шаҳрванди кишвар кушта шуда буд, ҳадди аққал, мисли як давлати дурдаст таъзия баён мекард. “Пешво” аз Путин эҳтиром пурсида, хоҳиш мекунад “маро ҳеҷ набошад, мисли як сарвазири афариқоӣ бишиносед ва қадр намоед”, локин фаромӯш кардаст, ки қадру қимати сарвари ҳар давлат аз хизмати вай дар баробари сокинони кишвараш маншаъ мегирад. Ба гуфтаи шайх Саъдии Шерозӣ:

Ту к- аз меҳанти дигарон беғамӣ ,

Нашояд, ки номат ниҳанд одамӣ”

Салмон Саидзода

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Оғози сафари Раҳмонов ба Италия

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон имрӯз, 22-уми апрел ба Италия ва Ватикан сафар кард.

Тоҷикистону Британия муҳоҷирати корӣ ва парвозҳои мустақимро баррасӣ каданд

Вазири корҳои хориҷии Британияи Кабир Дэвид Кэмерон 22-уми апрели соли ҷорӣ дар Душанбе бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард.

Замон ва макони сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо маълум шуд

Сомонаи расмии Ҳукумати Италия бо нашри хабари кӯтоҳе аз мулоқоти сарвазири Итолиё бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Рум иттилоъ додааст.

Тоҷикистон дар се моҳи соли ҷорӣ беш аз $7млн барқ фурӯхт

Тоҷикистон дар давоми се моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 7,2 миллион доллар ба кишварҳои ҳамсоя барқ фурӯхтааст.